Президенти Қирғизистон таъсиси як бонкро аз тарафи писари хурдиаш шарҳ дод. Ба гуфтаи Содир Ҷабборов, бонки "Баракат" ширкати хусусист ва барои ҳамин бадие надорад, агар писари ӯ ба тиҷорат машғул шавад.
Ҳурматой дар бунгоҳи тиббӣ дар як деҳаи вилояти Суғд кор мекунад. Ӯ фишори хуни беморонро месанҷад, сӯзандору мегузаронад ва аз ҳоли маризоне хабар мегирад, ки дар хонаашон бистарӣ ҳастанд. Аммо ин ҳамшираи шафқат ба ҷойи кумак ба 300 ҳамдеҳааш ба пахтачинӣ рафт. Чаро?
Як сокини Узбекистон талош дорад писари 23-солаашро аз ҷанги Украина ба ватан баргардонад. Вай мегӯяд, писари ӯро бо фиреб аз Русия ба ҷанги Украина бурдаанд.
Доналд Трамп, президенти ИМА бо раҳбарони Узбекистон ва Қазоқистон дар ҳаҷми 12 миллиард доллар созишномаи тиҷоратӣ имзо кардааст, ки баёнгари амиқтар шудани робитаҳои Кохи Сафед бо минтақаи стратегии Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар талоше барои тарбияи зиндониён ва коҳиши шумораи онҳо дар зиндонҳо, порлумони Узбекистон қонунеро қабул кард, ки мувофиқи он барои ҳар як китоби хондаи маҳбус муҳлати ҷазои ӯ 3 рӯз кӯтоҳ мешавад.
Мақомоти Русия эълон карданд, ки пас аз 10-уми сентябр ба ихроҷи муҳоҷироне оғоз мекунанд, ки дар кишвар ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар Қирғизистон амалиёт ба зидди занони ниқобпӯш идома дорад, ки дар онҷо ба сар кардани ин либоси исломӣ манъ аст. Коре, ки дар Тоҷикистон солҳо пеш анҷом медоданд.
Раҳпаймоии бошукӯҳи низомӣ дар Пекинро, ки ҳадаф аз он намоиши тавоноии низомии Чин буд, тақрибан 20 раҳбари кишварҳои дунё аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон тамошо карданд.
Дар Қирғизистон як пешниҳод дар бораи “чойпулии қонунӣ” ба пизишкон ё табибон баҳси зиёдеро барангехт. Яке аз вазирон гуфтааст, азбаски мардум ба кормандони тиб бо изҳори қадрдонӣ барои муолиҷа чойпулӣ медиҳанд, чаро онро қонунӣ накунанд. Айни замон ин кор навъе ришва ё пора ба ҳисоб меравад.
Вақте падараш ӯро, ба гуфтаи мақомот, ба дуздии шашсад сомонӣ гумонбар донист, ба пулис насупурд, балки пойҳои ӯро бо таноб басту аз паси мошинааш кашид ва ҷараёни суолу ҷавобро ба навор гирифт.
Агарчӣ сиёсатмадорон дар Қазоқистон ҳар сол эъломияи молиёт ё андоз месупоранд, аммо онро ба мардуми одӣ нишон намедиҳанд. Аз имсол вазъ бояд дигар шавад. Вазорати молия гуфтааст, мардум аз ин пас хоҳанд донист, ки вазирон чӣ қадар даромаду сарват доранд.
Ёфтҳои бештар