Тарҳи осорхонаи нав, ки бо истифода аз фанновариҳои муосир бунёд шудааст, хеле мунаққаш ороста гардида, иборат аз чаҳор табақа мебошад. Ва мероси осорхона, бо тартиби муайян, шуруъ аз асри сангӣ то таърихи навини кишвар дар толорҳо бо тартиб таҳия гардидааст.
Ба гуфтаи масъулини Осорхонаи миллӣ, осори мавҷудаи осорхона наздики 50 ҳазор адад аст ва айни замон ҳудуди 20 дарсади он ба намоиш гузошта шудааст. Аммо ба қавли онҳо, ҳамаи мероси мавҷудаи осорхона бо навбат ба намоиш бароварда хоҳад шуд.
Ҳамчунин барои такмили захираи осори таъриху фарҳангӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, осори таърихиро аз дасти мардум ба тариқӣ туҳфа мегирад ва низ харидорӣ мекунад.