Cоли 2004 ба ҳайси хабарнигор дар вилояти Хатлон бо Радиои Озодӣ бипайваст. Дертар гузоришгар дар Душанбе таъин гардид.
Соли 1973 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Пас аз хатми факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ дар соли 1996 дар нашрияҳои "Ҷумҳурият" ва "Рӯзи нав" ба ҳайси мудири бахш кор кардааст.
"Баҳманмоҳи хунин", ҳодисае, ки аз он чун сароғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ном мебаранд, бо гузашти 30 сол низ мавриди бархӯрди назарҳост. Муфаттишони парвандаи ин ҳодиса, ки ҳоло бознишастаанд, далелҳои гуногун пеш меоранд.
Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафашон аз фаъол кардани Маркази ягонаи интиқоли пул, таъмини шаффофият ва ҳифзи маблағҳои муҳоҷирон аст ва сарфи назар аз интиқодҳо, аз мавқеашон баргаштанӣ нестанд.
Ду модари тоҷик барои наҷоти ҷони фарзандони хеш порае аз ҷигарҳои худро ба фарзандони хурдсолашон доданд. Достони модарону духтаронро худатон бубинед.
Вазорати энергетикаи Тоҷикистон эълон кард, ки то чанд соли оянда дар Душанбе системаи нави пардохти пули нерӯи барқ ба кор шуруъ мекунад. Талафоти нерӯи барқ, сӯистифодаи пули мардум аз тарафи нозирон сабаб шудааст, ҳукумат ба системаҳои муосир рӯ биёрад.
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба Тоҷикистон тавсия додааст, барои ҳарчи зудтар мутобиқ шудани кӯдакон ба муҳити осоишта, бояд онҳо ба наздиконашон баргардонида шаванд. Ҷудо кардани кӯдакони бозгардонишудаи як оиларо аз ҳамдигар онҳо тавсия намедиҳад.
Дар ҳоле ки Тоҷикистон ба сайёҳони хориҷӣ бе сабти ном симкорт медиҳад, баъзе аз ҷаҳонгардон аз мушкили Интернет дар кишвар шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, аз сад то панҷсад мегабайт Интернет дар Тоҷикистон зуд тамом мешавад.
Бо тафсон шудани ҳаво дар Тоҷикистон бисёриҳо, аз ҷумла наврасон худро ба кӯлу дарё мезананд, то шиддати гармиро камтар эҳсос кунанд. Вале ҳар сол дар ҳамин айём даҳҳо нафар ба далели, ба гуфтаи мақомот, надонистаини қоидаи шино дар об ғарқ шуда, ҷони худро аз даст медиҳанд.
Шаби аввали арӯсӣ барои Идимоҳ Шерова, сокини 19-солаи ноҳияи Данғара, “бо фоҷиа ва бадномии ӯ ва хонаводаашон” табдил шудааст.
Шавҳараш Фирӯзи Муҳаммадраҷаб иддао дорад, ки вай нодухтар буд ва “дар навори видеоӣ ба гуноҳи худ иқрор кард”. Вале Идимоҳ Шерова мегӯяд, шавҳараш бо латту кӯби зиёд ӯро маҷбур кард, дар назди камераи телефон иқрор кунад, ки бокира набуд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ Шодмони Ятим ва Алишер Зарифӣ ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи кори нақлиёти ҷамъиятии Душанбе аз тарафи баъзе аз ронанда ва "кондуктор"-ҳо таҳқир шуданд. Ҳодиса 13-уми июн дар истгоҳи назди фурӯшгоҳи "Садбарг" рух дод. Мақомот ваъда доданд, ки қазияро таҳқиқ мекунанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ Шодмони Ятим ва Алишер Зарифӣ ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи нақлиёти ҷамъиятии Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ҳодиса субҳи 13-уми июн дар истгоҳи назди фурӯшгоҳи "Садбарг" рух дод.
Овозхони тоҷик Фирӯза Ҳафизова "Инстаграм"-ро ба як пойгоҳи хуби даромади пулӣ ва кӯмак ба ниёзмандон табдил додааст.
Падари Лола Ғуломова, зани 45-солаи тоҷик, аз кушта шудани духтараш дар шаҳри Вашингтони Амрико баъд аз ду рӯзи ҳодиса хабар ёфтааст.
Парвози нахустини ҳавопаймои ширкати “Вориш Эйрлайнз” аз Машҳад ба Душанбе, парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Эронро баъди “танаффус”-и ҳаштмоҳа барқарор кард.
Ёфтҳои бештар