Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои ширкат дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Доналд Трамп ба Амрико сафар карда буд.
Рӯзи 6-уми ноябр Доналд Трамп ва Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи сафед дидору гуфтугӯ карданд ва миёни ду кишвар чанд созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии ИМА рӯзи 7-уми ноябр хабар дод, ки ширкатҳои ду кишвар бо ҳам дар ҳаҷми беш аз 3 миллиард доллар созишнома имзо кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ин созишномаҳо миллиардҳо доллар ба Амрико фоида оварда, боиси пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ хоҳад шуд.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон-эйр" бо имзои созише бо ширкати амрикоии "Боинг" ваъда додааст, ки бо маблағи 3,2 миллиард доллар ҳавопаймо ва таҷҳизотҳои зарурии ҳавонавардӣ мехарад.
Ширкати “Сомон-Эйр” низ тасдиқ кардааст, ки бо ширкати “Boeing” барои харидории 14 ҳавопаймои пешрафтаи навъи 787 Dreamliner ва 737 MAX қарордод бастааст.
Тоҷикистон бо ширкати "Transparent Earth" барои ҳамкорӣ бо маблағи 32,5 миллион доллар созишнома имзо кардааст. Ин ширкат ваъда додааст, ки ба Тоҷикистон дар истифодаи дурусти захираҳои табиӣ кӯмак мекунад.
"Transparent Earth" бо дастгоҳҳои моҳвораӣ имкони таҳқиқи захираҳои табиии кураи Заминро дорад ва шеваи дурусти истифода аз онҳоро ба кишварҳо нишон медиҳад.
Сомонаи президенти Тоҷикистон низ гуфтааст, ки дар бахши “захираҳои истифоданашуда” бо ширкатҳои амрикоӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Мақомдорони ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Starlink” низ созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд. “Starlink”, як бахши ширкати “SpaceX”-и миллиардер Илон Маск аст, ки хадамоти интернети моҳвораӣ пешниҳод мекунад.
Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА, Тоҷикистон бо ширкатҳои Perplexity AI ва Zypl AI созишнома имзо кардааст, ки ба ниҳодҳои давлатӣ дар истифодаи зеҳни сунъӣ дар умури давлатдорӣ кумак хоҳанд кард.
Ба ширкати амрикоии Coca-Cola, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон фаъолият дорад, 9 миллион доллари дигар сармоягузорӣ хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки дар Тоҷикистон беш аз 70 ширкати амрикоӣ фаъолият доранд ва ҳамкориҳои бештар дар бахши “истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир” ба суди ду кишвар хоҳад буд.
Доналд Трамп бо раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон дар Кохи сафед суҳбат дошт.
Зоҳиран, Иёлоти Муттаҳида дар пайи тақвияти нуфузаш дар Осиёи Марказӣ аст, ки ҳоло Чину Русия дар он ҷойгоҳи бештар доранд. Трамп Осиёи Марказиро як минтақаи бисёр сарватманд номида, гуфтааст, ки ҳамкориҳои Амрико бо панҷ кишвари онро тақвият медиҳад. Айни замон Иёлоти Муттаҳида дар ҷустуҷӯи манобеи нави дарёфти маъданҳои камёбу муҳим аст, ки Чин фурӯшандаи аслии онҳо дар ҷаҳон аст.
Гуфтугӯ