Ӯро дар як утоқи маъмулии меҳмонхонаи «Варзиш»-и Душанбе пайдо кардем. Самимона сӯҳбат мекард. Худро таърифи зиёд намекард ва ҳама пирӯзиашро аз доди Худованд медонист.
Мавзуна Чориева 17 сол пеш дар як оилаи одие дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Падараш паҳлавон буд ва мехост фарзандонаш низ пайрави ӯ шаванд. Дар ибтидо як сол ӯро падараш дарси гуштӣ дод, аммо Мавзуна ба бокс ё муштзанӣ таваҷҷӯҳу шавқ дошт. Ва аз ҳафтсолагӣ машқи муштзанӣ гирифт.
Падараш орзу дошт, ки духтарашро дар зинаи қаҳрамонӣ бинад, қаҳрамони Тоҷикистон, қаҳрамони Осиё, қаҳрамони ҷаҳон ва қаҳрамони олимпӣ. Аммо ин орзуҳо бо худ ба зери хок бурд.