Иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки рӯзҳои 7-21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд, иштирок мекунанд.

Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёз таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSA) доир мегарданд.

Бояд гуфт, Арабистони Саудӣ бори дуюм аст, ки мизбони ин чорабинии варзишии қоравӣ мешавад. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 57 кишвар аз рӯи 19 намуди варзиш иштирок мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо 69 варзишгар дар 12 намуди варзиш, ба монанди бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, гуштии озод ва юнону румӣ, камонварӣ, кураш, таеквондо WT, тенниси рӯи миз, ҷудо, инчунин навъҳои паралимпӣ намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки 7-уми ноябр дар Риёз доир мегрдад, Эмомалӣ Нуралӣ, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон ва Мадина Қурбонзода, қаҳрамони ҷудои Осиё-2025 миёни духтарон парчамбардорони ҳайати варзишии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи августи соли 2022-юм дар шаҳри Қунияи Туркия бо иштироки 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ҳашт медал (се нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд.

Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр, Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 90 кило ва Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63 кило, ҳарду дар риштаи гуштии юнону румӣ, Шодмон Ризоев дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило ва Абубакри Акобир дар вазни то 100 кило, инчунин дастаи мардонаи ҷудои Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо касби 8 медал (3 нуқра ва 5 биринҷӣ) аз рӯи ҳисоби медалҳо дар байни 56 кишвар дар ҷойи 29-ум қарор гирифт, вале мунтахаби Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бидуни медали тило ҷойи охиринро ишғол кард.

Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар ҳисоби медалҳо мизбонон мақоми аввалро касб карданд. Мунтахаби Туркия 341 медал (145 тило, 107 нуқра ва 89 биринҷӣ) гирифт.

Мунтахаби Узбекистон бо касби 158 медал (51 тило, 42 нуқра ва 65 биринҷӣ) ҷойгоҳи дувумро соҳиб шуд. Мунтахаби Эрон бо касби 133 медал (39 тило, 44 нуқра ва 50 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор гирифт.

Ба барномаи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ 20 намуди варзиш дохил буд. Варзишгарони тоҷик бо шумули 46 нафар дар мусобиқот оид ба ҳашт намуд – варзиши сабук, вазнабардорӣ, гуштии варзишӣ (гуштии озод ва юнону румӣ), камонварӣ, каратэ-до, таэквондо WT, тенниси рӯи миз ва ҷудо - иштирок карданд.

Дар умум варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 14 медал (1 тило, 4 нуқра ва 9 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тилоро Дилшод Назаров дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, дар гурзандозӣ гирифтааст.