Пулиси ноҳияи Линколн дар Каролинаи Шимолии Амрико ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ғорати банкоматҳо аз роҳи ҳамлаи сайберӣ (киберӣ) айбдор кардааст.
Расонаҳои Амрико аз қавли пулис хабар доданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда, дигаре бо як шарики эронияш дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Ба иттилои пулис, Нурмуҳаммад Раҳмонзодаи 26-сола ва Фирдавс Раҷабови 35-сола ҳамроҳи Милод Аваздавонии 36-сола, зодаи Эрон, дар моҳи феврали имсол ва пас аз ҳамлаи киберӣ аз банкоматҳои фурӯшгоҳе зиёда аз даҳ ҳазор доллар рабудаанд.
Пулис гуфтааст, замоне аз ҳодиса огоҳ шуд, ки рӯзи 21-уми феврали имсол дар аёлати Мэйн ба банкоматҳои фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ ҳамлаи густардаи киберӣ сурат гирифт. Ин навъи ғоратгариро "ATM jackpotting" меномидаанд, ки бо анҷоми ҳамлаи киберӣ сохтори банкоматро вайрон карда, онро маҷбур мекунанд, то пулҳоро ба берун барорад.
Пулис гуфтааст, Нурмуҳаммад Раҳмонзодаро, ки бо ному насаби сохта дар Амрико ба сар мебурд, моҳе пас аз ҳодиса дар Каролинаи Ҷанубӣ боздошт карданд, вале Фирдавс Раҷабов ва шарики эронии ӯ, Милод Аваздавонӣ, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Мақомоти Амрико онҳоро ба дуздӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ муттаҳам медонанд.
Назари пайвандон ва вакилони дифои ин афрод маълум нест, вале пулис бо нашри акси Фирдавс Раҷабов ва шарики эрониаш аз сокинон хостааст, ҳангоми дидани онҳо ба мақомот хабар диҳанд.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд. Солҳои охир чанде аз онҳо бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла озори ҳамсар, поймоли қоидаи будубош ва пайравӣ аз созмонҳои мамнӯи ифротгароӣ дастгир ва бархе аз ҳудуди Амрико ронда шудаанд.