Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 6-уми ноябр дар Вашингтон, пойтахти Иёлоти Муттаҳида, бо раҳбарони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот мекунад.
Як мавзӯи асосӣ захираҳои бузурги маъданҳои табиӣ ва бахусус металҳои нодир аст, ки сол ба сол талабот ба онҳо зиёдтар мешавад. Дар чанд ҳафтаи гузашта Доналд Трамп дар мавриди истихроҷу коркарди маъданҳои нодир бо Австралия, Малайзия, Тоиланд ва Ҷопон чанд созишнома имзо кард ва акнун ба Осиёи Марказӣ рӯ овардааст.
Захираҳои дастнохӯрда
Кишварҳои Осиёи Марказиро асосан бо захираҳои бузурги нафту гази онҳо мешиносанд, аммо минтақа ҳамчунин маъданҳои дастнохӯрдаи филиззоти нодире дорад, ки барои амнияти миллии Амрико ҳаётӣ ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистону Қирғизистону Туркманистон умед доранд, бо истифода аз маъданҳои нодири худ робитаҳои қавитарро бо Амрико ба роҳ мемонанд, ки ҷӯёи шарикони нав аст.
Ҷозеф Эпстин, мудири Маркази Пажӯҳишии “Турон” дар Донишгоҳи Йорктауни Вашингтон, мегӯяд: “Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо маъданҳои зиёди худ ва сармоягузории афзоянда дар Долони Миёна мавқеи бисёр хубе доранд.” Манзур аз ин долон як роҳи тиҷоратии 6 ҳазору 500 километриест, ки Чинро аз тариқи Осиёи Марказиву Қафқоз бе убури қаламрави Русия ба Аврупо мепайвандад.
Мулоқоти рӯзи 6-уми ноябр пас аз сафари Доналд Трамп ба кишварҳои Осиёву Уқёнусия сурат мегирад, ки дар ҷараёни он ӯ бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин дидор дошт. Суҳбаташон ҳам аз ҷанги тиҷоратӣ байни Чину Амрико буд, ки қарори Чин дар бораи маҳдуд кардани фурӯши маъданҳои нодири стратегӣ онро сахттар кард.
Занҷираи истихроҷу коркарди маъданҳои нодир дар ҷаҳон асосан дар дасти Чин аст. Ҳафтод дар сади истихроҷи ин маъданҳо, 90 дар сади коркарди он ва истеҳсоли 93 дар сади оҳанрабо ҳам дар дасти Чин аст. Баъди он ки Си Ҷинпин ризоият дод, маҳдудияти содироти филиззоти нодирро барои як сол бозмедорад, ҳоло Амрико дар пайи он шуда, ки ин монополияи Чинро дар бозори ҷаҳонӣ бишканад.
Тавозуне дар нуфузи Чину Русия
Ба қавли таҳлилгарон, Осиёи Марказӣ ҳам дар ин кор саҳм дошта метавонад, чун кишварҳои минтақа муштоқи сармоягузории Амрико ҳастанд, то тавозуне дар нуфузи Чину Русия пайдо карда, беш аз ҳад пойбанди ин ҳамсоягони худ нашаванд.
Ҷозеф Эпстин гуфт:
"Ҳам Пекин ва ҳам Вашингтон барои ба даст овардани бартарӣ дар давраи баъдии кашмакашҳои тиҷоратӣ андаке таваққуф мекунанд. Дар ин ҳолат Амрико як санги ҳамвазне барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад, ки мехоҳанд, сиёсатҳои ҳамкориҳои чандқутбии худро нигаҳ доранд."
Баъди бозгашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед дар моҳи январ филиззоти нодир яке аз масъалаҳои бисёр камест, ки дастури кори ҳукумати ӯро шакл додааст. Пажӯҳишгоҳи Геологии Амрико мегӯяд, маъданҳои нодир барои амнияти милливу иқтисоди Амрико фавқулода муҳиманд. Дар байни ин маъданҳои нодир 17 навъи онҳо дар тамоми абзорҳои пешрафта, аз турбинаҳои бодӣ гирифта, то ба телефонҳои ҳушманд ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода мешаванд.
Элданиз Ҳусейнов, раҳбари бахши пажӯҳишии “Найтингейл Интелиҷенс”, як ширкати таҳқиқи хатарҳои сиёсӣ дар ҷаҳон ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мулоқот як роҳи наве барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад, ки дурнамои иқтисодиву дохилиашонро беҳтар кунанд ва босуръат сармояи хориҷии мустақим ба даст биёранд.”
Ба ғайр аз масъалаи сарватҳои минтақа, дар мулоқот ҳамчунин, масоили сармоягузории зербунёдҳо, фурӯши технологияҳои пешрафтаи Амрико ба минтақа, табодули донишҷӯён ва мудирияти манобеи об баррасӣ мешаванд. Раҳбарони худкомаи кишварҳои Осиёи Марказиро солҳост, ки ба зери по кардани ҳуқуқи инсон муттаҳам мекунанд. Зоҳиран ин масъала дар мулоқот чандон матраҳ намешавад, ки сабаби нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ шудааст.
"Дар замоне ки саркӯб шиддат мегирад..."
Ҳю Вилямсон, намояндаи созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар як баёнияи расмӣ гуфт:
"Дар замоне ки саркӯб дар саросари Осиёи Марказӣ шиддат мегирад, ҳуқуқи инсон бояд яке аз бахшҳои асосии нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико бошад. Кишварҳои ҳозир бояд бидонанд, ки агар шарикони байнулмилалиашон муҳити босуботе барои ҳамкорӣ ва сармоя ҷустуҷӯ кунанд, пешрафтҳои ахири иҷтимоӣ ва иқтисодии онҳо дар хатар мемонанд."
Гурӯҳи C5+1 ё кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико соли 2015 таъсис ёфт ва он замон Ҷон Керрӣ, вазири собиқи умури хориҷии Амрико ва ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ дар он ширкат доштанд. Бори дувум аст, ки мулоқот дар сатҳи президентҳо сурат мегирад ва минтақа дар пайи истифодаи босамар аз он аст.
Интизор меравад, Қазоқистон аз ҳукумати Трамп ваъда гирад, ки ҳамроҳ бо Конгресси таҳти назорати ҷумҳурихоҳон қарори Ҷексон-Ваникро беэътибор мекунанд. Санади мазкур аз замони Ҷанги Сард аст ва монеи тиҷорати озод бо кишварҳое мешавад, ки иқтисоди озод надоранду намегузоранд, касе аз онҷо муҳоҷират кунад.
Пеш аз ин нишаст ҳукумати Амрико дар гуфтугӯ барои дастрасӣ ба бузургтарин захираи волфрам дар ҷаҳон аст, ки он ҳам дар Қазоқистон аст ва Вазорати дифои Амрико (Вазорати ҷанг) барои истеҳсоли мушак ва дигар навъи аслиҳа истифода мебарад.
Ба навиштаи хабаргузории Блумберг, Ҳовард Лутник, вазири тиҷорати Амрико байни ширкатҳои амрикоӣ ва қазоқистонӣ барои истихроҷи ду кони бузурги ин маъдан гуфтугӯ ба роҳ мондааст.
Осиёи Марказӣ аз ҳукумати Трамп чӣ мехоҳад?
Чунин ба назар мерасад, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ фурсатеро, ки дар пеш доранд, хуб дарк мекунанд. Шавкат Мирзиёв, раисҷумҳури Узбекистон тарҳи 500-миллиондолларии истихроҷи маъданҳои нодирро муаррифӣ кард. Қосимҷомарт Токаев, раисҷумҳури Қазоқистон имсол ба порлумони кишвараш гуфтааст, ки филиззоти нодир ба “нафти нав” табдил меёбанд ва истихроҷи онҳо бояд “вазифаи асосӣ” бошад.
Аммо бисёре аз майдонҳои маъданҳои нодири дастнохӯрда дар замони шӯравии собиқ арзёбӣ шудаанд ва баъди он дигар таҳқиқу арзёбии тозаеро ҳам надидаанд. Масалан, Қазоқистон моҳи апрел эълон кард, ки майдонҳои азимеро ошкор кардааст, ки 20 миллион тонна маъдани нодир доранд. Ин иттилоъро ҳанӯз ширкатҳои байнулмилалӣ баррасӣ доранд, вале агар дурустиаш собит шавад, Қазоқистон саввумин кишвари ҷаҳон мешавад, ки пас аз Чину Бразилия конҳои азими маъданҳои нодирро дорад.
Вилям Куртни, сафири собиқи Амрико дар Қазоқистон ва пажӯҳишгар дар муассисаи Ранд Корпорейшн, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ хоҳони густариши ҳамкорӣ бо Амрико дар заминаи иктишофу истихроҷ ва фурӯши филиззот ва дигар маъданҳои нодир ҳастанд, аммо бахусус муштоқи сармояи Амрико барои коркарди он мебошанд.
Чин аз он ҷиҳат дар истихроҷу коркарди маъдану металҳои нодир дар ҷаҳон дасти болотаринро дорад, ки пайваста дар ин соҳа сармоя мегузошт ва бо вуҷуди олудагии зиёди муҳити зист иҷоза медод, коркарди он густариш ёбад.
Бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҷалби ширкатҳои хориҷии истихроҷи маъдан қонунҳо қабул кардаанд, аммо ҷалби сармоягузории Амрико ба соҳа камтар кардани монеаҳоро талаб мекунад. Ва ин масъала яке аз мавзуъҳои нишаст будааст.