Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба хок супурда шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷасади Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз бунёдгузорони Ҷумҳурии Исломӣ ва аз умдатарин чеҳраҳои сиёсӣ дар чанд даҳаи гузашта дар Эрон, рӯзи 10 январ дар оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба хок супурда шуд. Оқои Рафсанҷонӣ шоми 8 январ бар асари сактаи қалбӣ дар Теҳрон даргузашт.