Ҷасади Исфандиёр Мулломаҳмадшарифови 34-соларо, ки ҳафт моҳ пеш дар Русия нопадид шуда буд, рӯзи 5-уми ноябр ба наздиконаш дар деҳаи Шаватки Болои ноҳияи Айнӣ супурдаанд. Ба онҳо гуфта шудааст, ки "ӯ дар ҷанги Украина кушта шуд".
Мақомоти Русия дар ҳуҷҷатҳое, ки ба хонаводааш пешниҳод кардаанд, сабаби марги Исфандиёр Мулломаҳмадшарифовро "таркиши мина" номидаанд.
Наздикони ин ҷавон рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ як муҳоҷири одӣ буд ва ҳафт моҳ пеш дар Русия нопадид шуд. Ба гуфтаи онҳо, Исфандиёр ягона фарзанди хонадон буд ва ҳамсару як фарзанди хурдсол дорад.
Пайвандонаш намедонанд, ки Исфандиёр Мулломаҳмадшарифов бо чӣ роҳе ба ҷанги Украина бурда шудааст. Дӯстмуҳаммад, яке аз наздикони ин ҷавон гуфт, "падару модараш ҳанӯз ба худ наомадаанд ва касе ҳам намедонад, ки бо чӣ шароите ӯро ба ҷанг бурдаанд."
“Фақат ба мо гуфтанд, ки ӯро аз кӯча бурдаанд. То ҷое ӯро мешиносам, ҳеч вақт ихтиёрӣ ба ҷанг намерафт. Ба фикрам, маҷбур кардаанд ё шантаж карда бурдаанд. Рӯзи ҷаноза дар деҳа рӯзи маҳшар буд. Худатон мефаҳмед, ки вақте падару модар ягона писарро ба хок месупоранд, чӣ мешавад,” – афзуд ӯ.
Русия дар ҷанги бедалелаш дар Украина, ки наздик ба чор сол боз давом дорад, садҳо зодаи Тоҷикистонро ҷалб кардааст.
Тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” дар чанд моҳи охир номи наздик ба се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун "зархарид" нашр кардааст, ки бархе аз онҳо дар ҷанги Украина кушта ё нопадид шудаанд.
Хешовандони аксари онҳое, ки хабари маргашон дар ҷанг мерасад, мегӯянд, фарзандонашонро бо фиребу зӯр ба ҷанг бурдаанд. Мақомоти Тоҷикистон то ин дам танҳо сад мавриди аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бурда шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ карда, дигар дар ин бора маълумот намедиҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар ҷанги бегона. Рӯйхати ҷонбохтагони ҷанги Украина, ки ба Тоҷикистон нисбат дода мешаванд