Мавриди танҳоӣ чӣ хаёлоте дар сар мепарваред?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Инсонҳо гоҳо аз воқеъияти зиндагӣ ба дунёи хаёлоти хуб паноҳ мебаранд. Дар дунёи хаёлот нодор метавонад доротарин фарди дунё бошад, дари идораҳои муҳимро бо нӯки кафш боз кунад, ситораи синамо шавад, бо олиҳаҳои ҳусни ҷаҳон ҳамнишин бошад ва оламро аз фоҷеаҳо наҷот диҳад.