Мақомоти тоҷик мегӯянд, талафоти нерӯи барқ кам шудааст

Мақомоти тоҷик мегӯянд, баъди ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ, талафоти нерӯи барқ кам шудааст.

Барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ имсол дар Тоҷикистон аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ карданд.

Бино ба иттилои ниҳоди навтаъсиси Оҷонсии назорати давлатии энергетикӣ, дар 9 моҳи соли равон сарфаи беҳуди нерӯи барқ қариб 3 дарсад коҳиш ёфтааст.

Кормандони ин ниҳод якҷо бо Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 11 уми ноябр дар хиёбонҳои шаҳр ҳамчунин ба сокинон тарзи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқро фаҳмонда, аз онҳо даъват кардаанд, ки барқро беҳуда истифода набаранд.

Ин даъват дар шабу рӯзе сурат мегирад, ки сокинони чанд гӯшаи пойтахт аз он шикоят доранд, ки соатҳо барқ надоранд.

Бархе аз сокинон, аз ҷумла, дар ноҳияи Сино мегӯянд, зоҳиран дар хонаҳои онҳо ҳам лимити барқ ҷорӣ шудааст ва чанд рӯз боз аз соати 9-и субҳ то 5-6 и бегоҳ бебарқ мемонанд.

Мақомот бебарқӣ дар пойтахти кишварро шарҳ надодаанд.