Ҳамчун як иловаи рангин ба Конфаронси байнулмилалии об дар Душанбе, дар Боғи Ирам намоиши осори косибону ҳунармандони мардумӣ ифтитоҳ ёфт.
Дар ин ҷашнвора намунаҳои заргарӣ, кашидадӯзӣ, гилембофӣ, кандакорӣ дар чӯб, кулолгарӣ ва ҳунарҳои дигар пешкаши тамошобинон ва аз ҷумла меҳмонони Конфаронси байнулмилалии об гардид.
Ин намоишгоҳ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳамчунин дар ин фестивал намоиши маҳсулоти қаннодӣ, таомҳои миллӣ, анвои гуногуни нон, мева, нӯшокиҳо ташкил карда мешавад. Зимнан, дар ин намоишгоҳи фурӯш, ҳунармандон аз камбудӣ харидорон шикоят мекарданд ва як мушкили аслии худро низ коҳиши таваҷҷуҳи мардуми маҳаллӣ ба ҳунарҳои дастии ҳунармандон ном мебурданд.
Ҳалима Раҳимова, сокини 70 солаи деҳаи Қаратоғи ноҳияи Турсунзода аст, ки мегӯяд, 50 сол боз ба гулдӯзӣ машғул аст. Ва ин ҳунари ӯ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он, мисоли Афғонистону Эрон ва Узбакистону Ҳиндустон шуҳрат ёфтааст. Холаи Ҳалима мегӯяд, ин касбро аз модараш омӯхт ва ягона даромади зиндагияш ҳам ҳамин ҳунари гулдӯзист.
Абдуҳаким Муқимов, ки 43 сол боз ба касби кулолгарӣ машғул аст,мегуяд аз касби интихобкардааш розист.
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, шавҳараш солҳо боз бемор аст ва ӯ танҳо тавонист бо ин ҳунар се писрашро соҳибмаълумот ва оиладор кунад. Вай гуфт, ғайр аз ҳунари гулдузӣ боз зардӯзиву кокулбофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, либосдӯзӣ, кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, мӯҳрабофӣ, алочабофӣ, тоқидӯзӣва кӯрпадӯзиро низ метавонад. Ин зани ҳунарманд мегӯяд, гулдӯзиҳои ӯ манзили наварӯсонро оро медиҳад. Аз ин руй дар чанд соли охир бештар гулдӯзӣ мекунад, зеро харидорони ин намуди ҳунари мардумӣ зиёданд ва аксаран низ арӯсонанд. «Дар як моҳ ду ҷойнамоз, (руйпуши курпа) медӯзам, ки ҳар якеш 400 сомонӣ арзиш дорад. Барои зиндагӣ беҳтарин даромад аст. Ин гулдӯзиҳое, ки ман медӯзам, арӯсҳо харидорӣ мекунанд. Ҳар нафаре ки духтари калон дорад аз ҳамин ҷойнамозҳои дӯхтаи ман мехаранд.»
Моҳира, як ҷавондухтари тоҷик, ки ба тозагӣ арӯси кардааст, мегӯяд, ҷиҳози арӯсии ӯ бо гулдӯзиҳои холаи Ҳалима ранги дигар дорад. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: «Ҳар як духтар, ки ба шавҳар мебарояд, бояд ҷойнамозе, ки болои кӯрпаҳо меандозанд, дошта бошад. Боз миёнбанди домодӣ, болиштҳои гулдузӣ ҳам мехарад».
Дар баробари ҳунари гӯлдузӣ, ҳамчунин ҳунарҳои кулолгарӣ, кандакорӣ, чубтарошӣ ва заргарӣ низ дар байни мардуми Тоҷикистон солҳои охир равнақ пайдо кардаанд. Абдуҳаким Муқимов, ки 43 сол боз ба касби кулолгарӣ машғул аст, мегӯяд аз касби интихобкардааш розист. Вай гуфт, чунин намоишгоҳҳо ба зинда мондани ҳунарҳои қадимии мардумӣ мусоидат мекунанд. Ба гуфтаи вай, дар солҳои ахир қисме аз ҳунарҳои қадимии мардумӣ қариб аз байн рафтаст ва ҳоло ин ҳунарҳоро барои насли оянда барқарор кардан зарур шудааст. Ӯ инчунин гуфт, ки ин ҳунарҳо аз таърихи миллати тоҷик амалан бозгӯӣ мекунанд ва ҳунармандонро зарур аст, то онҳоро барои наслҳои оянда мерос гузоранд. «Ман тамоми умр, ба кулолгарӣ машғулам. Ду писарам ҳам ин ҳунарро аз ман омӯхтанд. Хурма, табақ, кӯза месозам. Ҳамаи даромади зиндагиям аз ҳамин ҳисоб аст.»