Cоли 2004 ба ҳайси хабарнигор дар вилояти Хатлон бо Радиои Озодӣ бипайваст. Дертар гузоришгар дар Душанбе таъин гардид.
Соли 1973 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Пас аз хатми факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ дар соли 1996 дар нашрияҳои "Ҷумҳурият" ва "Рӯзи нав" ба ҳайси мудири бахш кор кардааст.
Расмиёти қабули Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой оғоз шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр дар ҳузури роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз вазъи Афғонистон, бахусус дараи Панҷшер нигаронӣ кард ва гуруҳи Толибонро ба султалабӣ муттаҳам кард.
Дидори роҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Душанбе баъд аз зуҳри 16-уми сентябр ба поён расид. Афғонистон мавзӯи асосии ҷаласа буд.
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба зарурати гуфтугӯ бо "Толибон" таъкид кард, аммо президенти Тоҷикистон ин гуруҳро барои ташкили аморати исломӣ "бо қоидаҳои асримиёнагӣ" танқид намуд. Дар ҷаласа аз вазъи Панҷшер ҳам гуфтанд.
Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар сурати "шиддатёбии вазъи амниятӣ дар сарҳади Афғонистон" ва "таҳдид ба марзҳои ҷанубии созмон" ба Тоҷикистон ҳама гуна ёриҳоро хоҳанд расонд.
Бозии даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 байни тимҳои “Истиқлол”, қаҳрамони нӯҳкаратаи Тоҷикистон ва “Персеполис”, қаҳрамони сездаҳкаратаи Эрон, шаби 14-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
"Даргириҳои ҳозира дар Панҷшер идомаи занҷиравии қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар бист соли пеш аст." Ин ҷумла рӯзи 10-уми сентябр дар маҳфили ёдбуди қаҳрамони миллии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд, дар сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе садо дод.
Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр қонуни нави афвро қабул карданд. Маълум нест, қонун нисбат ба шахсоне, ки бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, татбиқ хоҳад шуд ё не.
Аз таваллуди Сотим Улуғзода, нависандаи номвари тоҷик, муаллифи “Достонҳои Шоҳнома”, романҳои “Восеъ” ва “Фирдавсӣ” 110 сол гузашт.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо панҷ миллион доллар ёрии Покистон дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки зери назорати ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз” (IRS) аст, ҳудуди 400 метр долони муҳофизат аз тармаву резиши санг сохт.
Муаллифони паём гуфтаанд, барои иҷрои нақшаи худ иҷозаи раҳбарияти кишварро интизоранд. Мақомоти расмӣ ин даъватро шарҳ намедиҳанд, аммо баъзе аз вакилони порлумон гуфтанд, иштирок дар ҷанги кишварҳои бегона ҷазо дорад.
Ҳоло арзиши як литр газ аз марзи 8-9 сомонӣ гузаштааст. Боди гаронӣ аз куҷо мевазад? Афзоиши нархи сӯзишворӣ ба арзиши молу хадамоти дигар дар кишвар чӣ таъсир дорад?
Раҳбарони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тағйири дигарбораи имлои забони тоҷикиро амри зарурие номиданд, ки ба гуфтаи онҳо, ҳадафаш бартараф кардани хатоҳои гузашта будааст. Вале ҷузъиёти бештар наоварданд.
Фирори се ҳамкори Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардон, раиси пешини "Агроинвестбонк", ки ба "тасарруфи 52 миллион сомонӣ" гумонбаранд, баҳсҳоро дар мавриди бархӯрди духела бо муттаҳамон бештар кардааст.
Масъулони "Тоҷик Эйр" дар вокуниш ба қарори Додгоҳи Вилнюс, ки ширкатро ба пардохтани беш аз 20 миллион доллар ба “Скайроуд Лизинг” вазифадор кардааст, гуфтанд, “дар мавқеи худ устуворанд” ва “пулро нахоҳанд дод”.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг"-ро зидди ширкати давлатии ширкати "Тоҷик Эйр" эътироф кард.
Пас аз насби 5 дастгоҳи ташхиси сатҳи олудагии ҳавои Душанбе, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон вазъи воқеии масъаларо ошкор намуд. Санҷишҳои ин ниҳод нишон додааст, ки бояд корхонаи семент аз марзи пойтахт кӯчонда шавад.
Ёфтҳои бештар