Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди баландошёнаҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ. Мардум аз чӣ нигаронанд?


Дар чанд маҳалла дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди биноҳои баландошёна дар назар аст. Баъзе аз сокинон нигарон ҳастанд, ки манбаи даромад ва корашон аз даст меравад. Аксари онҳо деҳқонӣ мекунанд.

"Замин дар пеши хонаамон аст, 20 сотих. Ҳар чиз мекорем. Лозимияшро ба худ мегирем, зиёдияшро мефурӯшем," – гуфт Тошпӯлод Носиров, сокини маҳаллаи Тӯрдиев дар ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ.

Тошпӯлод Носиров
Тошпӯлод Носиров

Ҳоло дафтарҳои фурӯши хонаҳо аз паҳлӯи роҳи асосӣ, наздик ба заминҳои кишти сокинон ва дар кӯчаву паскӯчаҳо зиёд ба назар мерасанд. Абдумуталиб Қодиров, сокини маҳаллаи Ҳоҷиёни ноҳияи Рӯдакӣ, аз он нороҳат аст, ки ҳосили заҳматҳои чандинсолаашро вайрон намуда, ҷойи он баландошёна месозанд.

Ӯ гуфт: “Ниҳолпарварӣ буд. Чӣ хеле ниҳол мехостанд, мо ёфта медодем. Гулпарварӣ ва ниҳолпарварӣ даромад медод. Зиндагӣ аз ин ҳисоб нағз буд.”

Ин ҳамсуҳбати мо ҳар вақт, ки аз назди сохтмон мегузарад, меваҳои парвардааш ба ёдаш меояд: “На танҳо барои пулаш, ҳамин тавр ҳам нағз медидем. Киви ва банан доштем. Бо ҳавас кор мекардем. Ду дарахти лимон доштам ва дар як сол то 300 кило лимон гирифтам.”

Абдумуталиб Қодиров
Абдумуталиб Қодиров

Абдумуталиб Қодиров мегӯяд, онҳоро бо қарори додгоҳ маҷбурӣ аз хонаҳояшон хезондаанд. Мақомот ва ширкатҳои сохтмонӣ мавзуъро расман шарҳ надоданд. Намояндаи як ширкати сохтмонӣ гуфт, ба соҳибмулкон пешниҳод кардаанд, ки сари масоҳати хона ё замини назди ҳавлияшон ба онҳо пул медиҳанд, то макони сохтмонро холӣ кунанд.

Дар Идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ дар суҳбати бидуни сабт гуфтанд, ҷойи сохтмонҳои нав ба гурӯҳи заминҳои аҳолинишин дохил мешавад, ки қонун манъ накардааст.

Бунёди баландошёнаҳо на танҳо дар маҳаллаҳои ноҳияи Рӯдакӣ, балки дар ноҳияҳои дигар низ дида мешавад. Ин дар ҳолест, ки яке аз таъминкунандагони меваю маҳсулоти кишоварзии Душанбе ҳамин навоҳии атроф мебошанд.

Ноҳияи Рӯдакӣ
Ноҳияи Рӯдакӣ

Иқтисоддони шинохта, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мегӯяд, беҳтар аст, заминҳои нокорам ё нообод барои бунёди баландошёна интихоб мешуданд: “Масалан, шаҳри Истанбул дар болои теппаҳо сохта шудааст. Аз як теппа мефароед ба теппаи дигар мебароед. Ба инҳо даст намерасониданд, дар болои теппаҳо месохтанд. Ҳол он ки теппаҳо хеле зиёданд, хубтар мешуд, ба заминҳои обӣ даст намерасонданд”.

Баҳсҳои печидаи манзилро, ки дар аксар ҳолат ҳам сокинон ва ҳам соҳибкорон худро ҳақ меҳисобанд, дар Душанбеву атрофи он ва минтақаҳои дигари кишвар низ ҷараён доранд.

Соҳибмулкон бештар аз ҷуброни нокифоят ибрози нигаронӣ мекунанд. Вале ин бор аз эҳтимоли аз даст додани ҷои кору манбаи даромадашон низ садо баланд карданд ва мехоҳанд донанд, ки ҳоло дар шабонарӯз то 13-14 соат барқ надоранд, дар баландошёнаҳо чӣ гуна зиндагӣ мекунанд?

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Нороҳатии сокинони маҳаллае дар ноҳияи Рӯдакӣ аз бунёди баландошёнаҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00
XS
SM
MD
LG