Ба гузориши Оҷонси омори Тоҷикистон, аз 810 ҳазор ширкату соҳибкори инфиродӣ, ки дар "Равзанаи ягона"-и Кумитаи андоз сабт шудаанд, зиёда аз 400 ҳазори онҳо фаъолиятро бас кардаанд. Соҳибкор Фарҳод Мирзоев дахолатро ба кораш сабаби қатъи тиҷорат донист.
Тағйири самт?
Дар баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи сармоягузорӣ ба тамосҳои мо посух надоданд. Султон Раҳимзода, раиси Кумита, тобистони имсол дар нишасти хабарӣ сабаби қатъи кори соҳибкоронро тағйири самти фаъолияташон номида буд.
"Аслан қисми зиёди онҳо аз як намуди соҳибкорӣ ба тарзи дигари соҳибкорӣ мегузаранд. Албатта, баъзе соҳибкороне ҳастанд, ки солҳои зиёд кор намекунанд ва барҳамхӯрии корхонаҳо ҳам як вақти муайянро мегирад. Дар маҷмуъ, мо бояд коре кунем, ки барҳамхӯрӣ камтар шавад," – шарҳ дод ӯ.
Бархе соҳибкорон аз дахолат ба корашон ва таваҷҷуҳ нашудан ба мушкилашон суҳбат мекунанд, ки боиси аз кор мондани ширкату корхонаи онҳо гаштааст.
Ҳамсуҳбати мо Фарҳод Мирзоев, соҳибкор аз ноҳияи Данғара, шиква дорад, ки аз тариқи додгоҳ онҳоро аз соҳибии мағозаашон маҳрум кардаанд ва бо ҳамин тиҷораташ қатъ шуд. Вай рӯзи 11-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:
"Соли 2010 мағоза харидем. Ин моликияти якҷояи падару модарам буд. Модари ман дар ягон мурофиа иштирок накард, вале моликиятеро, ки 50 дарсад ба ӯ тааллуқ дорад, бе ҳузураш гирифтанд. Дар ҷои он иншооти дигар месозанд ва бояд ба мо ҷуброн диҳанд, то корро пеш барем."
"Имтиёзҳои ғайриодӣ даркор аст"
Бештари соҳибкорон барои пеш наомадани мушкил дар идомаи корашон ва зери фишор қарор нагирифтан аз суҳбати ошкоро дар мавриди душвориҳои худ парҳез мекунанд.
Абдулло Ашӯров, рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳдудиятҳо дар бахши соҳибкорӣ аз надоштани роҳҳои баҳриву қобилияти харидории сокинон шуруъ мешавад ва душвориҳои дигар дар дохили кишвар изофа мегардад.
"Ҳукуматро зарур аст, ки барои соҳибкорон шароити беҳтар, имтиёзҳои бештар фароҳам биёрад. Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон мушкили зиёд дорад. Имтиёзҳои ғайриодӣ даркор аст. Шароити мо аз кишварҳои дигар фарқ мекунад. Тоҷикистон як низоми мустақили додгоҳӣ надорад. Бино бар ин, бисёре аз ширкатҳо ва сармоягузорон аз сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳарос доранд," -- шарҳ дод Абдулло Ашӯров.
Ҳар гоҳ баҳс дар бораи қатъи кори соҳибкорон равад, мақомот дар нишастҳои расмӣ мегӯянд, сабтином ё ба фаъолият сар кардани соҳибкорон ҳам дар ҳоли афзоиш аст. Тибқи иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол каме бештар аз 23 ҳазор соҳибкори инфиродиву шахсони ҳуқуқӣ ба кор сар кардаанд.
Аз 10-уми январи имсол санҷиши соҳибкорон ба муҳлати ду сол (ба ҷуз мақомоти андоз) манъ шудааст. Дар гузашта низ мақомот борҳо аз пешниҳоди имтиёзу сабукӣ ба соҳибкорон хабар додаанд, вале соҳибкорон баҳраҳои баланди бонкӣ, вуҷуди фасоди молӣ, набудани шаффофияту рақобати солим, инҳисор ё монополияи соҳаҳои сердаромад ва молиёти баландро аз мушкилоту монеаҳо номбар мекунанд.