Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд

Тими футзали Тоҷикистон

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми AFС (Конфедератсияи футболи Осиё)-2026, ки дар Индонезия баргузор мешавад, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Ҷопон, Узбекистон ва Австралия бозӣ хоҳад кард.

Дар қуръакашӣ шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шуданд:

Гурӯҳи “А”: Индонезия, Ироқ, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ;

Гурӯҳи “В”: Тайланд, Ветнам, Кувайт, Лубнон;

Гурӯҳи “С”: Ҷопон, Узбекистон, Тоҷикистон, Австралия;

Гурӯҳи “D”: Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Малайзия.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, муборизаро барои медалҳо идома хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки моҳи сентябри имсол дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар гурӯҳи “С” ҷойи дуюмро ишғол кард ва ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.

Дар даври якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “С” футзалбозони тоҷик бар Макао бо ҳисоби 10:2, дар даври дуюм бар Камбоҷа бо ҳисоби 7:1 пирӯз шуда, дар даври сеюм аз Ҷопон -қаҳрамони чаҳоркаратаи Осиё, бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуданд.

Пас аз натиҷагирии бозиҳои се даври мусобиқот дар гурӯҳи “С” Ҷопон бо касби 9 имтиёз мақоми аввал ва Тоҷикистон бо касби 6 имтиёз мақоми дуюмро соҳиб шуда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифтанд.

Бояд тазаккур дод, дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли 2026-ум дар Индонезия доир мегардад, ба ғайр аз дастаи мизбон, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм иштирок хоҳанд кард.