Тоҷикистон ва Қирғизистон расман чанд деҳаро иваз кардаанд

Симхоркашӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон. Акс аз моҳи сентябри 2025

Азиз Ботиров, хабарнигори маҳаллӣ дар Қирғизистон, гузориш додааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 6-уми ноябр чанд деҳаро иваз карданд.

Ба маълумоти саҳифаи Ботиров, Қирғизистон деҳаҳои Достук, Мозайт, Кок-Терек, Таш-Тумшуқро бо ҳудуди 141,9 гектар ба Тоҷикистон дод.

Манбаъ афзудааст, Тоҷикистон деҳаҳои Сомониён дар Исфара, маҳаллаҳои Даҳма, як қисмати деҳаи Хоҷаи Аъло, маҳаллаи Говсувор, маҳаллаи Мин-Булак бо боғҳояш ва як қисмати деҳаи Лакконро ба Қирғизистон вогузор кард. Ҳудуди ин заминҳое, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон дод 142,7 гектар гуфта шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти созишномаи марзӣ ягон шарҳе намедиҳанд ва барои ҳамин то ҳол пурра маълум набуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон кадом деҳаҳоро иваз карданд.

Сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон. Моҳи сентябри 2025

Саҳифаи Азиз Ботиров ҳамчунин навиштааст, дар доираи созиш бар сари Маркази тақсими оби “Головной” Тоҷикистон ба Қирғизистон 750 гектар замин вогузор кард.

Ин маркази тақсим об аксаран сабаби баҳсу муноқиша миёни сокинони ду кишвар мешуд, миёни ҷонибҳо тақсим шуд.

Қаблан Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфта буд, дар доираи тақсими маркази “Головной”, Тоҷикистон чун ҷуброн ба Қирғизистон 750 гектар замин дод.

Ин қитъаҳои замин, ба гуфтаи Тошиев, дар қитъаи Унжу-Булоқ, Катта-Туз баромади шаҳри Сулюкту ҷойгир шудаанд.

Шарҳи мақомоти Тоҷикистон дар ин бора дастрас нест.

Сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон. Моҳи сентябри 2025

Дар охири моҳи сентябри имсол раҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон масъалаи масъалаи кӯчонидани сокинони деҳоти наздимарзиро баррасӣ кардаанд. Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон моҳи март дар шаҳри Бишкек Созишнома дар бораи аломатгузории марзи ду кишварро имзо карданд.