Темур Раҳимов дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ медали нуқра гирифт

Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар риштаи ҷудо медали нуқра ба даст овард.

Ин паҳлавони 28-солаи тоҷик, ки дар даври аввал озод буд, дар даври чорякниҳоӣ бар намояндаи Қирғизистон Эмирхон Жолдошқозиев пирӯз шуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Темур дар нимфинал бар Муҳаммад Аборакия аз Миср дастболо шуда, ба финал баромад. Аммо Раҳимов дар даври ниҳоӣ аз паҳлавони узбекистонӣ Музаффарбек Турабоев шикаст хӯрда, барандаи нишони нуқра гардид.

Ин шашумин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёз ба шумор меравад, ки аз он ҷумла дутоаш нуқра ва чаҳортоаш биринҷӣ мебошад.

Рӯзи 9-уми ноябр боз ду паҳлавони тоҷик – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Ҷаҳонгир Маҷидов - дар мусобиқоти ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳо дар Риёз рақобат карданд.

Ҷаҳонгири 25-сола дар вазни то 100 кило ба рақобат аз даври чорякниҳоӣ шуруъ карда, аз Умар Ерламли аз Миср мағлуб шуд. Баъдан дар даври тасаллобахш бар Франк Улрик Таҳман Зан аз Камерун ғолиб омада, дар рақобат барои медали биринҷӣ Саид Садруддиновро аз Баҳрайн мағлуб намуд.

Муҳаммадҷони 22-сола бошад, дар вазни то 90 кило дар даври аввал бар Аҳмад Елаагеб аз Судон пирӯз шуда, дар даври баъдӣ аз Шаҳзодхуҷа Шарипови узбекистонӣ ноком шуд. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври тасаллобахш бар Владимир Карлос Нгуея Наҳеу аз Камерун ғалаба кард, вале барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Айдар Арапови қазоқистонӣ бохт ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб намуд.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки 8-уми ноябр дар Риёз баргузор шуд, ду медал ба даст оварданд. Дар сабқати занон Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило бо медали нуқра ва Абубакр Шеров дар байни мардон дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқот 147 варзишгар (84 мард ва 63 зан) аз 32 кишвари се қора иштирок доштанд.

Тоҷикистонро дар мусобиқоти инфиродии ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёз 7 варзишгар (5 нафар дар рақобатҳо байни мардон ва 2 нафар миёни занон) намояндагӣ карданд.

Дар ҳисоби медалҳо дар мусобиқоти ҷудо Туркия бо 7 медал (6 тило ва 1 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Узбекистон бо 10 медал (3 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва Озарбойҷон бо 9 медал (2 тило, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Тоҷикистон бо 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи ҳафтумро гирифт.

Гуштигирони тоҷик, инчунин дар мусобиқоти ҷудои даставии омехта аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки дар Риёз 10-уми ноябр доир мегардад, рақобат хоҳанд кард.

Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёз бо иштироки беш аз 3000 варзишгари 57 кишвари олам, аз он ҷумла Тоҷикистон, аз рӯи 23 намуди варзиш то 21-уми ноябр идома хоҳанд кард.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо Тоҷикистонро 69 варзишгар дар 12 намуди варзиш, ба монанди бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, гуштии озод ва юнону румӣ, камонварӣ, кураш, таеквондо WT, тенниси рӯи миз, ҷудо, инчунин навъҳои паралимпӣ намояндагӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи кураш, ки бори аввал ба барномаи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дохил шуд, 6-уми ноябр варзишгарони тоҷик - Шоҳида Қаландарова дар вазни то 70 кило ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 81 кило - ду медали биринҷӣ гирифтанд. Ин аввалин медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи августи соли 2022-юм дар шаҳри Қунияи Туркия бо иштироки 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ҳашт медал (се нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ҳисоби медалҳо мизбонон мақоми аввалро касб карданд. Мунтахаби Туркия 341 медал, аз он ҷумла 145 нишони тило, гирифт. Мунтахаби Узбекистон бо касби 158 медал ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Эрон бо касби 133 медал ҷойгоҳи севумро соҳиб шуданд.

Дар умум варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ то имрӯз 20 медал (1 нишони тило, 6 нуқра ва 13 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тилоро Дилшод Назаров дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, дар гурзандозӣ гирифтааст.