Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Тарҳи роҳҳои ду ва сетабақа дар шаҳри Душанбе, ки як донишҷӯи дирӯза омода кардааст, таваҷҷӯҳи мақомоти олии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушдро ба худ ҷалб кард.
Баҳманёр Надиров, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар як нома ба Владимир Путин аз ӯ хостааст, дар шароити бӯҳронӣ муҳоҷиронро аз патенту қоидаҳои нави будубош дар Русия раҳо кунад.
«Истиқлол»-и Тоҷикистон, ки бар “Аҳал”-и Туркманистон бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд, ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC-2015 роҳ ёфт.
Бо сармояи Бунёди байнулмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ва Барномаи ғизои СММ ба 20 зани камбизоат ва бекори ноҳияи Мӯъминобод ҳунари занбӯрпарварӣ омӯзонда шуд ва дар поёни таҳисл ба онҳо аз созмони "Интермёд" 10 оила занбӯри асал ва лавозимоти занбӯрпарварӣ тақдим гашт.
Бунёдгузори "Имрӯз нюз" Рустами Ҷонӣ тавсеаи ҳайати муассисони ин рӯзнома, сабабҳои барканорияш аз раҳбарии "Ориён Медиа" ва нақшаи таъсиси CNN-и тоҷикиро шарҳ медиҳад.
Бархе аз волидон аз хавфи пайвастани фарзандонашон ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ талош доранд, онҳоро ҳарчӣ зудтар ба хидмати сарбозӣ ба артиши Тоҷикистон гусел кунанд.
Бо гузашти солҳо бо он ки Владимир Илич Ленин аз ёдҳо меравад ва пайкараҳояш аз арш ба фарш меафтанд, як қишре аз сокинони Тоҷикистон ҳамоно меҳри ӯро дар қалб мепарваранд.
Муштариёни ширкати "Ҳафтбурҷ" мегӯянд, ки ҳавасманди ба маҳкама кашидани масъулони ин ширкат нестанд, балки мехоҳанд маблағҳои худро пас бигиранд.
Дар назди сохтмони сафорати Олмон дар Душанбе гурӯҳи хурде эътироз карданд. Сафири Олмон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ назарашро ба ин ҳодиса шарҳ дод.
Радиои Тоҷикистон, ки рӯзи 10-уми апрел 85-сола шуд, талош дорад дар қарни фанновариҳои нави иттилоотӣ низ ҷойгоҳи худро ҳифз кунад.
Наворбардори Озодӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба хонандагону донишҷӯён бо ин суол муроҷиат кард, ки "таваҷҷӯҳи шумо бештар ба кадом фанҳо аст?". Қисми зиёди пурсидашудагон рағбаташонро ба фанҳои гуманитарӣ арзёбӣ карданд.
Таҳлили Маркази миллии тестӣ нишон додааст, ки хатмкунандагони макотиби Тоҷикистон аз фанни риёзӣ ё худ математика дониши нокофӣ доранд.
Русияву Тоҷикистон чаҳор қарордодро рӯи даст доранд, ки дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо то ҳадди ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард.
Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Сурия бо ҳисоби 2-3 шикаст хӯрд.
Шаҳбоз Шарифов, маъруф бо лақаби Шон МС, ки ҳафт сол боз рэпхонӣ мекард, эълон дошт, аз ин навъи овозхонӣ даст кашидааст.
Раиси бонки миллии Тоҷикистон бо баргузории нишасти ғайринавбатии хабарӣ ба ҳама суолҳо дар бораи болоравии арзиши доллар дар баробари сомонӣ ва иқдоми ҳукумат дар ин замина ҷавоб хоҳад гуфт.
Матбуоти мустақил дар Тоҷикистон ба мушкили шадиди молӣ гирифтор аст ва аксари сардабирон эҳтимоли аз байн рафтани матбуоти чопии мустақилро аз ҳақиқат дур намедонанд.
Мусоҳибаи ихтисоcии хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунист, ки барои нахустин бор аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ба парлумони Тоҷикистон роҳ наёфт.
Миклош Ҳарасти, раҳбари ҳайати нозирони САҲА дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар интихоботи Тоҷикистон фарқи байни президент, ҳукумат, ҳизби ҳоким ва ниҳодҳои интихоботӣ зиёд маълум намешуд.
Дар як мизигирди вижаи Радиои Озодӣ намояндагони аршади 5 ҳизби сиёсӣ корзори интихоботи парлумонии Тоҷикистонро натиҷагирӣ карданд.
Ёфтҳои бештар