Муҷозоти ду хоҳар ва ронанда барои занозанӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳе дар вилояти Хатлон ду хоҳар ва як ронандаи таксиро, ки навори занозанияшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт, ҷарима баст. Видеои муноқиша 4-уми ноябр нашр шуд. Раёсати корҳои дохилии Хатлон гуфт, ҷанҷол баъди даъвати ронанда аз хоҳарон барои савор шудан ба мошинаш дар Бохтар сар задааст.