Шаҳрдори Маскав қарори боло бурдани нархи "патент"-ро имзо кард

Тибқи қарори шаҳрдории Маскав, арзиши "патент" ё иҷозатномаи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди пойтахти Русия боло бурда шуд. Қарор аз ҷониби шаҳрдори Маскав Сергей Собянин имзо шудааст.

Бар пояи ин қарор, сар аз 1-уми январи соли 2026 муҳоҷирон ба ҷои 8 ҳазору 900 рубл, ба буҷаи ин кишвар ҳар моҳ 10 ҳазор рубл пардохт мекунанд.

Ҳанӯз охири моҳи октябр, Кумитаи сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии маҷлиси вакилони Маскав тарҳи қонун барои боло бурдани арзиши "патент" барои шаҳрвандони хориҷиро омода ва баррасӣ карда буд.

Айн замон, Маскав ягона минтақае нест, ки сар аз соли 2026 нархи патент ё иҷозатномаи корӣ барои муҳоҷирон қимат мешавад.

Масъулин дар вилояти Новосибирск гуфтанд, қимати иҷозатномаи корро 11 дарсад боло мебаранд ва аз соли 2026 нархи патент дар ин вилоят 10 ҳазору 860 рублро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли ҷорӣ 2950 рубл бештар хоҳад буд.

Мақомоти ин вилоят гуфтанд, аз 58 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Новосибирск, 37 дарсадаш тоҷикистониҳо ҳастанд.

Маблағи ҳармоҳа барои иҷозати кор дар Санкт-Петербург низ аз якуми январ аз 6 ҳазор рубли русӣ ба 8 ҳазор хоҳад расид. Ин афзоиш ҳам ба Санкт Петербуг ва ҳам ба вилояти Ленинград дахл дорад, зеро мақомот тасмими муштарак гирифтаанд.

Дар вилояти Иркутск ҳам муҳоҷирон барои патент, ба ҷойи 10 ҳазору 900 рубл бояд 12 ҳазору 231 рубл пардохт кунанд. Қонунгузорон дар Камчатка рӯзи 28-уми октябр эълон карданд, ки қимати патент аз 9 ҳазору 27 рубл ба 13 ҳазору 776 рубл боло бурда мешавад.

Дар вилояти Свердловск қарор шуд, ки барои муҳоҷирон аз соли нав патент бо арзиши 9 ҳазору 500 рубл пешниҳод шавад. Ҳоло нарх 7 ҳазору 500 рубл аст.

Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.

Моҳи гузашта президенти Русия дар мулоқоташ бо сарони ҳизбҳои Думаи давлатӣ масъалаи бекор кардани патент ва тариқи саҳмияҳо ба Русия овардани муҳоҷиронро баррасӣ карда буд.