Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Воҳима, беэҳтиётӣ, рафтори нодуруст. Заминҷунбиҳои шадиди охир дар Тоҷикистон нишон дод, ки аксар мардум ба зилзила омода нестанд. Сокинони баландошёнаҳо ба таҳлука афтоданд ва аз хонаҳо берун рехтанд, аммо дур нарафта, зери биноҳо ҷамъ шуданд.
Муҳаммадӣ Раҳматуллоро, ки замоне “раҳбари салафиҳои Тоҷикистон” номбар мешуд, дигарбора ба 8 сол зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот шарҳ намедиҳанд. Пайвандонаш гуфтанд, ҳукмро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе содир кард. Вай қаблан низ ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуда, дертар афв гардид.
Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон соли 2022 садҳо тонна маводи ғизоии пастсифат ва ғайриқобили истифодааро ошкор ва нобуд кардааст. Кормандони он ҳамчунин даҳҳо тонна маҳсулоти ширӣ, асосан панирҳои воридотии русиро ба иллати сифати пасташ аз марз бозпас гардонидаанд.
Яке аз ҳукми ӯ розӣ аст, вале дигаре онро сабук мехонад ва аз эҳтимоли раҳоияш нигарон аст.
24 сол ҳукми додгоҳи Русия нисбат ба шаҳрванди ин кишвар Александр Сёмин барои таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷсолаи тоҷик вокунишҳои мухталифро ба бор овард.
Тоҷикистону Қазоқистон додугирифти наверо ба роҳ монданд, то яке сабзавоти баҳорӣ, аз ҷумла пиёз дошта бошад, дигарӣ гандум. Ду тараф сари ҳамин масъала чанде пеш гуфтугӯ кардаанд. Дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо баҳонаи онки “ҳоло оғози кор аст”, ҷузъиёт надоданд.
Тоҷикистону Қазоқистон додугирифти наверо ба роҳ монданд, то яке сабзавоти баҳорӣ, аз ҷумла пиёз дошта бошад, дигарӣ гандум. Ду тараф сари ҳамин масъала чанде пеш гуфтугӯ кардаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати сабтиноми симкортҳоро бо шиносномаи нав барои як соли дигар дароз кард, вале ширкатҳои мобилӣ аз ҳоло хидматрасониро ба баъзе аз муштариён бас кардаанд. Чаро?
Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати бақайдгирии симкортҳоро бо шиносномаи нав барои як соли дигар тамдид кард, вале ширкатҳои мобилӣ аз ҳоло хизматрасонӣ ба баъзе аз симкорти муштариёнашонро қатъ кардаанд. Чаро?
Табаралӣ Зиёев, муаррихи шинохта ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар синни 81-солагӣ даргузашт. Хешовандонаш гуфтанд, сабаби марг сактаи мағзӣ будааст. Ӯ дар баробари кори омӯзгорӣ аз фаъолони сиёсӣ дар кишвар дониста мешуд.
Мақомот чанд сол пеш Маркази миллии тестиро ташкил карданд, ки довталабон танҳо тавассути он имтиҳон бисупоранду донишҷӯ бишаванд. Ҳадафаш пешгирӣ аз ришваситонӣ гуфта шуд. Ҳоло, бо вуҷуди будани Маркази тестӣ, баъзе аз довталабон дар донишгоҳҳо имтиҳон месупоранд. Чаро?
Икром Сатторов, сокини шаҳри Душанбе, ин навбат натавонист, аз ёриҳои бепули Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон баҳравар шавад. Намояндагони созмон барояш гуфтаанд, ба сабаби бас кардани кор дигар наметавонанд, аз ҳуқуқи корафтодаҳо ҳимоят кунанд.
Дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон шарту шароити созишномаи наверо баррасӣ кардаанд, ки қарор аст, ҳамкориҳои ду тарафро ба сатҳи баландтаре бардорад.
"Фақат як савол иҷоза аст." Шарти Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ба хабарнигорон.
Дар Тоҷикистон як моҳи гузашта мақомоти сохторҳои давлатӣ журналистонро даъват карда, аз кори яксолаашон гузориш доданд. Нишастҳои хабарӣ соле ду дафъа барпо мешаванд, вале бисёре аз хабарнигорон ҳарчи бештар аз ин нишастҳо норозӣ мемонанд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз афзоши, ба гуфтаи он "рекордӣ" ё бесобиқаи гардиши савдои хориҷии кишвар хабар дод. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба бештар аз 7,5 миллиард доллар расидааст, ки нисбат ба як соли пеш 20,1 дарсад зиёд будааст.
Бо пешниҳоди Вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолияти як созмони маъруфи ҳуқуқи инсон дар кишвар қатъ шудааст.
Раҳбари Кумитаи кор бо занон аз пахши навори “истинтоқ”-и келин аз сӯи хушдоман дар Интернет, ки боиси сарусадои зиёд шуд, норозигӣ кард. Ӯ иддао дорад, ки пахши чунин наворҳо роҳи ҳалли масъала нест, вале фаъолони ҷамъиятӣ баръакси инро мегӯянд.
Ёфтҳои бештар