Бо ин ҳол, бузургсолон мегӯянд, афсӯсу пушаймонӣ чандон гарон намеафтад, агар инсон роҳе пайдо карда, иштибоҳи худро ҷуброн намояд. Аммо агар ин корро карда натавонад, шояд инсон як умр пушаймон мондаву иштибоҳи кардаашро дар як гӯшаи қалбаш мисли доғе нигоҳ дорад.
Ҷавонони имрӯза мегӯянд, маъмулан дар интихоби ҳамсафари зиндагӣ баъзан иштибоҳ мекунанд ва аз он пушаймонанд. Ё аз он пушаймонанд, ки дар мактаб хуб таҳсил накардаанд ва ё дӯсти худро бе баҳонае ранҷондаанд. Сафи он теъдод пушаймонҳое низ кам нест, ки волидони худро дар ҷавонӣ азият дода ва ранҷондаанд, вале имрӯз онҳоро наметавонанд пайдо бикунанду узрхоҳӣ бикунанд.