Дар вилояти Хатлон чор ҷавонро барои, ба гуфтаи мақомот, саҳнасозии сарбозшикор ё "облава" ҷазо додаанд. Рӯзи 3-юми ноябр наворе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад, гурӯҳе аз мардон ҷавонеро дар дохили мошин нигоҳ медоранд.
Муаллифи видео навишта буд, кормандони комиссариати ҳарбӣ як ҷавонро дар вақти тӯй боздошт карда, ба артиш бурданӣ ҳастанд. Вазорати дифои Тоҷикистон ва Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар вокуниш гуфтанд, "видео ба даъвати сарбозон ба артиш рабт надорад" ва як шӯхии тӯёна буд.
Ба гуфтаи шоҳидон ва ҳам мақомоти корҳои дохилӣ, навор рӯзи 2-юми ноябр дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ дар вақти тӯй сабт шудааст. Дар ин навор чанд нафар мошинеро гирд карда, намегузоранд, касе аз дохилаш берун шавад. Муаллифи видео мегӯяд, дар дохили мошин ҷавоне аст, ки дар рӯзи тӯйи арӯсияш маҷбурӣ ба хидмат ҷалб мешавад.
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон 5-уми ноябр гуфт, чор ҷавон дар вақти тӯй Султон Сайдалиевро “бо мақсади саҳнасозӣ ва шӯхиҳои бемаврид” ба мошин савор карда, ба ҷойи дигар бурдаву раҳо кардаанд. Дар навори дафтари матбуоти Вазорати мудофиа ин ҷавонон эътироф мекунанд, ки ин видеоро барои шӯхӣ бо домод сабт карданд. Маълум нест, ин ҷавонон таҳти чӣ шароите ин ҳарфҳоро ба забон овардаанд.
Дар навор ду ҷавон мегӯянд, дар артиш хидмат кардаанд ва дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомот набуданд. Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон гуфт, чор ҷавон барои паст задани шаъну эътибори домод 10 шабонарӯзӣ ҳабс шудаанд. Муаллифи навор, ки ба гуфтаи мақомот бо ин кораш "ба шаъну шарафи артиш доғ овард", ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Видеоро инҷо бинед:
Дар мавсими даъвати имсолаи тирамоҳӣ ин аввалин наворе нест, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбад ва онро ба сарбозшикор ё “облава” рабт медиҳанд.
Рӯзи 21-уми октябр наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, ки дар он гурӯҳе аз сокинони як маҳалла дар Кӯлоб талош кардаанд, аз “облава” ё ҷалби маҷбурии ҷавоне ба сафи артиш ҷилавгирӣ кунанд. Дар ин навор дида мешавад, ки чанд мард бо либоси маъмулии мисли сокинон ҷавонеро маҷбур ба ҷое бурданианд.
Вазорати мудофиа рӯзи 23-юми октябр дар вокунише гуфт, ин ҳодиса ба “облава” ё сарбозшикор рабт надорад”, балки лаҳзаи боздошти як гумонбар дар фурӯши маводи мухаддири “Лирика” аст.
Аммо наздикони Суннатулло Мирзоев, ҷавоне, ки лаҳзаи боздошташ дар навор сабт шудааст, ҳарфҳои мақомотро рад карда гуфтанд, ӯ ба фурӯши маводи мухаддир ягон рабт надорад ва ҳатто носу сигор намекашад.
Хидмат дар артиш барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатмӣ буда, сарпечӣ аз он ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад. Даъват ба артиш бояд тибқи муқаррароти қонун бо фиристодани даъватнома сурат гирад. Ҷалби маҷбурӣ низ аз шеваҳои ғайриқонунии ба артиш бурдани ҷавонон аст, ки солҳо боз дар Тоҷикистон идома дорад.