Ҳурматой дар бунгоҳи тиббӣ дар як деҳаи вилояти Суғд кор мекунад. Ӯ фишори хуни беморонро месанҷад, сӯзандору мегузаронад ва аз ҳоли маризоне хабар мегирад, ки дар хонаашон бистарӣ ҳастанд. Аммо ин ҳамшираи шафқат ба ҷойи кумак ба 300 ҳамдеҳааш ба пахтачинӣ рафт. Чаро?
Молдив аз 1 ноябр иҷрои қонунеро оғоз кард, ки харид, фурӯш ва кашидани тамокуро барои касоне, ки пас аз январи соли 2007 таваллуд шудаанд, манъ мекунад. Ба ин тартиб, ин кишвари хурди воқеъ дар Уқёнуси Ҳинд кишвари нахустини ҷаҳон аст, ки ба таври расмӣ худро "насли бидуни сигор" муаррифӣ кардааст.
Таъмини молии ҷанге, ки 45 моҳ боз аз сӯйи Русия дар Украина ҷараён дорад, асосан бар содироти нафту гази Русия устувор будааст. Мунтақидон мегӯянд, ин вазъият ба далели бемайлии Ғарб ва ҳамчунин беэътиноии Чин ва Ҳинд идома дорад.
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, ки мехоҳад пойгоҳи ҳавоии "Багром" дар Афғонистон таҳти назорати Амрико қарор гирад. Иқдоме, ки метавонад ҳузури Амрико дар ин кишвар ва ин дороии стратегиро, ки дар ҷараёни хуруҷи ошуфтаи Ғарб дар чаҳор соли пеш аз даст рафта буд, бозгардонад.
Бовар меравад, ки беш аз як миллион аққалиятҳои мусалмон ба мисли уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизу тоҷикон ва узбекҳо дар 8 соли гузашта дар шабакаи густардаи урдӯгоҳҳои зиндоншакл дар Шинҷон нопадид шудаанд.
Эстония эълон кард, ки се ҷангандаи MIG-31-и Русия рӯзи 19 сентябр вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар шуданд. Ин рӯйдод бо вокуниши раисҷумҳури Амрико ва НАТО, рӯбарӯ шуд.
Дар ҳоле, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таваҷҷӯҳ ба раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ва раҳбари Чин, Си Ҷинпин, равона шуда буд, Пекин бо ҳукумат ва ширкатҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Қазоқистон ва Узбекистон бо маблағи миллиардҳо доллар, қарордодҳо баст.
Додситонии кулли Русия аз оғози соли 2025 фаъолияти 62 созмони хориҷӣ ва байналмилалиро номатлуб эътироф кардааст.
Гурӯҳе аз белорусиҳое, ки ахиран аз зиндонҳои он кишвар озод шудаанд, дар бораи шароити вахими маҳбасҳо сӯҳбат карданд.
Ёфтҳои бештар