Ин девор иборат аз хишт, аммо хиштҳо болои ҳам на бо гилхоку семент, балки бо пораҳои матои атлас ба ҳам чида шудаанд. Ва ин девор нахустин наққошии муосири тоҷик аст, ки дар инчунин музоядаҳои бузурги байналмилалӣ харидор меҷӯяд.
Алексей Румянтсев, муаллифи 38-солаи ин инстолятсия ва ё эҷоди тахайюл мегӯяд, Сотби намоиш ва фурӯши дастранҷи рассомони минтақаи Осиёи Миёна ва Қафқозро таҳти унвони «Дар чорроҳа» таъсис додааст, ки аз 4 марти соли ҷорӣ шуруъ шуд ва то 12 марти идома кард:
"Инстолятсияи "Девор" ба хотири муҳоҷирини тоҷик эҷод шудаааст ва рамзи заҳмату рӯзгори муҳоҷирони меҳнатӣ аст, ки шояд сари чидани ҳар хишт дар ёди ватан ҳастанд, аз тариқи телефон бо наздикон сӯҳбат мекунанд, хабари хуше ва ё баде мешунаванду он ҳамаро зери хишти биное дар ғурбат мегузоранд. Яъне садҳо манзилу биноҳо дар хориҷи Тоҷикистон бо заҳмату хаёлҳои хубу мағшуши муҳоҷирин бунёд мешавад".
Нусхаи видеоии инстолятсияи “Девор”-и Румянтсев дар гузашта дар намоишгоҳҳое дар Маскав, Бухоро ва соли гузашта дар Париж ба намоиш гузошта шуда буд. Пешниҳоди дар музоядаи Сотби гузоштани инстолятсияи “Девор”-ро соли гузашта дар Бишкек, намояндаи он музоядафурӯшӣ ироа карда буд.
Алексей Румянтсев, ки ҳамзамон раҳбари студияи видео ва аниматсия дар Душанбе аст, гуфт дар сурати ба фурӯш рафтани кори эҷодии “Девор”, сармояи онро барои таҳияи нахустин филми комили аниматсионии тоҷикӣ харҷ кунад. Ин филми аниматсионӣ дар ҳоли тавлид аст, ки бо манзури суннатҳои таърихӣ ва фарҳанги тоҷикӣ таҳия мешавад.