Мақомоти расмии Украина иддао доранд, ки Русия зерсохторҳои энергетикӣ ва иншооти ғайринизомиро ҳадаф қарор додааст.
Бино ба хабарҳо, чанд нерӯгоҳи барқӣ осеб дидааст. Метрои Харков аз кор монда, ба шабакаи барқу об ҳам зарар расидааст. Дар шаҳр нуқтаҳои гармшавӣ кушода шудаанд.
Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский, рӯзи 8-уми ноябр гуфт, ки беш аз 450 ҳавопаймои бесарнишин ва 45 мушаки навъҳои мухталиф партоб шудаанд, ки ҳадафи ҳамла ба зиндагии муқаррарӣ, биноҳои истиқоматӣ, иншооти энергетикӣ ва инфрасохтор аст. "Барои ҳар як зарбаи Маскав ба бахши энержии мо бо ҳадафи эҷоди мушкил ба мардуми оддӣ пеш аз зимистон, бояд бо ҷорӣ кардани таҳрими бидуни истисно ба тамоми сохторҳои энергетикии Русия посух дода шавад."- навиштааст, Зеленский дар Telegram.
Ба иттилои шаҳрдори Кременчуге дар пайи зарбаҳои Русия мардум дар ин ҷо аз барқ маҳрум шуданд. Дар вилояти Полтава дар пайи ҳамлаҳои Русия ба кори роҳи оҳан халал ворид шуда, дар роҳе, ки Харковро бо Киев мепайвандад чандин қатора аз ҳаракат бозмонданд.
Дар Днепр бесарнишини Русия ба як бинои истиқоматии нуҳ ошёна бархурдааст. Дастикам ду нафар ҷон бохта, хонаҳо дар ошёнаи дуюм вайрон шудаанд.