Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ки омодаи мулоқот бо Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико аст. Ин дар ҳолест, ки Русия эълон кардааст, аз шарти аслӣ барои поён додан ба ҷанги Украина ақибнишинӣ нахоҳад кард.
Пеш аз ин гузоришҳое нашр шуда буд, ки Лавров пас аз бекор шудани нишасти Трамп бо Путин дар Будапешт, ҷойгоҳаш дар Кремлро аз даст додааст. Кремл рӯзи 7-уми октябр ин гузоришҳоро рад кард ва Лавров низ рӯзи 9-уми ноябр дар гуфтугӯ бо хабаргузории расмии РИА Новости аз идомаи тамоси худ бо Марко Рубио дар масъалаи Украина хабар дод.
Талошҳои Трамп барои миёнравӣ дар поён додан ба ҷанги Украина то кунун бенатиҷа мондааст ва ӯ моҳи гузашта ба таври ногаҳонӣ нишасти барномарезишудаи худро бо Путин дар Будапешт бекор кард.
Кремл рӯзи 7-уми ноябр гузориши расонаҳои ғарбиро рад кард, ки навишта буданд Лавров пас аз лағви ин нишаст, ҷойгоҳи худро назди Путин аз даст додааст. Ин гузоришҳо пас аз он нашр шуд, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия паёме нашр кард ва таъкид намуд, ки Маскав ҳозир нест аз мавзеи худ дар бораи Украина ақибнишинӣ кунад.
Идеяи баргузории нишасти президентҳои Амрико ва Русия дар Будапешт дар ҷараёни тамоси телефонӣ байни ду раҳбар дар моҳи гузашта матраҳ шуд. Аммо пас аз чанд рӯз Кохи Сафед эълон кард, ки барномае барои мулоқот "дар ояндаи наздик" миёни он ду вуҷуд надорад.
Чанд рӯз баъд Доналд Трамп ҳам гуфт, агар президенти Русия омодаи тавофуқ барои поён додан ба ҷанги Украина набошад, ӯ вақти худро барои дидор бо Путин "талаф нахоҳад кард".
Сергей Лавров рӯзи 9-уми ноябр гуфт, "ман ва вазири корҳои хориҷӣ Марко Рубио зарурати гуфтугӯҳои муназзамро дарк мекунем. Ин гуфтугӯҳо барои баррасии масъалаи Украина аҳамият доранд. Ба ҳамин сабаб, аз тариқи телефон дар тамосем ва дар сурати ниёз омодаи мулоқоти ҳузурӣ ҳастем".