Ин бозии даври дуюм дар гурӯҳи “I” 8-уми ноябр дар пойтахти Қатар - шаҳри Давҳа – доир гардид. Муҳаммад Назриев, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 3-юм ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро бозигари амрикоиҳо Нимфаша Берчимас дар дақиқаи 30-юм зад.
Дар нимаи дуюми дидор Каван Сулливан, ҳамлагаи мунтахаби ИМА, голи дуюми амрикоиҳоро дар дақиқаи 61-ум аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид намуд.
Дар бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи “I” мунтахаби Буркина-Фасо бар тими Чехия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюм дар ҷадвали гурӯҳи “I” дастаи мунтахаби ИМА бо шаш имтиёз дар мақоми аввал аст. Тимҳои Чехия ва Буркина-Фасо сеимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти он ки чехҳо бозиро ба Буркина-Фасо бохтаанд, дар ҷадвали ин гурӯҳ Буркина-Фасо ҷойи дуюм ва Чехия ҷойи сеюмро касб кардаанд. Тими мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи чорум ҷойгир шудааст.
Дар даври сеюми қаҳрамонии ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи «I» 11-уми ноябр дастаи Тоҷикистон бо мунтахаби Буркина-Фасо ва Чехия бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди рақобат мешаванд.
Бар асоси қуръакашӣ 48 даста ба 12 гурӯҳ тақсим шудааст. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи пешсаф мустақиман ба даври баъдӣ роҳ меёбад, инчунин ҳашт дастаи ҷойҳои сеюм бо натиҷаҳои беҳтар аз гурӯҳ боло хоҳанд рафт.
Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби то 17-солаи Олмон мебошад, ки дар финали мусобиқоти соли 2023-юм дар Индонезия дастаи Фаронсаро шикаст дода буд.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон
(U-17)
Гурӯҳи "I"
Даври 1-ум
5-уми ноябр (чоршанбе)
Тоҷикистон - Чехия – 1:6
Голҳо: Вит Шкркон, 12 (0:1), Вит Шкркон, 16 (0:2), Вит Шкркон, 19 (0:3), Петр Потмесил, 45-1 (0:4), Муҳаммад Назриев, 65 (1:4), Заҷак Доминик, 90 (1:5), Петр Потмесил, 90+6 (1:6).
ИМА – Буркина-Фасо – 1:0
Гол: Каван Сулливан, 79 (1:0).
Даври 2-юм
8-уми ноябр (шанбе)
Чехия – Буркина-Фасо - 1:2
Голҳо: Муҳаммад Зонго, 27 (0:1), Вит Шкркон, 30, (1:1), Лукман Тапсова, 50 (1:2)
ИМА –– Тоҷикистон - 2:1
Голҳо: Муҳаммад Назриев, 3 (0:1), Нимфаша Берчимас, 30 (1:1), Каван Сулливан, 61 – аз пеналти (2:1).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “I”
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | ИМА | 2 | 2 | 0 | 0 | 3-1 | 6 |
| 2 | Буркина-Фасо | 2 | 1 | 0 | 1 | 2-2 | 3 |
| 3 | Чехия | 2 | 1 | 0 | 1 | 7-3 | 3 |
| 4 | Тоҷикистон | 2 | 0 | 0 | 2 | 2-8 | 0 |
Даври 3-юм
11-уми ноябр (сешанбе)
19:45 – Чехия – ИМА
19:45 – Буркина-Фасо - Тоҷикистон
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.