"Писари маро куштанд." Эътирози гурӯҳе аз модарон дар Қазоқистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видео дар инҷост

Даҳҳо зан дар Қазоқистон, ки писарони сарбозашон ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ маъюб ё кушта шудаанд, бо нишони эътироз дар назди маркази қабули шикояти шаҳрвандон дар шаҳри Остона ҷамъ омаданд.

Ин гурӯҳи модаронро қабл аз расиданашон ба Остона кормандони пулис бо ҳар баҳона мехостанд, боздошт кунанд. Баъзеҳоро ба ҷиноятҳои ночиз, ки гуё пештар содир кардаанд, муттаҳам намуданд. Ба дигарон гуфтаанд, ки дар ҷустуҷӯ ҳастанд ва бояд ба шуъбаи пулис ҳозир шаванд.

Ба иддаи ин модарон, мақомоти Қазоқистон намехоҳанд, ки ҳодисаҳои фоҷиабор дар артиш расонаӣ шавад. Сауле Тлеубергенова, модари як сарбози фавтида, гуфт, "писари маро куштанд. Ба манаҳаш ду тир задаанд. Ман хоҳиш не, балки талаб дорам. На барои худам, балки аз номи ҳамаи модарон. Бояд тафтиш одилона сурат бигирад. Қотилон бояд зиндонӣ карда шаванд.”

Кормандони пулис хеле зуд ба маҳалли гирдиҳамоии занон ҳозир шуда, ба модарон гуфтаанд, ки онҳо қонунро вайрон мекунанд. Бо вуҷуди ҳушдорҳо, ин занон барои мулоқот бо вазири мудофиа пойфишорӣ карданд. Онҳо талаби худро дар бораи гузарондани ислоҳоти куллӣ дар артиш ва ба таври ошкоро таҳқиқ кардани мавридҳои кушта ва ё маъюб шудани сарбозон дар миён гузоштанд.

Гулмира Мукаҷонова, модари як сарбози захмӣ, гуфт, "то ба кай мо ин хел хору зор мешавем? То ба кай моро беҳуқуқ мекунанд? Ин ҳукумат мардумро хаста мекунад. Пас, моро бикушед. Чаро мо ин ҳамаро тоқат мекунем?! Чаро ҳуқуқи мо, модарон, ҳифз карда намешавад? Чаро фарзандони мо, ки ба артиш фиристода шудаанд, дар вақти хидмат хору зор мешаванд? Бигӯед, ба ин кӣ хотима медиҳад?”

Дар соати дуюми гирдиҳамоӣ намояндагони Вазорати мудофиаи Қазоқистон ба назди эътирозгарон баромаданд. Онҳо ба суолҳо ҷавоб надода, аз эътирозгарон хостанд, ки ба қабулгоҳи вазорат дароянд. Аммо дар дохил аз занон талаб шудааст, ки суҳбат бояд бе иштироки рузноманигорон гузарад. Дархосте, ки норозигии занонро ба миён овард.

Пас аз гуфтушуниди тӯлонӣ, билохира ба рӯзноманигорон иҷозати иштирок дар суҳбатро доданд. Яке аз хабарнигорон аз муовини вазири мудофиа фаҳмидааст, ки гуё дар Қазоқистон Кумитаи модарони сарбозон амал мекардааст ва бо вазорат ҳамкории наздик доштааст.

Рӯзноманигор Луқмон Аҳмадёров гуфт, “ҳеч яке аз волидоне, ки фарзандашон хидмат кардааст ё дар артиш фавтидааст, ягон намояндаи Кумитаи модарони сарбозонро надидааст. Гузашта аз ин, кумитаи мазкур ба ҳодисаҳои даҳшатборе, чун маргу захмӣ шудани сарбозон ҳеч вокуниш нишон надодааст.”

Ҳарчанд мулоқоти модарон бо масъулон дар шаҳри Остона бенатиҷа анҷом ёфт, аммо он идома пайдо кард. Шоми ҳамон рӯз шаш иштирокдори гирдиҳамоӣ боздошт ва ба идораи пулис бурда шуданд. Нисбат ба онҳо санад тартиб додаву ҷарима бастаанд.

Дертар котиби матбуотии президенти Қазоқистон Руслан Ҷелдибой хабар дод, ки Қосимҷомарт Тоқаев ба додситони кул дастур додааст, муроҷиати модарони србозони фавтидаро баррасӣ ва риояи қонунро дар ҷараёни таҳқиқи ҳодисаҳои фоҷиабор дар артиш арзёбӣ кунад.