Вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода бо генерал Шамшод Мирзо, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Покистон, мулоқот кардааст.
Ба иттилои Радиои Покистон, дар ин мулоқот, ки рӯзи 12 ноябр дар шаҳри Равалпиндӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар мавриди робитаҳои дуҷониба, ба вижа фазои амниятии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, сӯҳбат кардаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин иқдомотеро баррасӣ карданд, ки ба густариши минбаъдаи сатҳи ҳамкориҳои низомии ду кишвар нигаронида шудаанд.
Ба иттилои расонаҳои покистонӣ, генерал Шамшод Мирзо гуфтааст, ки ҳар ду кишвар манофеи минтақаии муштарак доранд ва ба ҳамкорӣ ва тақвияти низомии худ идома медиҳанд.
Генерали покистонӣ ба ӯҳдадории кишвараш ба тақвияти сулҳ, субот ва ҳамкорӣ дар саросари минтақа, ба вижа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъкид кардааст.
Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, вазири дифои Тоҷикистон аз касбият ва дастовардҳои нерӯҳои мусаллаҳи Покистон дар мубориза бо терроризм ситоиш кардааст.
Пеш аз ин Тоҷикистон мизбони размоиши муштараки зиддитеррористии "Дӯстӣ-2025" буд, ки нерӯҳои вижаи Покистон дар он иштирок доштанд. Ин размоишҳо дар тамрингоҳи Вазорати дифои Тоҷикистон дар Фахробод баргузор шуда буд ва 100 нафар аз низомиён аз ҳар ду кишвар иштирок карданд.