Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), то ҳоло барои иштирок дар ин мусобиқот 171 варзишгар (97 мард ва 74 зан) аз 33 кишвари се қора номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар мусобиқоти инфиродии ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёз 7 варзишгар (5 нафар дар рақобатҳо байни мардон ва 2 нафар миёни занон) намояндагӣ хоҳанд кард:
Мардон:
-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ
-73 кг – Абубакр Шеров
-90 кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода
-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
+100 кг – Темур Раҳимов
Занон:
-48 кг – Аҳлия Муъминова
-52 кг – Мадина Қурбонзода
Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд.
Барномаи мусобиқот: 8-уми ноябр – мардон:: -60 кг, -66 кг, -73 кг; занон: -48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг | |||
|
Гуштигирони тоҷик, инчунин дар мусобиқоти ҷудои дастаии омехта аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки дар Риёз 10-уми ноябр доир мегардад, рақобат хоҳанд кард.
Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёз таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSA) доир мегарданд.
Бояд гуфт, Арабистони Саудӣ бори дуюм аст, ки мизбони ин чорабинии варзишии қоравӣ мешавад. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 57 кишвар аз рӯи 19 намуди варзиш иштирок мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо 69 варзишгар дар 12 намуди варзиш, ба монанди бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, гуштии озод ва юнону румӣ, камонварӣ, кураш, таеквондо WT, тенниси рӯи миз, ҷудо, инчунин навъҳои паралимпӣ намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки 7-уми ноябр дар Риёз доир мегрдад, Эмомалӣ Нуралӣ, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон ва Мадина Қурбонзода, қаҳрамони ҷудои Осиё-2025 миёни духтарон парчамбардорони ҳайати варзишии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи августи соли 2022-юм дар шаҳри Қунияи Туркия бо иштироки 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ҳашт медал (се нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд.
Аз он ҷумла дар мусобиқоти ҷудо Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило бо медали нуқра, Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кило ва Абубакри Акобир дар вазни то 100 кило, инчунин дастаи мардонаи ҷудои Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.