Тоқаев чаро ба дидори Путин шитофт?

Қосимҷомарт Тоқаев бо Владимир Путин

Қосимҷомарт Тоқаев, раҳбари Қазоқистон пас аз чанд рӯзи бозгашт аз  Вашингтон ба Маскав сафар кардааст.

Рӯзи 11-уми ноябр ӯ, бо Владимир Путин, президенти Русия, мулоқоти як ба як доир намуда, барномаҳои муштарак дар соҳаи нафту газ ва таъсири таҳрими амрикоии ширкатҳои бузурги нафти Русияро баррасӣ кардаанд.
Қосимҷомарт Тоқаев дар нишасти муштарак бо Путин рӯзи 12-уми ноябр гуфт, ки бо Русия дар самти густариши ҳамкориҳо дар соҳаи истихроҷ ва интиқоли нафту газ, маводи сӯхт, ангишт ва нерӯи барқ мувофиқат кардаанд.

“Мо ба таври муфассал ҳамкориҳои соҳаи газ ва бавижа расондани газ ба манотиқи марзӣ бо Русия ва ҳамчунон содироти газ ба кишварҳои сеюмро арзёбӣ намудем,"—гуфт Тоқаев.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъди зиёрат аз Вашингтон Тоқаев ба Маскав рафт

Коршиносон бар инанд, ки замони сафари Тоқаев ба Русия тасодуфӣ нест. Ҳафтаи гузашта дар мулоқоти раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо Доналд Трамп, президенти ИМА Тоқаев дар бораи саҳифаи наве дар равобити Вашингтон бо панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ суҳбат кард.

Эндрю Ди Аниери, пажӯҳишгари Шӯрои Атлантикии Маркази Авруосиё мегӯяд, баъди мулоқот бо Трамп мавқеи Тоқаев дар музокироташ бо Путин тақвият ёфт. "Суханрониву рафтори Тоқаев дар муқоиса бо як ҳафтаи пеш қудрати бештар касб кард. Ин вазъ барои ҳимоят аз соҳибистиқлолии Қазоқистон ва манфиатҳои Амрико беҳтар аст,"—гуфт ӯ.

Бо оғози ҷанг дар Украина дар моҳи августи соли 2022-юм ва таҳримҳои ғарбӣ дар муқобили Маскав барои мамолики Осиёи Марказӣ имконоти нави рушди ҳамкориҳо бо ғарб пайдо шудааст.

Ба қавли Юнус Шарифлӣ, сафари Тоқаев ба Маскав намоиши садоқати Остона ба Кремл аст, ки талош дорад, нуфузашро дар Осиёи Марказӣ ҳифз кунад. Ӯ гуфт: "Баъди мулоқоти раҳбарони ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар ба Маскав ҳамчун тасдиқи равобити стратегӣ бо Маскав ва рафъи нигарониҳои элитаи сиёсии Русия аст".

Сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт, ки раҳбарони Русияву Қазоқистон фаъолияти Консортсиуми Лӯлаи нафти Каспийро баррасӣ карданд. 80 дар сади нафти Қазоқистон тавассути ин лӯла ба бандарҳои русӣ дар Баҳри Сиёҳ ва аз онҷо ба бозорҳои ҷаҳонӣ содир карда мешавад. Дар ин лоиҳа ширкатҳои азими Шеврон ва Эксонмобили Амрико низ саҳм доранд.

Шореҳи Радиои Озодӣ Рейд Стандиш мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд, сафари Тоқаев иқдоми дипломатии ҳисобшуда барои дарёфти мувозинат миёни бозигари асосии Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин аст, ки дар даҳ соли ахир нуфузи ҷиддие дар Осиёи Марказӣ пайдо кардаанд ва ҳамзамон мамолики Ғарб мехоҳанд дар ин минтақа ҷои по дошта бошанд.