Се вакили пешини Навалнийро аз озодӣ маҳрум карданд

Вадим Кобзев ба 5,5 сол, Алексей Липтсер ба 5 сол ва Игор Сергунин ба 3,5 сол зиндон маҳкум шуданд

Додгоҳе дар вилояти Владимири Русия се вакили мудофеи пешини Алексей Навалнийро ба ҳабс маҳкум кард.

Алексей Навалний, сиёсатмадори 47-сола ва раҳбари мухолифини Русия, рӯзи 16-уми феврали 2024 дар зиндон даргузашт.

Гуноҳи вакилони мудофеъ Вадим Кобзев, Алексей Липтсер ва Игор Сергунин ин будааст, ки мукотибаҳои сиёсатмадори мунаққиди Кремлро аз зиндон ба берун мебароварданд.

Навиштаҳои Навалний дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, бар асоси он дар 36 давлат китоби хотираҳои ӯ бо номи “Патриот” (ба 26 забон) аз чоп баромад.

Додрас гуфтааст, вакилон бо ин кори худ дар фаъолияти созмони ифротгаро иштирок кардаанд. Мақомоти Русия Бунёди мубориза бо коррупсияро, ки Навалний асос гузошта буд, мамнуъ ва экстремистӣ медонанд.

“Номаҳои Навалний ба ӯ имкон медоданд, ки вазифаи раҳбарии як ташкилоти тундравро идома бидиҳад,” – гуфта шудааст дар Додгоҳ.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, Вадим Кобзев ба 5,5 сол, Алексей Липтсер ба 5 сол ва Игор Сергунин ба 3,5 сол зиндон маҳкум шуданд.

Онҳо баъд аз поёни давраи ҷазо се соли дигар аз ҳаққи вакилӣ маҳрум хоҳанд буд.

Пас аз эълони ҳукм, ширкатдорон маҳкумшудаҳоро "қаҳрамон" ва "инсонҳои беҳтарини Русия" номида, як кас нидои "шармандагӣ ба хунта" сар дод.