Дар чанд ҷумла
Путин аз фишори беруна ба Беларусу Қирғизистон гуфт ва Раҳмон аз ду ташаббуси Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки “талошҳои фишорoварии хориҷӣ” болои Беларус, Қирғизистон ва Молдова “ғайри қобили қабул аст”. Рӯзи 10-уми ноябр, зимни ифтитоҳи ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Путин гуфт, ки Беларус ҳоло “таҳти фишори беруна қарор дорад”.
Давоми се моҳ аст, ки дар Беларус бо талаби истеъфои Александр Лукашенко мардум намоишҳои эътирозӣ барпо мекунанд. Лукашенкоро баъди интихоботи президентии баҳсбарангези 9-уми август баранда эълон карданд, вале мухолифон ва ҳам Ғарб мегӯяд, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ тақаллуб шудааст.
Дар ин ҳама таҳаввулот ва ҳам саркӯби хушунатомези эътирозгарон Маскав аз Минск пуштибонӣ кард. Путин гуфт: “Баъди интихоботе, ки дар кишвари онҳо баргузор шуд, дӯстони беларусии мо таҳти фишори бесобиқа қарор доранд, дар муқобили таҳримҳо ва ҳам амалҳои таҳрикомезе қарор доранд, ки ба сарашон аз роҳи таблиғоту ҷанги иттилоотӣ мерезад”.
Лукашенко қаблан гуфта буд, ки дар пушти эътирозҳои ҷараёндошта дар Беларус Иттиҳоди Аврупо истодааст. Ба иттилои маркази ҳомии ҳуқуқи инсони “Весна” рӯзи 8-уми ноябр полиси Беларус дар шаҳрҳои Минск, Гомел, Витебск, Жлобин ва дигар шаҳрҳо 1024 нафарро боздошт кард. Дар миёни онҳо ҳадди аққал шаш нафарашон журналистон мебошанд. Ба иттилои ин марказ, бархе боздоштшудаҳо дертар озод гардиданд. Дар наворҳои видеоии ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳёфта дида мешавад, ки мардон, аксарашон бо либоси мулкӣ дар тан, эътирозгаронро бо шеваи бисёр бераҳмона дошта ба замин мезананд ва баъдан ба мошини полис бор мекунанд. Бо назардошти чунини вазъият Бритониё ва ИМА ҳамчун роҳи ҳалли буҳрон ба интихоботи нав дар Беларус даъват карданд.
Путин инчунин гуфт, ки ду ҷумҳурии дигари собиқи Шӯравӣ – Қирғизистон ва Молдова ҳамчунин “фишори беруна”-ро эҳсос мекунанд.
Дар Қирғизистон дар пайи эътирозҳои дастаҷамъӣ аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ бӯҳрони сиёсӣ ба амал омад ва президенти он кишвар Сооронбой Ҷеенбеков охири моҳи октябр ба истеъфо рафт. Дар интихоботи президентии 1-уми ноябри Молдова номзади рӯ ба Аврупо Майя Санду баранда шуд ва ҳоло бояд дар даври дуюми интихобот дар муқобили номзади рӯ ба Маскав Игор Додон муборизаро идома диҳад. Ҳарду рӯйдод ба Кремлин писанд набудаанд ва зимни воқеаҳои Қирғизистон кумакҳои молии худро ба ин кишвар муваққатан қатъ карда буд.
Путин инчунин гуфт, ки оташбаси бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ бо миёнҷигии Русия ҳосилшуда бояд роҳро ба сулҳ дар Арманистону Озарбойҷон ва ҳам минтақаи Қафқози Ҷанубӣ боз кунад. Путин афзуд, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой изҳороти муштараке дар заминаи роҳҳои муқобила бо коронавирус қабул мешавад.
Даъвати Тоҷикистон ба пуштибонии ду ташаббус
Вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба таври видеоконфронс баргузор шуд ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз Душанбе истода дар кори он иштирок кард.
Дар суханронии худ Раҳмон даъват кардааст, ки ташаббуси Тоҷикистон дар заминаи ташкили “Маркази доимамалкунандаи зиддимуходиротии Созмони ҳамкории Шонгҳой ва Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро пуштибонӣ кунанд. Ҳанӯз вокуниши кишварҳои узв ба ин даъват маълум нест.
Инчунин бар асоси муқаррароти ин созмон, раҳбарии давраии СҲШ дар соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон гузашт.
Ба узвияти СҲШ Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил ҳастанд. Аксари таҳлилгарон ин эътилофро василаи сиёсии Русия ва Чин мешуморанд. Он дар ибтидо бо номи "Панҷгонаи Шонгҳой" таъсис ёфта, ҳадафаш ҳалли мушкилоти марзи байни Чин ва давлатҳои тозаистиқлоли Шӯравӣӣ пешин буд ва мусоидат кард, ки ин кишварҳо қисме аз қаламравҳои худро ба Чин диҳанд, то масъалаи даъвоҳои марзӣ аз байн равад.
Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мавқеи нозирро дошта, Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои муколамакунандаи шарик ба шумор мераванд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Нерӯҳои Украина ба як коргоҳ дар Русия зарба задаанд
Артиши Украина рӯзи 12-уми ноябр эълон кард, ки нерӯҳояш ба як корхонаи кимиёвӣ дар Ставрополи Русия зарба задаанд.
Ба иттилои Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ин коргоҳ ба ширкати "Лукойл" тааллуқ дорад ва артиши Русияро бо маводи зарурӣ таъмин мекунад.
Маҳсулоти ин ширкат дар таҳияи ҳавопаймоҳои бесарнишин низ истифода мешудааст.
Мақомот дар Русия сӯхторро эътироф ва иддао карданд, ки он дар пайи афтодани пораҳои паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин сар зад.
Вазорати дифои Русия изҳор дошт, ки чаҳор ҳавопаймои бесарнишини украиниро дар фазои Ставропол аз байн бурд.
Ба ҷуз ин, ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Украина изҳор дошт, ки артиши Украина ба анбори лавозимоти ҷангии Русия дар деҳаи Новий Мир дар бахши ишғолшудаи вилояти Донетск зарба задааст.
Аз додситонҳо хостаанд, ки истифоди барқро ба мардум фаҳмонанд
Додситонии кулли Тоҷикистон аз кормандонаш дар шаҳру ноҳияҳои кишвар хостааст, ки маҳала ба маҳалла рафта, бо мардум дар бораи истифодаи дурусти нерӯи барқ суҳбат кунанд.
Ин тасмим дар шабу рӯзест, ки интиқоли нерӯи барқ ба хонаи сокинон бо маҳдудият дастрас мешавад. Иловар бар ин, омадани корманди додситонӣ ба хонаи сокинон метавонад маънои таҳдидомез ҳам дошта бошад ва на ҳама хуш дорад.
Яке аз сокинони шаҳри Душанбе, ки дар ин мулоқот ширкат кардааст, рӯзи 12-уми ноябр гуфт, даъват ба истифодаи сарфакорона вақте мантиқ дорад, ки ба мардум пурра барқ дода шавад.
“Вақте барои чанд соат барқ медиҳанд, сокинон намедонанд, ки чӣ тавр хӯрок пазанд, об гарм кунанд ё хонаашонро гарм кунанд,” – афзуд ӯ.
Додситонӣ як ниҳоде дар Тоҷикистон аст, ки иҷрои дурусти қонунҳоро назорат мекунад.
Моҳи апрели имсол дар Тоҷикистон дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии барқ ҷиноят эълон шуд. Барои дуздӣ ё истифодаи нодурусти барқ аз 27 то 90 ҳазор сомонӣ ё аз 6 то 10 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
"Писари маро куштанд." Эътирози гурӯҳе аз модарон дар Қазоқистон
Даҳҳо зан дар Қазоқистон, ки писарони сарбозашон ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ маъюб ё кушта шудаанд, бо нишони эътироз дар назди маркази қабули шикояти шаҳрвандон дар шаҳри Остона ҷамъ омаданд.
Ин гурӯҳи модаронро қабл аз расиданашон ба Остона кормандони пулис бо ҳар баҳона мехостанд, боздошт кунанд. Баъзеҳоро ба ҷиноятҳои ночиз, ки гуё пештар содир кардаанд, муттаҳам намуданд. Ба дигарон гуфтаанд, ки дар ҷустуҷӯ ҳастанд ва бояд ба шуъбаи пулис ҳозир шаванд.
Ба иддаи ин модарон, мақомоти Қазоқистон намехоҳанд, ки ҳодисаҳои фоҷиабор дар артиш расонаӣ шавад. Сауле Тлеубергенова, модари як сарбози фавтида, гуфт, "писари маро куштанд. Ба манаҳаш ду тир задаанд. Ман хоҳиш не, балки талаб дорам. На барои худам, балки аз номи ҳамаи модарон. Бояд тафтиш одилона сурат бигирад. Қотилон бояд зиндонӣ карда шаванд.”
Кормандони пулис хеле зуд ба маҳалли гирдиҳамоии занон ҳозир шуда, ба модарон гуфтаанд, ки онҳо қонунро вайрон мекунанд. Бо вуҷуди ҳушдорҳо, ин занон барои мулоқот бо вазири мудофиа пойфишорӣ карданд. Онҳо талаби худро дар бораи гузарондани ислоҳоти куллӣ дар артиш ва ба таври ошкоро таҳқиқ кардани мавридҳои кушта ва ё маъюб шудани сарбозон дар миён гузоштанд.
Гулмира Мукаҷонова, модари як сарбози захмӣ, гуфт, "то ба кай мо ин хел хору зор мешавем? То ба кай моро беҳуқуқ мекунанд? Ин ҳукумат мардумро хаста мекунад. Пас, моро бикушед. Чаро мо ин ҳамаро тоқат мекунем?! Чаро ҳуқуқи мо, модарон, ҳифз карда намешавад? Чаро фарзандони мо, ки ба артиш фиристода шудаанд, дар вақти хидмат хору зор мешаванд? Бигӯед, ба ин кӣ хотима медиҳад?”
Дар соати дуюми гирдиҳамоӣ намояндагони Вазорати мудофиаи Қазоқистон ба назди эътирозгарон баромаданд. Онҳо ба суолҳо ҷавоб надода, аз эътирозгарон хостанд, ки ба қабулгоҳи вазорат дароянд. Аммо дар дохил аз занон талаб шудааст, ки суҳбат бояд бе иштироки рузноманигорон гузарад. Дархосте, ки норозигии занонро ба миён овард.
Пас аз гуфтушуниди тӯлонӣ, билохира ба рӯзноманигорон иҷозати иштирок дар суҳбатро доданд. Яке аз хабарнигорон аз муовини вазири мудофиа фаҳмидааст, ки гуё дар Қазоқистон Кумитаи модарони сарбозон амал мекардааст ва бо вазорат ҳамкории наздик доштааст.
Рӯзноманигор Луқмон Аҳмадёров гуфт, “ҳеч яке аз волидоне, ки фарзандашон хидмат кардааст ё дар артиш фавтидааст, ягон намояндаи Кумитаи модарони сарбозонро надидааст. Гузашта аз ин, кумитаи мазкур ба ҳодисаҳои даҳшатборе, чун маргу захмӣ шудани сарбозон ҳеч вокуниш нишон надодааст.”
Ҳарчанд мулоқоти модарон бо масъулон дар шаҳри Остона бенатиҷа анҷом ёфт, аммо он идома пайдо кард. Шоми ҳамон рӯз шаш иштирокдори гирдиҳамоӣ боздошт ва ба идораи пулис бурда шуданд. Нисбат ба онҳо санад тартиб додаву ҷарима бастаанд.
Дертар котиби матбуотии президенти Қазоқистон Руслан Ҷелдибой хабар дод, ки Қосимҷомарт Тоқаев ба додситони кул дастур додааст, муроҷиати модарони србозони фавтидаро баррасӣ ва риояи қонунро дар ҷараёни таҳқиқи ҳодисаҳои фоҷиабор дар артиш арзёбӣ кунад.
Дар занозании мактабхонҳо дар Душанбе як нафар ҷон бохтааст
Дар пайи занозании гурӯҳе аз мактабхонҳо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як кас ҷон бохта, як тани дигар захмӣ шудааст.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 9 уми ноябр рух дода, наврасон ҳангоми муноқиша аз корд истифода бурдаанд.
Ба иттилои пулис, ҳодиса бинобар "баҳси лафзӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ду нафар бо номҳои Р. Н. ва Р. А. сар зада, сипас ҳарду муноқишаи гурӯҳӣ ташкил кардаанд.
Дар натиҷа Р. H. бо корд ба Р. A. зарба зада, ӯро ба ҳалокат расондааст. Як нафар ноболиғи дигар бо номи Ш.Ш. ҳоло бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарист.
Сомонаи хабарии your.tj қаблан навишта шуд, ки ҳодиса дар маҳаллаи маъруф ба 65, дар наздикии мактабҳои рақами 77 ва 78 рух додааст. Ба нақли манбаъ дар муноқиша хонандагони чанд мактаб ширкат доштаанд. Ин сомонаи хабарӣ дар шарҳи ҳодиса навишт, як наврасро ронандаи таксӣ дар ҳолати вазнин пайдо карда, ба беморхона бурдааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки айни замон гумонбар Раҳматшозода Н. дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Занозанӣ миёни наврасон дар ин авохир бештар аз баҳсҳо дар интернет, ба вижа шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз шуда, ба кордзанӣ ва фоҷеа табдил меёбад. Ин муноқишаҳо солҳои охир боис ба куштаву захмӣ шудани чанд хонандаи мактаб шудааст. Дар чунин муноқишаҳо ҷавонон гоҳе аз корду силоҳҳои дигар истифода мекунанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта буданд, ки барои пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо маъракаи ҷустуҷӯ ва дарёфти корд аз хонандагонро ба роҳ монда, дар мактабҳо муҳофиз гузоштаанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, "талафоти нерӯи барқ кам шуд"
Мақомоти тоҷик мегӯянд, баъд аз ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ талафоти нерӯи барқ кам шудааст.
Барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ имсол дар Тоҷикистон аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ карданд.
Бино ба иттилои ниҳоди навтаъсиси Оҷонси назорати давлатии энергетикӣ, дар 9 моҳи соли равон сарфаи беҳуди нерӯи барқ қариб се дарсад коҳиш ёфтааст.
Кормандони ин ниҳод якҷоя бо Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми ноябр дар хиёбонҳои шаҳр ҳамчунин ба сокинон тарзи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқро фаҳмонда, аз онҳо даъват кардаанд, ки барқро беҳуда истифода набаранд.
Ин даъват дар шабу рӯзе сурат мегирад, ки сокинони чанд гӯшаи пойтахт аз он шикоят доранд, ки соатҳо барқ надоранд.
Баъзе аз сокинон, аз ҷумла дар ноҳияи Сино, мегӯянд, зоҳиран дар хонаҳои онҳо ҳам лимити барқ ҷорӣ шудааст ва чанд рӯз боз аз соати 9-и субҳ то 5-6-и бегоҳ бе барқ мемонанд.
Мақомот камбуди барқро дар пойтахти кишвар шарҳ надодаанд.
Суқути як ҳавопаймои низомии Туркия дар марзи Озарбойҷону Гурҷистон
Як ҳавопаймои борбари низомии Туркия дар наздикии сарҳади Озарбойҷон ва Гурҷистон афтодааст.
Вазорати мудофиаи Туркия дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки ҳодиса рӯзи 11-уми ноябр рух дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои C-130 аз Озарбойҷон ба Туркия бармегашт ва дар дохилаш 20 нафар буд.
Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, он "тақрибан 5 километр дуртар” аз марзи Гурҷистон бо Озарбойҷон рух додааст.
Талафот ва сабаби садама маълум нест.
Вазорати дифои Туркия гуфт, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот идома дорад.
Садҳо ронандаи тоҷик дар Санкт-Петербург бекор мондаанд
Пас аз манъи фаъолияти муҳоҷирон дар ширкатҳои таксиронӣ дар Санкт-Петербург, садҳо зодаи Тоҷикистон ин шаҳри Русияро тарк кардаанд.
Ҳукумати Санкт-Петербург аз 8-уми ноябри имсол шаҳрвандони хориҷиро аз ҳаққи рондани таксӣ маҳрум кард. Бар асоси ин қарор, ҳоло ҳазорон муҳоҷир бахусус аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Молдова ва Украина бекор мондаанд.
Чанде аз ронандагони тоҷик рӯзи 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз 7-уми ноябр ширкатҳои таксӣ дастрасии онҳоро ба барномаашон қатъ кардаанд.
Яке аз ин муҳоҷирон, ки 5 сол боз дар ширкати “Яндекс-Такси” кор мекардааст, гуфт, ҳамроҳи ӯ беш аз 1100 муҳоҷири тоҷик фаъолият мекарданд ва аз охири ҳафтаи гузашта тақрибан 40 дарсади онҳо ночор ба ватан баргаштанд.
Баъди ҳамла ба “Крокус” дар соли 2024 дар Русия кору иқомати муҳоҷиронро маҳдуд ва сахт карданд. Дар як соли охир Думаи давлатии Русия бо қабули даҳҳо қонун вуруду иқомат ва фаъолияти муҳоҷирон, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро душвор ва онҳоро ҳарчи бештар беҳуқуқ ва осебпазиртар кард.
САҲА мегӯд, ба нозирони роҳ дар Тоҷикистон дурбин дод
Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе ба милисаҳои тоҷик, бавижа нозирони роҳ дурбинҳое додааст, ки дар бадан ё либос насб карда мешаванд.
Масъулони созмон рӯзи 10-уми ноябр дар иттилоияе гуфтанд, ки ин иқдом дар доираи як тарзи санҷишӣ ва бо ҳадафи шаффофият дар кори маъмурони ҳифзи ҳуқуқ роҳандозӣ шуд.
Дар ҳоли ҳозир ба нозирони роҳ дар Тоҷикистон 24 дурбини наворбардорӣ тақдим шудааст. Бо ин дурбин ё камераҳое, ки дар бадан насб карда мешавад, фаъолияти кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ё сӯҳбату муносибати онҳо бо шаҳрвандон сабт мегардад.
Ташаббускорон интизор доранд, ки истифодаи он бовари ҷомеаро ба ниҳодҳои интизомӣ бештар карда, ба таъмини шаффофият дар кори онҳо мусоидат хоҳад кард.
Ба иттилои дафтари САҲА дар Душанбе, наворҳои сабтшуда бо ҳадафи омӯзиш ва тафтиши дохилӣ истифода хоҳад шуд. Дар бораи паҳлӯҳои ҳуқуқии сабти навор аз сӯйи маъмурони пулис чизе гуфта нашудааст.
Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Амрико ба ҷиноят муттаҳам кардаанд
Пулиси ноҳияи Линколн дар Каролинаи Шимолии Амрико ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ғорати банкоматҳо аз роҳи ҳамлаи сайберӣ (киберӣ) айбдор кардааст.
Расонаҳои Амрико аз қавли пулис хабар доданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда, дигаре бо як шарики эронияш дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Ба иттилои пулис, Нурмуҳаммад Раҳмонзодаи 26-сола ва Фирдавс Раҷабови 35-сола ҳамроҳи Милод Аваздавонии 36-сола, зодаи Эрон, дар моҳи феврали имсол ва пас аз ҳамлаи киберӣ аз банкоматҳои фурӯшгоҳе зиёда аз даҳ ҳазор доллар рабудаанд.
Пулис гуфтааст, замоне аз ҳодиса огоҳ шуд, ки рӯзи 21-уми феврали имсол дар аёлати Мэйн ба банкоматҳои фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ ҳамлаи густардаи киберӣ сурат гирифт. Ин навъи ғоратгариро "ATM jackpotting" меномидаанд, ки бо анҷоми ҳамлаи киберӣ сохтори банкоматро вайрон карда, онро маҷбур мекунанд, то пулҳоро ба берун барорад.
Пулис гуфтааст, Нурмуҳаммад Раҳмонзодаро, ки бо ному насаби сохта дар Амрико ба сар мебурд, моҳе пас аз ҳодиса дар Каролинаи Ҷанубӣ боздошт карданд, вале Фирдавс Раҷабов ва шарики эронии ӯ, Милод Аваздавонӣ, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Мақомоти Амрико онҳоро ба дуздӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ муттаҳам медонанд.
Назари пайвандон ва вакилони дифои ин афрод маълум нест, вале пулис бо нашри акси Фирдавс Раҷабов ва шарики эрониаш аз сокинон хостааст, ҳангоми дидани онҳо ба мақомот хабар диҳанд.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд. Солҳои охир чанде аз онҳо бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла озори ҳамсар, поймоли қоидаи будубош ва пайравӣ аз созмонҳои мамнӯи ифротгароӣ дастгир ва бархе аз ҳудуди Амрико ронда шудаанд.
Трамп аз Би-би-сӣ як миллиард доллар товон талаб кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, барои баргардондани шаъну шараф ва обрӯи худ хостори як миллиард доллар товон аз шабакаи хабарии Би-би-сӣ шудааст.
Би-би-сӣ муттаҳам шудааст, ки суханони Доналд Трампро пеш аз ҳодисаи юриши мардум ба бинои Конгресс дар моҳи январи соли 2021 ба таври нодуруст нашр кардааст.
Вакилони Трамп то рӯзи ҷумъа мӯҳлат додаанд, ки Би-би-сӣ мустанади нашршударо ҳазф кунад, маъзарат бихоҳад ва ба хотири латма задан ба обрӯи президенти Амрико товони муносибе бипардозад.
Дар пайи ин ҷанҷол, раиси умумии Би-би-сӣ ва раиси бахши нашароти ин шабака истеъфо доданд.
Дар таркиш дар шаҳри Деҳлӣ 10 кас ҷон бохт
Дар пайи таркиши як мошин дар шаҳри Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон, даҳ кас кушта ва беш аз сӣ тани дигар захмӣ шуданд.
Ин ҳодиса шоми душанбе дар як минтақаи сераҳолӣ дар наздикии "Қалъаи Сурх" рух додааст.
Тибқи гузоришҳо, ин таркиш ба одамон ва мошинҳои зиёде осеб расонидааст.
Мансабдорони Ҳиндустон гуфтаанд, ки таҳқиқоти худро дар мавриди ин ҳодиса оғоз карданд.
Сабабҳои ҳодиса маълум нест.
Вазири корҳои дохилии Ҳинд гуфт, онҳо дар ҳоли баррасии "ҳамаи эҳтимолҳо" ҳастанд.
Дар Бағдод масъалаи бозгардонии тоҷикҳо аз маҳбасҳои Ироқ баҳс шуд
Мақомоти тоҷик масъалаи бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз зиндонҳои Ироқро бо ҳамтоёни ироқии худ баррасӣ кардаанд.
Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 10 уми ноябр навишт, ки дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо вазири адлияи Ироқ дар Бағдод, вазъи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маҳбасҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд ва мавзӯи овардани онҳо ба кишвар, матраҳ шудааст.
Ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Котиби Шӯрои амният Юсуф Раҳмон зимни ин сафар ҳамчунин бо президенти Ироқ Абдул Латиф Рашид масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар самти сиёсату амниятро баррасӣ кардаанд.
Мақомот нагуфтаанд, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд, аммо моҳи феврали имсол гуфта шуда буд, ки 381 нафарро аз Сурияву Ироқ ба кишвар баргардондаанд ва вобаста ба имкон овардани тоҷикон идома хоҳад кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон авоили соли ҷорӣ гуфта буд, ки бозгардонидани шаҳрвандони кишвар аз гӯшаҳои ҷангзадаи ҷаҳон ва ҳамоиши онҳо ба зиндагии оддӣ, як масъалаи муҳим барои ҳукумат ба ҳисоб меравад..
Ба иттилои расмии мақомоти Тоҷикистон, аз соли 2014 ва баъд аз зуҳури ДОИШ, тақрибан 2 ҳазор нафар ба сафи ин созмон ва дигар гурӯҳҳои тундрав дар Ироқу Сурия пайвастаанд.
Аксари онҳо дар ҷангҳо кушта шуда, зану кӯдаконашон қисман ба Тоҷикистон оварда шуданд ва боқимонда дар зиндонҳои Ироқ ва урдугоҳҳои Сурия ба сар мебаранд.
Маҳбусон ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ борҳо аз шароити нигаҳдории зиндониён дар маҳбасҳои Сурия ва Ироқ шикоят карда буданд.
Тоҷикистон дар 9 моҳ беш аз 3,7 млн тонна семент истеҳсол кардааст
Дар 9 моҳи соли равон истеҳсоли семент дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Бино ба иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, дар ин давра дар кишвар зиёда аз 3,7 миллион тонна семент тавлид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 500 ҳазор тонна ё қариб 16 дарсад зиёд будааст.
Афзоиши истеҳсоли семент дар ҳолест, ки содироти ин маҳсулот ба Узбекистон мушкил шудааст. Мақомоти гумруки Узбекистон аз соли 2024 барои воридоти ҳар тонна семент аз Тоҷикистон 300 доллар талаб мекунанд. Пештар чунин пардохт ҳамагӣ 35 доллар буд.
Аммо бо вуҷуди афзоиши истеҳсолот ва маҳдудиятҳо барои содир намудани он ба хориҷ, нархи як халта семент дар бозори масолеҳи сохтмонӣ ба 55 сомонӣ баробар аст.
Солҳои ахир дар Тоҷикистон асосан бо сармояи Чин чанд корхонаи бузурги тавлиди семент бунёд шуданд, ҳарчанд нигарониҳо дар бораи зарари ин корхонаҳо ба муҳити зист ҷой дорад.
Лавров гуфт, омодаи дидор бо Рубио аст
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ки омодаи мулоқот бо Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико аст. Ин дар ҳолест, ки Русия эълон кардааст, аз шарти аслӣ барои поён додан ба ҷанги Украина ақибнишинӣ нахоҳад кард.
Пеш аз ин гузоришҳое нашр шуда буд, ки Лавров пас аз бекор шудани нишасти Трамп бо Путин дар Будапешт, ҷойгоҳаш дар Кремлро аз даст додааст. Кремл рӯзи 7-уми октябр ин гузоришҳоро рад кард ва Лавров низ рӯзи 9-уми ноябр дар гуфтугӯ бо хабаргузории расмии РИА Новости аз идомаи тамоси худ бо Марко Рубио дар масъалаи Украина хабар дод.
Талошҳои Трамп барои миёнравӣ дар поён додан ба ҷанги Украина то кунун бенатиҷа мондааст ва ӯ моҳи гузашта ба таври ногаҳонӣ нишасти барномарезишудаи худро бо Путин дар Будапешт бекор кард.
Кремл рӯзи 7-уми ноябр гузориши расонаҳои ғарбиро рад кард, ки навишта буданд Лавров пас аз лағви ин нишаст, ҷойгоҳи худро назди Путин аз даст додааст. Ин гузоришҳо пас аз он нашр шуд, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия паёме нашр кард ва таъкид намуд, ки Маскав ҳозир нест аз мавзеи худ дар бораи Украина ақибнишинӣ кунад.
Идеяи баргузории нишасти президентҳои Амрико ва Русия дар Будапешт дар ҷараёни тамоси телефонӣ байни ду раҳбар дар моҳи гузашта матраҳ шуд. Аммо пас аз чанд рӯз Кохи Сафед эълон кард, ки барномае барои мулоқот "дар ояндаи наздик" миёни он ду вуҷуд надорад.
Чанд рӯз баъд Доналд Трамп ҳам гуфт, агар президенти Русия омодаи тавофуқ барои поён додан ба ҷанги Украина набошад, ӯ вақти худро барои дидор бо Путин "талаф нахоҳад кард".
Сергей Лавров рӯзи 9-уми ноябр гуфт, "ман ва вазири корҳои хориҷӣ Марко Рубио зарурати гуфтугӯҳои муназзамро дарк мекунем. Ин гуфтугӯҳо барои баррасии масъалаи Украина аҳамият доранд. Ба ҳамин сабаб, аз тариқи телефон дар тамосем ва дар сурати ниёз омодаи мулоқоти ҳузурӣ ҳастем".
Сенаторҳои амрикоӣ розӣ шуданд, ки таътили ҳукумат поён ёбад
Сенаторҳои Амрико ба созише расиданд, ки бар асоси он, таъмини буҷаи федеролӣ аз сар гирифта мешавад ва ба таътили ҳукумат поён дода хоҳад шуд. Ин созиш миёни сенаторҳои демократ ва ҷумҳурихоҳ рӯзи якшанбеи 9-уми ноябр ба даст омад.
Таътили ҳукумати Амрико 40 рӯз пеш оғоз шуд ва бесобиқатарин дар таърихи ин кишвар ба шумор меравад. Дар натиҷаи таътил шудани ҳукумат, фаъолияти шуморе аз ниҳодҳо фалаҷ шуд ва садҳо ҳазор корманди федерол бемаош мондаанд.
Мақомҳо ҳушдор додаанд, ки дар сурати идомаи ёфтани таътили ҳукумат, сафарҳои ҳавоӣ дар Амрико мумкин аст ба зудӣ "тақрибан фалаҷ шавад", зеро ҳазорон парвоз дар охири ҳафта бекор ё бо таъхир рӯбарӯ шудааст.
Қарор аст имрӯз дар мавриди ин тавофуқ раъйгирӣ сурат бигирад.
Пас аз қабул шудан, ин созиш ба Маҷлиси намояндагон, ки дар назорати ҷумҳурихоҳон аст, фиристода хоҳад шуд ва пас аз тасдиқ дар онҷо, барои имзои президент Доналд Трамп омода мешавад.