Маъмурони наҷот дар Қазоқистон ба гурӯҳе аз мусофирони тоҷик, ки автобусашон дар вилояти Оқмола вайрон шудааст, кумак кардаанд. Онҳо аз Русия ба Тоҷикистон бармегаштанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯзи 7-уми ноябр хабар дод, ки автобус бо 53 мусофир, аз ҷумла 8 кӯдак (ҳама шаҳрванди Тоҷикистон) дар ҳудуди деҳаи Жибек Жоли аз кор монд.
“Ҳарорати ҳаво зери сифр буд,” -- хабар дод Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон.
Ҳамаи мусофиронро ба як бинои гарме дар ҳудуди деҳаи Аршали бурдаанд. Пизишкони маҳаллӣ баъд аз санҷиши вазъи мусофирон гуфтаанд, ба ҳеч яке аз онҳо ёрии тиббӣ зарур нест.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон ҳушдор додааст, ки ронандагон дар сармои шадид ва ҳангоми барфрезӣ дар роҳ эҳтиёт кунанд.
Қазоқистон ҳамсояи Русия аст ва муҳоҷирони тоҷик ҳангоми сафар ба Тоҷикистон ё Русия бо нақлиёти мусофирбар аз ҳудуди ин кишвар мегузаранд.