Аҳмад Шаръ, раҳбари Сурия, ба Амрико сафар кард

Аҳмад Шаръ моҳи сентябри имсол бо мақомдорони амрикоӣ дар Димишқ суҳбат карда буд.

Аҳмад Шаръ, президенти муваққатии Сурия бори нахуст бо сафари расмӣ ба Вашингтон сафар кардааст.

Интизор меравад, ки Аҳмад Шаръ бо Доналд Трамп, президенти ИМА дидору мулоқот кунад.

Соле пеш Аҳмад Шаръ бештар бо номи Абумуҳммади Ҷулонӣ, раҳбари гурӯҳи "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" шинохта мешуд, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон онро созмони террористӣ медонистанд. Аз ҷумла, Амрико ӯро дар феҳрасти афроди хатарнок ҷой дода, барои пайдо карданаш 10 миллион доллар ҷоиза ваъда карда буд.

Пеш аз сафараш ба ИМА бо пешниҳоди ҳукумати Амрико Созмони Милали Муттаҳид ӯро аз феҳрасти таҳримҳо берун кард.

Майкл Уолтс, сафири ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, қабули ин санад "ишораи қавӣ ба он аст, ки Сурия вориди марҳилаи нави таърихӣ шудааст."

Аҳмад Шаръ моҳи декабри соли 2024 Башшор Асадро аз қудрат барканор кард ва идораи ин кишварро бар ӯҳда гирифт.

То соли 2024, беш аз 53 сол Сурияро хонаводаи Асад идора мекард. Башор Асад соли 2000-ум қудратро аз падараш, Ҳафиз Асад мерос гирифт. Падари ӯ аз соли 1971 ҳокими Сурия буд. Аксари созмону кишварҳои ҷаҳон Башор Асадро таҳрим карда, бо ин кишвар робита надоштанд, вале пас аз барканории ӯ, бархӯрди кишварҳои ҷаҳон бо ин кишвар тағйир кард.

Бад ин тартиб, Аҳмад Шаръ аввалин раҳбари Сурия аст, ки ба Амрико сафар мекунад.

Асад Шибанӣ, вазири корҳои хориҷии Сурия гуфтааст, ки Аҳмад Шаръ дар Амрико созишномаи мубориза бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро имзо хоҳад кард.

То кунун 88 кишвари ҷаҳон зери раҳбарии ИМА созиш имзо кардаанд, ки бо ДОИШ мубориза мекунанд.

То соли 2019 ДОИШ қисматҳое аз Сурияро дар ихтиёр дошт, вале ИМА бо шарикони маҳалливу байналмилалиаш маконҳои таҳти ишғоли ин гурӯҳро комилан озод карда, Абубакри Бағдодӣ, раҳбари онро нобуд кард. Ҳоло нигарониҳое вуҷуд дорад, ки ДОИШ дубора дар қаламрави Сурия фаъол мешавад.

Ҳукумати кунунии Сурия ваъда додааст, ки зидди ДОИШ мубориза хоҳад кард.

Мақомоти Сурия ваъда додаанд, ки дар сафари Аҳмад Шаръ ба Амрико мавзуи бардоштани таҳримҳо матраҳ мешаванд. Мавзуи дигаре, ки дар ин сафар ба миён хоҳад омад, одисозии равобити Сурия ва Исроил аст.

Исроил пас аз ба қудрат омадани Аҳмад Шаръ борҳо Сурияро бомборон кард, вале ин кишвар ҳеч гоҳ ба ҳамлаҳо посух надод. Аҳмад Шаръ борҳо таъкид кард, ки хоҳони равобити хуб бо кишварҳои минтақа аст ва намехоҳад, ки Сурия дубора вориди ҷанге шавад.

Аҳмад Шаръ, раҳбари гурӯҳи "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" буд, ки дар гузашта бо созмони террористии "Ал-Қоида" робита дошт, вале баъдан аз он ҷудо шуда, муқобили он ҷангид.

Ин гурӯҳ, ки аз соли 2015 шаҳри Идлиби Сурияро дар ихтиёр дошт, охири моҳи ноябри соли 2024 ҳамлаи густардае алайҳи нерӯҳои Башор Асадро оғоз кард. Рӯзи 8- уми декабр артиши ҳукумати Башор Асад таслим шуд ва худи ӯ аз кишвар фирор кард. "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" бо раҳбарии Абумуҳаммад Ҷулонӣ назорати Димишқро дар ихтиёр гирифтанд.

Онҳо ба ҳукуматдории беш аз 50-солаи хонаводаи Асад, ки бо зулму ситам ба мардум ном бароварда буд, поён доданд. Ҳоло намояндаҳои аксари кишварҳои дунё бо "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" робита барқарор кардаанд.