30-юми октябр дар Русия ва кишварҳои дигари шӯравии собиқ ба унвони Рӯзи ёдбуди қурбониҳои сиёсии солҳои 30-юми асри гузашта ё “таъқиботи сталинӣ” ёд мешавад. Ҳарчанд дар поёни умри шӯравӣ ин яке аз мавзуъҳои доғи расонаҳо ва маҳфилҳои гуногун буд, дар солҳои охир ба гунае фаромӯш шудааст ё дар борааш камтар суҳбат мешавад.
Донишмандони тоҷик ба тарзҳои гуногун ба ин мавзуъ пардохтаанд ва дар бораи омилу сабабҳо ва фитнаҳое, ки он замон мегузашт, ёд кардаанд. Яке аз онҳо адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон аст ва Радиои Озодӣ дар як суҳбати вижа ин мавзуъро бо ӯ дар миён гузошт.
Қисми аввали суҳбатро дар инҷо бинеду хонед
“ТАРС ҶОИ БОВАРӢ БА ҲАҚИҚАТРО ГИРИФТ”
Радиои Озодӣ: Дар ҳар шакле, ки ин падида ба вуҷуд омад ва дар ҳар заминае, ки омилу сабабҳо дошт, таъсири бисёр бад ба наслҳои баъдӣ гузошт.
Абдураҳмони Абдуманнон: “Ба дараҷае, ки мардумро, ақли мардумро кӯр кард. Дигар ба адолату ҳақиқат бовар надоштанд. Тарс ҷойи ҳамаи инҳоро гирифт. Онҳое, ки дар Ҷанги бузурги ватанӣ, сохтмону навсозиҳо иштирок ё қаҳрамониҳо мекарданд, фанат буданд. Фанат ба маънои мусбат. Онҳо мехостанд, ки воқеан як давлати баробарҳуқуқ сохта шавад, зеро дар ҳама ҷо инро мегуфтанд. Лек дар асл ин хел нашуд.”
Радиои Озодӣ: Саҳми худи фарҳангиён дар “ошкор” кардани “ҳаракатҳои зиддисоветӣ” ва “душмани халқ” хондану густарда шудани ин фоҷиа чӣ қадар аст? Нависанда Додоҷон Раҷабӣ дар китоби “Осмони хамида” менависад, ки он замон Иттифоқи нависандагон 28 узв дошт, 14 тан аз болои 14 тани дигар навишта буданд. Чаро ин корро мекарданд?
Абдураҳмони Абдуманнон: “Барои он ки тарсро дар вуҷуди мардум ҷо кунанд. Мардум на танҳо аз ҳукумат, ҳатто аз ҳамкори худаш, аз рафиқи худаш метарсид, ки агар фардо ягон сухане зидди давлату ҳукумат гӯям ё қадаме ноҷо гузорам, навбати ман мерасад. Ҳамин, ки аз якдигар метарсанд, принсипи “на ӯ маро, ман ӯро” ҷорӣ шуд. Барои наҷоти худ.”
Радиои Озодӣ: Аммо мебинем, ки бисёриҳо наҷот наёфтанд. Оё мешавад кирдори инҳоро тавҷеҳ кунем?
Шумо китоби “Тоҷикон”-и Шишовро хондаед, яке аз хислатҳои мардуми моро тарсуӣ гуфтааст. Ҳамин тарсро дар ниҳоди мардуми мо ҳамин хел воқеаҳову марҳилаҳо ҷо карданд, ки беасар намонд.
Абдураҳмони Абдуманнон: “Ҳар кадоми инҳо шахсиятҳои гуногунанд, характерҳои гуногун доштанд. Масалан, Сотим Улуғзода дар охири солҳои 80-ум аз телевизион баромад карда, узр хостанд. На ҳама узр хостанд. Дигаронро намедонам. Аммо тавре гуфтам, аз тарс буд, ки агар ман зудтар ҳамин корро накунам, нисбат ба ман ин кор мешавад.”
“МОШИНИ САРКӮБ ХЕЛЕ ФАЪОЛ ҲАРАКАТ МЕКАРД”
Радиои Озодӣ: Дар ин миён касоне буданд, ки ҷавонмардӣ нишон доданду ҳама азобу шиканҷаро ба дӯш гирифтанд ва дигаронро ба истилоҳи имрӯз “нафурӯхтанд” ё туҳмат назаданд. Аз ҷумла, Рашид Абдулло, ки шумо дар китоби худ ишора мекунед. Яъне, ҷудо аз масъалае, ки муҳит ҳамин гуна шуда буд, масоили шахсиву шахсиятӣ низ буд?
Абдураҳмони Абдуманнон: “Баъзеҳо ҷуръат мекарданд. Вақте Холиқ Мирзозодаро ҳабс карда, ба бозпурсӣ бурдаву мегӯянд ту “шпион ҳастӣ”, мегӯяд, бале, ҳастам. Дигар илоҷ набуд. Пурсидаанд, “чӣ кор бояд мекардӣ?” Гуфтааст, “бояд аз ҷосуси англис мина мегирифтам ва кадом биноеро метаркондам”. Ба суоли он ки “чӣ хел бояд бо ҷосус вомехӯрдед?” посух додааст, ки “рӯзи чоршанбе дар лаби дарёи Варзоб киштии англисҳо бояд меомад, ҳамон разведчики англис маводро бояд ба ман медод.” Муфаттиш ба дараҷае беақл, ки ҳаминро менависад. Бурда ба як полковники сардораш нишон медиҳад. Полковник мегӯяд, дар ин дарё чӣ гуна киштӣ? Мирзозодаро даъват карда, ҷавоб медиҳанд. Далелҳо бисёр ночиз ва хандаовар буданд ва ин нишон медиҳад, ки мошини саркӯб хеле фаъол ҳаракат мекард.
“БАЪЗЕ ИТТИҲОМҲО ХАНДАОВАР БУД”
Радиои Озодӣ: Шумо дар яке аз навиштаҳоятон дар бораи он солҳо як ибораро ба кор мебаред: “мошини қиммасозии гӯшти одам”. Дар воқеъ, фоҷиа ба ин ҳад калон буд?
Абдураҳмони Абдуманнон: “Бале. Баъзе чизҳо ҳатто хандаовар буд. Раҳим Ҳошим як бор 10 сол зиндонӣ шуданд. Соли 1947 раҳо шуданд, соли 1949 боз 10 соли дигар шинонданд. Дар як суҳбат гуфтанд, ки ман сари гӯри Пайрав рафта гуфтам, Пайрав, хайрият ту рафтӣ, вагарна туро савдогар гуфта ин қадар азоб медоданд, ки ман тасаввур карда наметавонам. Бори аввал вақте боздошт мекунанд, ин кас ҷосуси Англия буданро ба гардан намегиранд. Гуфта буданд, чунон мезананд, ки аз пешобам хун мерехт. Бори дуюм чун медонистанд, зуд розӣ мешаванд. Чун падарашон эронӣ буд, мегӯянд ту ҷосуси Эрон. Бале, ман ҷосуси Эрон, пули Чӯлпонаторо бояд метаркондам. Ин як пули чӯбие дар Самарқанд аст, ки танҳо одаму хар мегузарад. Ба ин дараҷа хандаовар буд.”
Радиои Озодӣ: Ин нишон медиҳад, ки гуноҳи одамҳо муҳим набуд?
Абдураҳмони Абдуманнон: “Муҳим тарсонидани мардум буд. Хусусан зиёиҳо. Асосан зиёиҳо қурбон шуданд, сарватмандону дигарон камтар.”
Радиои Озодӣ: Ҳарчанд ба таври пароканда дар ин бора, яъне сарнавишти шахсиятҳои сиёсиву адабӣ ва фарҳангӣ гуфта шудааст, таҳқиқоти бунёдие сурат нагирифт. Оё аз роҳи осебшиносии кору пайкори фарҳангиёни он замон мо метавонем барои ба истилоҳ “ояндаи миллӣ” натиҷагириҳое кунем. Оё ҳамин гуна навъи нигоҳ зарур аст?
Абдураҳмони Абдуманнон: “Албатта. Ҳадди ақал барои ба ҳамон роҳ нарафтан. Ин гуна воқеаҳо дар таърихи халқҳои гуногун, хусусан дар таърихи халқи мо бисёр шудаанд. Бадбахтона, на ҳама вақт мардум ва роҳбароне, ки баъди ин воқеаҳо ба сари кор меомаданд, сабақ гирифтанд. Шумо китоби “Тоҷикон”-и Шишовро хондаед, яке аз хислатҳои мардуми моро тарсуӣ гуфтааст. Ҳамин тарсро дар ниҳоди мардуми мо ҳамин хел воқеаҳову марҳилаҳо ҷо карданд, ки беасар намонд.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Душмани халқ", "ҷосус", "мулло"... Таъқиби сиёсӣ дар Тоҷикистон"ЗАМОНИ ҶАҲЛУ ВАҲШАТ"
Радиои Озодӣ: Кишварҳои дигаре, ки ҳамтақдири мо буданд, дар Осиёи Марказӣ навъи нигоҳашонро ба ин ҳодисаҳо дигар карданд. Мо, ба назар мерасад, қабул мекунем ин фоҷиаро ва ба гунае тавҷеҳ медиҳем, ки гуё ҳамин корҳо зарур буд ва лозим буд, ки дар як давра анҷом шавад.
Абдураҳмони Абдуманнон: “Шояд чораҳое барои тақвияти давлати навсохт лозим буд, ки сиёсати нав дар мафкураи мардум ҷо шавад. Аммо на ба ин тарзи зӯроварӣ ва ваҳшиёна. Муносибати раҳбарияти кадом давлате, ки бошад, агар ба мардумаш чун ба аҳли хонаводаи худаш, фарзандони худаш набошад, ҷомеа ба худию бегона тақсим мешавад.”
Радиои Озодӣ: Як замоне баъзе аз асноди он замон аз зери “муҳри махфӣ” берун шуд, вале боз дубора асноди он замон “сиррӣ” шуд? Чаро?
Абдураҳмони Абдуманнон: “Ман намедонам. Аз махфӣ шудан хабар надорам, лекин даврае кор кардам, солҳои 89-90 буд, дар матбуот ҳама чиз нашр мешуд.
Радиои Озодӣ: Оё тамоюлҳову нишонаҳои он корҳо имрӯз низ ба назар мерасад?
Абдураҳмони Абдуманнон: “Ҷомеа бисёр сертаркиба аст. Ман наметавонам гӯям, ки тарс, ваҳм дар ниҳоди мардуми мо пурра аз байн рафта бошад, хусусан баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ҳаст.”
Радиои Озодӣ: Агар нигоҳатонро ба ин солҳо ва фоҷиаи ин солҳо ҷамъбандӣ кунед, он замонро чӣ ном мемонед?
Абдураҳмони Абдуманнон: “Замони ҷаҳл. Ҷаҳлу ваҳшат. Ҷаҳл на танҳо дар онҳое, ки роҳбарӣ мекарданд, дар мардум ҳам буд. Ваҳшат аз ҳукуматдорон.”
Абдураҳмони Абдуманнон
78-сола. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Соли 1973 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Қасида ва анъанаҳои он дар эҷодиёти Маликушшуаро Баҳор” дар Маскав дифоъ кардааст. Ходими илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ, мудири шуъбаи Энсиклопедияи советии тоҷик, ходим ва муовини раиси Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Академияи илмҳо ва муовини аввали раиси Иттиҳодияи нависандагон буд. Аз соли 2005 то 2010 дар мақоми муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радио кор кардааст. Муаллифи китобҳои “Нуқтаи назар”, “Пиндорҳо ва ингорҳо”, “Ламҳае ба роҳи рӯзгор”.