Як хонавода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шикоят дорад, ки ноновари оила ҳангоми кор дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” маъюб шуда, ҳоло бистарист, аммо кумаки зарурӣ намегирад. Сабзалии Маҳмадалӣ панҷ моҳ пеш ҳангоми пармаи кӯҳ осеб дид ва аъзои баданаш шикаст.
Гулинор Қурбонова, модари Сабзалӣ, мегӯяд, пуле надоранд, ки ӯро табобат кунанд. “Ин бачаам моро мехӯронду мепӯшонд. Як писару келинам маъюбанд, падараш нафақагир, худам бемор. Вай ба ин ҳол уфтод ва пуле надорем, ки доруҳояшро гирем,” – шикоят кард ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Сабзалии Маҳмадалӣ дар "Роғун" корманди ширкати ТГЕМ (Тоҷикгидроэлектромонтаж) будааст. Намояндагони ширкат дар аввал ба хонаводааш ваъдаи кумак карда, вале ба иддаои наздикон “ёрие нарасондаанд”. Онҳо мехоҳанд, ширкат барои табобат ва ба по хезондани Сабзалӣ мадад кунад.
Гулинор Қурбонова гуфт: "Хоҳиш мекунем, ёрӣ кунанд, то ба ягон давлати дигар бурда, сиҳат кунем. Ягона ноновар ҳамин аст, имконияти дигар надорем.”
Гулинор Қурбонова мегӯяд, барои ба по хестани писараш ба пули бештар ниёз доранд
Ҳоло ба Сабзалии Маҳмадалӣ ҳамчун маош маблағи муайяне аз сӯи идораи сохтмони "Роғун" пардохт мешудааст. Хонаводааш мегӯянд, ин маблағро ҳам баъд аз шикоятҳои зиёд гирифтанд. “Маошашро як-ду моҳ нагузаронданд. Даъво кардем, 3800 сомонӣ доданд. Додари ҷон, ин пул ҳеч чиз намешавад. Доруву коғаз мегирем. Намерасад,” – гуфт Гулинор Қурбонова.
Ба нақли наздиконаш, Сабзалии Маҳмадалӣ ду сол пеш барои кор ба маҳалли сохтмони "Роғун" рафт. Дар аввал бофандаи артматур буд. Пас аз ҳодисаи нохуш аз кору роҳ гаштан монд.
Сабзалии Маҳмадалӣ, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, гуфт, “дар бемористони Роғун 14 рӯз хобидам. Аз онҷо ба Душанбе бурданд, ба Қарияи Боло. Сутунмуҳра шикаста буд. Ҷарроҳӣ карданд."
Аз хоби бисёр ҳоло дар пушти Сабзалӣ захм пайдо шудааст. Модараш бовар дорад, ки писари 26-солааш шифо меёбад, аммо барои табобат маблағи зиёд даркор аст. Вай мехоҳад, ширкати корфармо ба хонавода сармояе диҳад, то писарашро барои табобат ба хориҷа барад. Барои ин ҳар рӯз ба ширкат муроҷиат мекунад, аммо аз ширкат посухе намерасад.
"Роғун" як сохтмони дорои аҳамияти умумимиллӣ эълон шудааст. Дар гузашта бар асари ҳодисаҳои нохуш дар онҷо чанд нафар маҷруҳ ва бархе ҷон бохтаанд. Ба иттилои расмӣ, дар соли 2020 дар маҳалли сохтмони "Роғун" 3 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафар маҷрӯҳ шуданд. Мақомот ин ҳолатҳоро натиҷаи риоя накардани талаботи бехатарӣ медонанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Саробони оилаамон маъюб шуд, ба кумак ниёз дорем"