Дар Қазоқистон модарони сарбозони ҳалокшуда эътироз карданд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Остона гурӯҳе аз модарони сарбозони фавтида ва маҷрӯҳ дар артиш бо талаби таҳқиқи воқеъбинонаи маргу захмӣ шудани писаронашон дар назди бинои Вазорати мудофиаи Қазоқистон ҷамъ омаданд. Тайи 3 сол дар артиши Қазоқистон 270 сарбоз ҳалок шудаанд ва дар ин миён 86 нафар даст ба худкушӣ задаанд.