Хонаҳои сард ва соатҳо маҳрум аз барқ; омодагӣ ба насби бухорӣ ва нигаронӣ аз сиҳатии беморону кӯдакон дар бебарқӣ. Ин тасвир аз ягон деҳаву ноҳияи дурдасти Тоҷикистон нест. Сокинони баъзе аз гӯшаҳои шаҳри Душанбе ин рӯзҳо ҳамин аҳволро доранд.
"Ҳол ҳамин аст? Дар шаҳр ҳам?"
Гулнора Мирзоева, сокини ноҳияи Синои пойтахт, дар хона бемор дорад ва чанд кӯдаки хурдсол дорад. Ӯ мегӯяд, чанд рӯз боз соатҳо барқ надоранд ва ин ҳоли онҳоро душвор мегардонад.
Ӯ гуфт: “Шаби гузашта барқ набуд, бачаҳо хунук хӯрданд. Ҳоло бухорӣ намондем. Ҳезум нест. Барқро пайваста хомӯш намекарданд. Агар ягон душворӣ мешуд, қатъ мекарданд, вале он ҳам се рӯзи пайиҳам не. Илтимос мекунем, ки шабҳо барқро қатъ накунанд, кӯдак дорем.”
Шодигул, сокини дигари ноҳияи Сино, барои нигоҳубини духтараш, ки чанд рӯз пеш тифл ба дунё овард, ба шаҳри Душанбе омадааст. Мегӯяд, навзодро ба хонааш ба Кӯлоб набурд, ки азият накашад. Дар шаҳри Кӯлоб, ба гуфтаи ӯ, барқ бо "лимит" ё маҳдудият дода мешавад, вале ҳоло мегӯяд, дар Душанбе ҳам вазъ чандон беҳтар набудааст.
"Лаби кӯдаки бечора ҳамин шаб каб-кабуд шуд. Дар таҳи пояш оби ҷӯш мондем. Ҳол ҳамин аст? Дар шаҳр ҳам ҳамин хел мешавад? Гуфтем, ки дар шаҳр беҳтар аст, шаҳр аз онҷо бадтар будаст," – афзуд ӯ.
Маҳаллаи Арбобхотун дар ҳудуди ноҳияи Сино аз маконҳои сераҳолии пойтахт аст. Аксар сокинонаш мегӯянд, дар хона ҳезум ва бухорӣ надоранд ва ягона василаи гарм кардани хонаҳо нерӯи барқ аст.
Заррина Узоқова, сокини Арбобхотун, гуфт, "хонаи дуошёна дорем, ҷойи печкамонӣ надорем. Хонаҳо хунук аст. Кӯдак дорам. Даромада намешавад. Мегӯям, ба анбор дароям, хӯрок ё коре кунам, торик аст. Кӯдакҳо ҳам дарс тайёр мекунанд. Дар кӯрпаҳо печонда, бо рӯшании телефон дарс омода мекунанд."
“Шаҳрро аз қишлоқ фарқ карда намешавад”
Пайваста хомӯш шудани барқ бархеро водор кардааст, ки дар фикри истифода аз бухории бобоӣ шаванд. Бебарқӣ дар маҳаллаи Абобхотун, ки ба ҳудуди пойтахт дохил мешавад, ба кори мактаб ҳам таъсир кардааст.
Заррина Узоқова гуфт: "Масалан, ҳамин мактаб, дар ҳар синф 30-40 кӯдак аст. Бояд радиатор монанд, барқ нест. Хунук аст. Берун офтоб, аммо даруни хона хунук аст."
Танҳо ин маҳалла нест, ки дар шаҳри Душанбе рӯзона сокинонаш соатҳо бебарқ мемонанд. Мардуми гӯшаҳои дигари пойтахт ҳам ин шабу рӯз аз маҳдуд будани барқ шикоят мекунанд. Аксар мегӯянд, аз соати 8-и субҳ то бегоҳ барқ надоранд.
“Шаҳрро аз қишлоқ фарқ карда намешавад...” – гуфтааст як корбар дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ фиристод.
Ба муроҷиати баъзе аз сокинон ба шабакаҳои барқ дар маҳалли зисташон гуфтаанд, сабаб садама ва ё таъмири хатҳои барқ аст. Як корманди Идораи барқ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пойтахт аслан маҳдудияти барқ ҷорӣ нашудааст, вале "таъмир барои омодагӣ ба фасли сармо идома дорад ва қатъи барқ шояд ба он вобастааст".
Ин дар ҳолест, ки сокинони ноҳияҳои кишвар мегӯянд, ҳанӯз аз моҳи сентябр бо маҳдудият барқ мегиранд. Бархе дар шабонарӯз ҳамагӣ 6-7 соат барқ доранд. Баъзеи дигар аз он ҳам камтар. Ширкати "Барқи тоҷик" расман ҷорӣ шудани маҳдудияти барқро эълон накардааст.
Гузориши видеоӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Норасоии нерӯи барқ сокинони Душанберо ба танг овардааст