"Истиқлол" аз тими "Ал-Завра"-и Ироқ шикаст хӯрд

Акс аз сомонаи тими"Истиқлол"

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 аз тими “Ал-Завра”-и Ироқ бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Ин бозии даври чорум дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Ал-Завра” ва “Истиқлол” шаби чоршанбеи 5-уми ноябр дар Варзишгоҳи “Ал-Завра”-и Бағдод доир гардид.

Ҳасан Абдулкарим, ҳамлагари мизбонон, дар дақиқаи 7-ум ҳисобро боз кард. Голи дуюми ироқиҳоро Иброҳим Гвадамоси дар дақиқаи 53-юм аз пеналти ба нишон расонд. Нимҳимоятгари “Истиқлол” Амирбек Ҷурабоев дар дақиқаи 64-ум аз пеналти ҳисобро тағйир дод - 2:1.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ 22-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор тими “Ал-Завра”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.

Қаблан “Истиқлол” дар даври аввал дар меҳмонӣ 17-уми сентябр аз тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда, дар даври дуюм 1-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бар тими “Гоа”-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.

Дар бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи “D” 5-уми ноябр тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар майдони худ дастаи “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. “Ал-Наср”, ки бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст, ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифт.

Барои роҳхати дуюм «Истиқлол» ва «Ал-Завра», ки шашимтиёзӣ гирифтаанд, муборизаро идома медиҳанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо бағдодиҳо дар ҷойи дуюм ва душанбегиҳо дар ҷойи сеюм қарор доранд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охирин мебошад.

Бозиҳои даври 5-уми мусобиқот дар гурӯҳи “D” 26-уми ноябр байни дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ва “Ал-Завра” (Ироқ) – “Гоа” (Ҳиндустон) дар варзишгоҳи “Ал-Завра”-и Бағдод баргузор мешаванд.

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб - тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC-2025/26

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи “D”

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Завра» (Ироқ)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Гоа» (Ҳиндустон)

Даври 1-ум

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Завра» (Ироқ) – 0:2

Голҳо: Розиқ Банӣ Ҳанӣ, 44 (0:1), Низор Ал-Рашдан, 90+5 (0:2)

17-уми сентябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳру

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 5:0

Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 14 (1:0). Ангело, 17 (2:0). Уэсли Тейшера, 59 (3:0. Кинсли Коман, 89 (4:0). Садио Мане, 90+3 (5:0).

17-уми сентябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд

Даври 2-юм

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 2:0

Голҳо: Рустам Соиров, 46 (1:0), Ризо Деҳқонӣ, 74 (2:0)

1-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

«Ал-Завра» (Ироқ) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Абдуллоҳ Ал-Хайбарӣ, 52 (0:1), Жоао Феликс, 81 (0:2)

1-уми октябр. Бағдод. Варзишгоҳи Ал-Завра

Даври 3-юм

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Завра» (Ироқ) -– 2:1

Голҳо: Иброҳим Гбадамосӣ, 4 (0:1), Амирбек Ҷӯрабоев, 20 (1:1), Шон Пол Комолафе, 84 (2:1)

22-юми октябр.Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 1:2

Голҳо: Ангело,10 (0:1), Ҳорун Камара, 27 (0:2), Брисон Фернандес, 41 (1:2).

22-юми октябр.Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ

Даври 4-ум

«Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:1

Голҳо: Ҳасан Абдулкарим, 7 (1:0), Иброҳим Гвадамоси, 53 – аз пеналти (2:0), Амирбек Ҷурабоев, 64 – аз пеналти (2:1).

«Истиқлол»: Никола Стошич, Марлен Чобанов, Содиқҷон Қурбонов, Ҷозеф Окоро, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Табрез Исломов, 82), Амирбек Ҷурабоев, Эҳсон Панҷшанбе, Сиёваш Ҳақназарӣ (Пол Камолафе, 56), Ризо Деҳқонӣ (Масрур Ғафуров, 56), Рустам Соиров (Рустам Камолов, 87).

Корти зард: Кларенс Битанг («Ал-Завра»), Манучеҳр Сафаров, Масрур Ғафуров («Истиқлол»).

Сардовар: Аҳмад Исо Дарвеш (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ).

5-уми ноябр. Бағдод. Варзишгоҳи “Ал-Завра”. 11700 тамошобин.

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 4:0

Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 35 (1:0), Абдулраҳмон Ғариб, 53 (2:0), Муҳаммад Маран, 65 (3:0), Ҷоао Феликс, 84 (4:0).

5-уми ноябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”:


ҶДастаҳоБҒМБТИ
1“Ал-Наср”440013-112
2“Ал-Завра”42025-56
3“Истиқлол”42025-86
4“Гоа”40041-100


Даври 5-ум

26-уми ноябр (чоршанбе)

18:45 – “Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ)

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

21:00 – “Ал-Завра” (Ироқ) – “Гоа” (Ҳиндустон)

Бағдод. Варзишгоҳи “Ал-Завра”