СММ гуфтааст, ки агар мардуми бештари дунё ҳашарот бихӯранд, дар ҳалли мушкилоти норасоии ғизои кӯдакон, амнияти ғизоӣ ва ҳатто фарбеҳӣ кумак хоҳанд кард.
Мардуми гӯшаҳои мухталифи Осиё ва Африқо аз қадим ҳашароти мухталифро ба ҳайси маводи ғизоӣ истифода мекунанд, аммо дар кишварҳои ғарбӣ ва дар Тоҷикистон аз истеъмоли ҳашарот ҳазар мекунанд.
Барои 2 миллиард аз сокинони дунё садои дар шабҳо оромибахши чирчирак садои махлуқе ҳам ҳаст, ки барои ғизои хушмазза истифодааш мекунанд. Воқеан дар бисёре аз гӯшаҳои Африқову Осиё, ҳашарот бахше аз хӯроки маъмулии онҳост ва ҳоло FAO, Муассисаи Ғизо ва Кишоварзии Созмони Милал дар гузоришаш гуфтааст, ки ҷомеаҳои ғарбӣ ҳам бояд дигар аз ҳашарот ҳазар накунанд ва аз таъми онҳо баҳра баранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
даъвати СММ ба истеъмоли бештари "гӯшт"-и ҳашарот
Занбӯру нонхӯрак, малаху мӯрчаву кирм ва ҳатто чирчиракҳо дорои сафедаи зиёд ва барои хӯрдан муносиб будаанд ва бар хилофи ҳайвонот дар парвариши онҳо муҳити зист олуда намешавад. Ин аст баъзе аз тавсияҳои гузориши Муассисаи Ғизо ва Кишоварзии Созмони Милал, ки “Ҳашароти хӯрданибоб. Ояндаи ғизо ва амнияти ғизоӣ” унвон дорад.
Ба гуфтаи ин муассиса, парвариши ҳашарот метавонад, дар ҳалли мушкили норасоии ғизоӣ ва камбуди ҳайвоноти дигар мусоидат кунад ва бахусус дар ҳалли мушкили сӯитағзияи кӯдакон, зеро таркиби ҳашарот витаминҳои фаровон дорад. Масалан дар таркиби “гӯшт”-и малах назар ба гӯшти гов сафеда ва оҳану рӯҳ се маротиба бештар будааст. Дар кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ фермаҳои махсуси ҳашаротпарварӣ вуҷуд дорад ва тавлиди васеъи ғизо аз онҳо ба роҳ андохта шудааст.
Ева Мюллер, аз Муассисаи кишоварзии Созмони Милал мегӯяд, то кунун “аз зарфияти ҳашарот барои маводи ғизоӣ ва бахусус маводи ғизоӣ барои ҳайвонот” дуруст истифода нашудааст. Ӯ хушбин аст, ки дар оянда ҳашарот ба дастурхони хонаводаҳо дар кишварҳои ғарбӣ низ “роҳ меёбад” ва аз ҷумла баъзе ресторанҳоро дар ин кишварҳо намуна меорад, ки ғизои таҳияшуда аз ҳашарот ҳам пешниҳод мекунанд. Дигар ин ки вақте ҷопониҳо нахуст ғизои суннатии эшон, яъне суширо ба Аврупо оварданд, мардум дар аввал аз хӯрдани моҳии хом ҳазар мекард, вале ҳоло барои хӯрдани сушӣ долларҳои зиёд мепардозанд.
Хонум Мюллер мегӯяд: ”Дар дарозмуддат, ба андешаи ман, дар кишварҳои ғарбӣ ҳам ҳашаротро хоҳанд хӯрд ва ин чиз хуб аст. Барои онки аҳолии ҷаҳон меафзояд ва тақозо ба ғизову сафеда зиёд мешавад ва ҳашарот як манбаъи алтернативии сафеда аст. Дар ҷомеаҳои ғарбӣ мо ҳамчунин мушкили азими бисёрвазнӣ ва фарбеҳиро дорем, ки ҳашарот ба ҳайси як манбаъи ғизои солим метавонад барои ҳалли он кӯмак кунад.”