5 дарсади шаҳрвандони Русия Тоҷикистонро кишвари дӯст эътироф кардаанд. Аммо мардум дар Тоҷикистон кадом кишварро дӯст мешуморанд?
Дар як назарсанҷии Маркази омӯзиши афкори умуми Маркази Левада, дар мавзӯъи душманон ва дӯстони хориҷии Русия, шаҳрвандони ин кишвар аз панҷ давлати Осиёи Марказӣ се кишвар- Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбакистонро аз дӯстони кишвари худ номбар кардаанд.
Ин назарсанҷӣ авохири моҳи майи соли 2013 дар бо иштироки 1601 шаҳрванди Русия аз манотиқи мухтилифи ин кишвар анҷом шудааст. Бар пояи ин назарсанҷӣ, Беларус, Қазоқистон, Чин, Украина ва Олмон ба рӯйхати наздиктарин дӯстҳои Русия ва Амрико, Гурҷистон, Латвия, Литва ва Эстония ба хайли кишварҳои душманмаоб шомил шудаанд.