Дар Бағдод масъалаи бозгардонии тоҷикҳо аз маҳбасҳои Ироқ баҳс шуд

Мулоқоти Юсуф Раҳмон, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо мақомоти ироқӣ.

Мақомоти тоҷик масъалаи бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз зиндонҳои Ироқро бо ҳамтоёни ироқии худ баррасӣ кардаанд.

Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 10 уми ноябр навишт, ки дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо вазири адлияи Ироқ дар Бағдод, вазъи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маҳбасҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд ва мавзӯи овардани онҳо ба кишвар, матраҳ шудааст.

Ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Котиби Шӯрои амният Юсуф Раҳмон зимни ин сафар ҳамчунин бо президенти Ироқ Абдул Латиф Рашид масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар самти сиёсату амниятро баррасӣ кардаанд.

Мақомот нагуфтаанд, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд, аммо моҳи феврали имсол гуфта шуда буд, ки 381 нафарро аз Сурияву Ироқ ба кишвар баргардондаанд ва вобаста ба имкон овардани тоҷикон идома хоҳад кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон авоили соли ҷорӣ гуфта буд, ки бозгардонидани шаҳрвандони кишвар аз гӯшаҳои ҷангзадаи ҷаҳон ва ҳамоиши онҳо ба зиндагии оддӣ, як масъалаи муҳим барои ҳукумат ба ҳисоб меравад..

Ба иттилои расмии мақомоти Тоҷикистон, аз соли 2014 ва баъд аз зуҳури ДОИШ, тақрибан 2 ҳазор нафар ба сафи ин созмон ва дигар гурӯҳҳои тундрав дар Ироқу Сурия пайвастаанд.

Аксари онҳо дар ҷангҳо кушта шуда, зану кӯдаконашон қисман ба Тоҷикистон оварда шуданд ва боқимонда дар зиндонҳои Ироқ ва урдугоҳҳои Сурия ба сар мебаранд.

Маҳбусон ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ борҳо аз шароити нигаҳдории зиндониён дар маҳбасҳои Сурия ва Ироқ шикоят карда буданд.