Дар чанд ҷумла
Либоси танги занона барои донишҷӯёни Туркманистон мамнӯъ шуд
Дар Туркманистон пӯшидани либоси тангро барои духтарони донишҷӯ манъ карданд. Минбаъд онҳо бояд куртаи дарозу кушод ва шалвори миллии гулдӯзӣ - балакро пӯшанд.
Як манбаъ дар Вазорати маорифи Туркманистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, қарори ҷорӣ кардани қоидаи нави либоспӯшӣ барои духтарони донишҷӯ аз аввали соли нави таҳсил, дар ҷаласаи ахири вазорат қабул шуд.
Ба гуфтаи омӯзгорон ва волидон, раҳбарияти мактабҳо аз 20 июл бо хонандагон тамос гирифта, ба онҳо қоидаи нав ва ҳатмӣ будани иҷрои либосҳоро шарҳ медиҳанд. Либосҳо бояд дар хайётие дӯхта шаванд, ки масъулони мактаб мегӯянд.
Як манбаъ дар вилояти Дашоғузи Туркманистон низ гуфт, ин дастур то ба мактабҳои минтақаӣ низ расидааст. "Имсол либоси нави мактабӣ ҷорӣ мешавад. Бинобар ин, омӯзгорон бо вуҷуди дар рухсатӣ будан, хона ба хона гашта, хонандагонро огаҳ мекунанд, ки то 10 август либос нахаранд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Пӯшидани либоси мактабӣ дар шакли миллӣ дар тамоми мактабҳои Туркманистон ҳатмӣ аст. Аз ҷумла дар мактабҳои №55 ва №57-и шаҳри Ишқобод, ки дар он русу туркҳо ва миллатҳои дигар таҳсил мекунанд. Ин қоида борҳо норозигии волидонро ба бор овардааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Трамп ва Орбан дар Кохи Сафед мулоқот мекунанд
Қарор аст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 7 ноябр дар Кохи Сафед бо Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон (Венгрия), дидор ва гуфтугӯ кунад.
Ба гузориши маркази хабарии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ интизор меравад фазои гарм дар ҷараёни мулоқот ҳоким бошад.
Аммо дар баробари робитаҳои шахсии наздики ин ду раҳбар, феҳристи тӯлоние аз мавзуъҳои мавриди ихтилоф низ рӯи мизи гуфтугӯҳо қарор дорад.
Ҳарчанд Трамп ва Орбан аз лиҳози фикрӣ муттаҳид шумурда мешаванд, аммо дар пайванд ба воридоти нафти Русия дар ду ҷиҳати муқобил қарор доранд.
Яке аз хостаҳои аслии Орбан аз Вашингтон ба даст овардани мувофиқати Амрико барои тиҷорати нафти Русия аст.
Идомаи гуфтугӯҳои Покистон ва ҳукумати Толибон дар Истанбул
Имрӯз дар шаҳри Истанбул даври севуми гуфтугӯҳо миёни Покистон ва ҳукумати Толибон идома мекунад. Ин даври гуфтугӯҳо рӯзи панҷшанбе бо миёнҷигарии Туркия ва Қатар оғоз шуд.
Рӯзи 6 ноябр ва дар нахустин рӯзи гуфтугӯҳо, Толибони афғон Покистонро муттаҳам карданд, ки ба ноҳияи Спин Булдаки вилояти Қандаҳор мушак партоб кардааст.
Вазорати иттилооти Покистон ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, Толибон нахуст бар нерӯҳои Покистон ҳамла карданд ва онҳо ҳам посух доданд.
Аммо Ҳамдуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи ҳукумати Толибон ба хабаргузории "Франс пресс" гуфтааст, музокирот дар Туркия идома дошт, ки Покистон мушак партоб кард. Ӯ афзуд, ки сабаби ин ҳамлаи Покистонро намедонанд.
Айни замон бархе манбаъҳо гуфтаанд, ки дар ҷараёни гуфтугӯҳои рӯзи панҷшанбе дар Истанбул, тарафи покистонӣ тарҳе ба Толибон ироа кардааст. Ҷузъиёт ин тарҳ ҳанӯз расонаӣ нашудааст.
Дувумин даври гуфтугӯҳои ҳайатҳои Покистон ва ҳукумати Толибон аз 25 то 30 октябр дар Истанбул баргузор шуда буд, ки дар он тавофуқ шуд оташбас идома ёбад ва даври баъдии музокирот дар 6 ноябр оғоз шавад.
Даври якуми ин гуфтугӯҳо дар Қатар доир шуда буд.
Артиши Покистон шаби 9 ба 10 октябр ба шаҳри Кобул ва вилояти Пактико ҳамла кард ва сипас нерӯҳои Толибон дар марзи ду кишвар ба нерӯҳои покистонӣ ҳамла карданд. Дар ҷараёни ин даргириҳо даҳҳо нафар аз ҳар ду тараф кушта шуданд.
Исломобод ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба паноҳ додан ба ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон муттаҳам мекунад. Аммо Толибони афғон инро рад мекунанд.
Пазироӣ аз вазирони умури хориҷии ОМ дар Департаменти давлатӣ
Раҳбари Кумитаи равобити хориҷии Сенат гуфт, ҳафтаи равон санадеро барои тасвиб ба Маҷлиси Болоии Конгресси Амрико фиристоданд, ки роҳро барои рушди ҳамкориҳои Вашингтону кишварҳои Осиёи Марказӣ боз мекунад.
Ҷим Риш ин суханонро дар мулоқоти намояндагони Амрико бо дипломатҳои баландпояи Осиёи Марказӣ баён дошт. Вай гуфт, "инҷо ман ҳамроҳи сенатор Дин ва ҳамкорони дигар ҳастем. Мо ҳафтаи равон пешнависи ҳуҷҷатеро барои қабул ба сенаторон фиристодем, ки монеаҳо дар тиҷорат бо кишварҳои Осиёи Марказиро аз байн хоҳад бурд. Ин аз эътибор соқит шудани "маҳдудияти Ҷексмон Веник мебошад."
Ин мулоқот рӯзи панҷуми ноябр дар Департаменти давлатии Амрико гузашт. Муовини котиби давлатӣ Кристофер Ландау дар оғози ҷаласа гуфт, "имконоти бузург дорем. Имконоти хуби рушди ҳамкориҳо вуҷуд дорад. Ба фикрам, ин як давраи ҳаяҷоновари рушди ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Мо хеле хушҳолем, ки раҳбарони ин панҷ кишвар дар Вашингтон ҳузур доранд ва рушди ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд. Мо ҳамчунон ифтихор дорем, ки вазирони корҳои хориҷии ин панҷ кишвар имрӯз бо моянд."
Ландау ёдовар шуд, ки ӯ ҳафтаи гузашта ҳамроҳ бо фиристодаи хоси президенти Амрико дар умури Осиёи Марказӣ Сенхио Гор ба Узбекистон ва Қазоқистон сафар дошт. Гор дар навбати худ гуфт, Иёлоти Мутатҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳифаи наверо дар равобити байниҳамдигарӣ боз хоҳанд кард.
Ӯ дар муроҷиаташ ба вазирони хориҷии Осиёи Марказӣ гуфт: "Ҳузури Шумо дар ин толор шаҳодати он аст, ки мо ояндаи кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун кишварҳои соҳибистиқлолу шукуфон мебинем. Ҳамчунон шоҳиди онем, ки раҳбарони Амрико дар пайи рушди равобити иқтисодӣ ва стратегӣ бо Осиёи Марказӣ мебошанд. Ин амал манфиати коргарону ширкатҳои амрикоиро пеш бурда, инъикоси арзишҳои мо хоҳад буд."
Дар поёни мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, котиби давлатии Амрико Марко Рубио изҳори умед кард, ки нишасти C5+1 дар Вашингтон бо натиҷаҳои назаррас ба анҷом мерасад.
"Ман нақша дорам, ки соли оянда аз панҷ кишвари Осиёи Маразӣ дидан кунам. Шояд ин сафар як ҳафта давом ёбад. Мо бояд ҳамроҳи Шуморо барои амалӣ шудани он кор кунем," – гуфт Рубио.
Нишасти тиҷоратии Амрико ва Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Рӯзи 6-уми ноябр дар шаҳри Вашингтон, пойтахти Амрико, нишасти тиҷоратии Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар хабарномае навишт, ин чорабиниро якҷоя бо Маркази Кеннедӣ баргузор мекунад.
Ҳадаф аз баргузории конфронс тақвияти робитаҳои тиҷоратии Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта шудааст.
Вазири корҳои хориҷии Туркманистон, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Амрико барои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард. Феълан маълум нест, ки Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ кӣ намояндагӣ мекунад.
Қарор аст, рӯзи 6-уми ноябр роҳбарони Осиёи Марказӣ бо раисҷумҳури Амрико дидору суҳбат кунанд.
Вазири дифои Русия хостори гузарондани озмоиши силоҳи ҳастаӣ шуд
Вазири дифои Русия пешниҳод кардааст, ки Маскав омодагиҳоро барои озмоиши силоҳи ҳастаӣ фавран оғоз кунад.
Андрей Белоусов 5-уми ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия гуфт, ин озмоиш посух ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст.
Ба гуфтаи Белоусов, Амрико аз тавофуқҳо барои коҳиши таслиҳот берун шуда, барои сохтани мушакҳои нави қорапаймо бо кулоҳаки ҳастаӣ кор мекунад.
Владимир Путин ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дифоъ ва мақомоти амниятӣ дастур дод, ки пешниҳодҳои худро барои омодагӣ ба озмоиши силоҳи ҳастаӣ ироа кунанд.
Доналд Трамп охири моҳи октябр ба Вазорати ҷанги Амрико дастури азсаргирии фаврии озмоиши силоҳи ҳастаиро дода буд. Ин тасмим бо вокунишҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд.
Трамп сабаби чунин тасмимро "барномаҳои озмоишии дигар кишварҳо" донист ва анҷоми ин озмоишҳоро "зарурӣ" гуфт, то Амрико аз рақибони ҳастаиаш ақиб намонад.
Иёлоти Муттаҳида аз соли 1992, Русия аз соли 1990 ва Чин аз соли 1996 озмоиши силоҳи ҳастаӣ анҷом надодаанд.
Футболбозони навраси тоҷик аз дастаи Чехия шикаст хӯрданд
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар аввалин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 аз тими Чехия бо ҳисоби бузурги 1:6 мағлуб шуд.
Ин бозии даври аввал дар гурӯҳи “I” 5-уми ноябр дар майдони № 8-и «Aspire Zone» воқеъ дар пойтахти Қатар - шаҳри Давҳа – доир гардид.
Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 4:0 ба суди футболбозони навраси Чехия ба поён расид. Се голро ҳамлагар Вит Шкркон дар дақиқаҳои 12-ум, 16-ум ва 19-ум зада, хет-трик кард. Голи чорумро Петр Потмесил дар замони ҷуброншудаи қисми аввали бозӣ ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид намуд.
Дар нимаи дуюми бозӣ се гол зада шуд. Як голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро ҳамлагар Муҳаммад Назриев дар дақиқаи 65-ум зад. Ду голи дигари чехҳоро Заҷак Доминик (дақиқаи 90-ум) ва Петр Потмесил (90+6) ба самар расонданд.
Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “I” мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Амрико бар тими Буркина-Фасо бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 79-ум Каван Сулливан зад.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи “I” дастаҳои мунтахаби наврасони Чехия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сеимтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо дар ҷадвали ин гурӯҳ Чехия ҷойи аввал ва ИМА ҷойи дуюмро касб кардаанд. Тимҳои Буркина-Фасо ва Тоҷикистон бидуни имтиёз мутаносибан дар зинаҳои сеюму чорум ҷойгир шудаанд.
Дар даври дуюми қаҳрамонии ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи «I» 8-уми ноябр дастаи Тоҷикистон бо мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Буркина-Фасо бо Чехия вориди рақобат мешаванд.
"Дар се рӯз 72 метр поён фаромад". Нигаронӣ аз ҳаракати пирях дар Тоҷикобод
Мутахассисони идораи обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, пиряхи Деҳдал, ки чанд рӯз пеш як пораи бузургаш канда шуда буд, то ҳол дар ҳаракат аст.
Оҷонси обуҳавошиносӣ 5-уми ноябр бар асоси тасвирҳои моҳвораӣ хабар дод, ки аз 1 то 3-юми ноябр "пирях то ба ҳол дар ҳолати номувозинатӣ қарор дошта, ба ҳисоби миёна давоми се рӯзи охир ба андозаи 72 метр ба поён ҳаракат намудааст".
Ба гуфтаи мутахассисон, бо назардошти вазъи обу ҳаво ва заминларзаи рӯзи 3-юми ноябр "ҳолати пирях айни ҳол пешгӯинашаванда" арзёбӣ мешавад.
Мақомот гуфтанд, идома ёфтани ҳаракати пирях эҳтимоли сар задани офатҳои табиӣ дар минтақаҳои поёнобро зиёд кардааст.
Рӯзи 25-уми октябр як пораи азиме аз пиряхи Деҳдал дар қаторкӯҳҳои Исмоили Сомонӣ канда шуд. Дарозии пиряхи ҷудошуда 1,5 километр буда, баландиаш 50 метр буд.
Намояндагони Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтаанд, сабаби асосии канда шудани пирях "баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ мебошад". Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисорот дар пай надошт, аммо ба гуфтаи мутахассисон такрори ин ҳодиса метавонад ба бархе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.
Шаш коргари афғонистонӣ дар ноҳияи Айнӣ ҳалок шудаанд
Баъзе расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки баъди таркиш дар як кони ангишт воқеъ дар ноҳияи Айнии Тоҷикистон шаш коргари афғонистонӣ ҳалок шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, ҳодиса 3-юми ноябр рух додааст.
Ба қавли ин манбаъ, дар вақти рух додани таркиш шаш коргар дар дохили нақб ё тунел буданд ва ҳамаашон ҷон бохтанд. Ҷасади қурбониён аз зери хароба берун оварда нашудааст ва ба гузориши Тасним амалиёти наҷот идома дорад.
Панҷ нафар аз қурбониён сокинони вилояти Дойкунӣ ва яки дигарашон аз Ғур будааст. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса хабар надодаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ ба дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва намояндагии ин ниҳод дар ноҳияи Айнӣ муроҷиат кард. Аммо дар ин ниҳод аз ин ҳодиса бехабарӣ карданд.
Ин бори аввал нест, ки коргарони афғонистонӣ дар Тоҷикистон ҳалок мешаванд. Моҳи майи имсол 8 коргари афғонистонӣ дар як кони ангишт дар ноҳияи Айнӣ ҷон бохтанд. Он вақт сабаби ҳодиса таркиш гази даруни кон гуфта шуд. Мақомоти Тоҷикистон он вақт низ аз ин ҳодиса бехабарӣ карда буданд.
Икром Зоирзода додситони нави Хатлон таъйин шудааст
Генерал Икром Зоирзода додситони нави вилояти Хатлон таъйин шудааст.
Номи ӯ рӯзи 5-уми ноябр дар мулоқоти Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, бо роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар минтақа садо дод.
Зоирзода аз моҳи январи соли 2024 то ин дам додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Аз он пеш дар мақоми муовини додситони кул ва сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон кор кардааст.
Додситони пешини Хатлон Аваз Назарзода рӯзи 3-юми ноябр бо иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад", аз мансаб озод ва аз мақомоти Прокуратура (Додситонӣ) ронда шуд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 3-юми ноябр "риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ"-ро аз далелҳои дигари тасмим донист.
Маълум нест, ки Назарзода бо чӣ кор ё рафторе шаъну эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар Тоҷикистон паст задааст. Дар гузашта баъди ингуна тасмимҳо чанд додрас барои ришвахорӣ ҷазо гирифтаанд.
Аваз Назарзода дар моҳи январи соли 2024 додситони вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Аз он пеш дар мақоми додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст. Пеш аз он додситони шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд буд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба нишасти "С5+1" ба Вашингтон рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми ноябр ба Вашингтон, маркази Иёлоти Муттаҳида рафтааст.
Ӯ ва ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ рӯзи шашуми ноябр дар нишасти "С5+1" ширкат хоҳанд кард. Ин қолаб панҷ кишвари минтақа ва Амрикоро дар бар мегирад ва аз соли 2015 фаъол аст.
Дар оғоз танҳо вазирони корҳои хориҷии ИМА бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дидору мулоқот мекарданд. Ҷо Байден, президенти пешини Амрико, бори аввал моҳи сентябри соли 2023 бо сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар қолаби "С5+1" дар Ню-Йорк мулоқот кард.
Қарор аст, ин навбат дидору суҳбати раҳбарони Осиёи Марказӣ бо Доналд Трамп, президенти Амрико, сурат гирад.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 3-юми ноябр аз ширкатдорони нишасти президентҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико даъват кард, ки дар баробари ҳамкориҳои иқтисодию амниятӣ, ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо низ тамаркуз кунанд.
Иёлоти Муттаҳида ҳар сол дар бахшҳои гуногун садҳо миллион долар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мекунад. Бо ин вуҷуд, Вашингтон дар гузоришҳои солонааш кишварҳои Осиёи Марказиро барои поймоли ҳуқуқи башар, маҳдудияти озодии сухану озодии дин танқид мекунад.
Танқиди "Роғун Алерт" аз нақшаи Тоҷикистон барои кӯчондани ҳазорон нафар
Як эътилофи байнулмилалӣ аз нақшаи кӯчондани ҳазорон нафар барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон интиқод карда, онро “хатои бузург” хондааст.
“Роғун Алерт” рӯзи 4-уми ноябр дар изҳороте гуфт, кӯчондани ҳазорон нафар аз минтақаҳои зериобшавандаи “Роғун” зиндагии онҳоро ба хатар меандозад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин гузориш вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта гуфта буданд, ки мардумро дар макони дигар бо ҷойи зист таъмин хоҳанд кард.
Дар гузориши эътилофи “Роғун Алерт” омадааст, барои бунёди “Роғун” бояд 60 ҳазор нафар кӯчонда шаванд ва ин яке аз бузургтарин мавридҳои кӯчондани одамон барои сохтани нерӯгоҳи барқи обӣ дар замони муосир аст. Ба гуфтаи мутахассисони созмон, “манфиати сокинон ба қадри зарурӣ ба инобат гирифта нашуд”.
Александр Колотов, мудири созмони иҷтимоии “Дарё бидуни сарҳад” ва аз муаллифони гузориш, навиштааст, мақомоти Тоҷикистон пешниҳоди сохтани нерӯгоҳро бо садди пиоинтар, ки “ҷойи зисти 32 ҳазор нафарро ҳифз мекард, бидуни асос рад карданд”.
Дар гузориш омадааст, онҳое, ки аз минтақаҳои зериобшавандаи “Роғун” кӯчонда мешаванд, дар ҷойи зисти нав бо камбуди об, замин ва гӯристон рӯбарӯ ҳастанд.
Эътилоф ҳамчунин тарзи пардохти ҷубронро барои сокинон танқид карда, гуфтааст, пуле, ки мақомот барои ин гурӯҳ ҷудо кардаанд, барои харидани хонаи нав ё сохтани манзил намерасад.
Муҳлати кӯчондани одамон низ дар гузориш танқид шудааст. Ба омори эътилофи “Роғун Алерт”, баъд аз соли 2018 ҳамагӣ 8 ҳазор кас кӯчонда шуданд, аммо мақомот мехоҳанд то соли 2032 аз 40 то 52 ҳазор нафарро ба ҷойи дигар баранд.
Муаллифони гузориш даъват кардаанд, ки нақшаи ҳозираи кӯчондани аҳолӣ барои “Роғун” бозбинӣ шавад, зеро сохтмони нерӯгоҳ метавонад зиндагии даҳҳо ҳазор нафарро ба душворӣ рӯбарӯ кунад.
Бо баланд шудани сабти оби обанбори нерӯгоҳи “Роғун” 40 деҳаи болооб зери об мемонанд ва сокинонаш бояд ба ҷойи дигар кӯчонда шаванд. Дар гузашта низ баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch, аз нақзи ҳуқуқи сокинон ҳангоми кӯч додани онҳо аз як мавзеъ ба мавзеи дигар танқид карда буданд.
Нерӯгоҳи “Роғун”, ки ҳукумати Тоҷикистон онро ҳаёту мамоти кишвар мехонад, аз рӯи нақша бояд то соли 2032 анҷом шавад. То ин вақт ду чархаи нерӯгоҳро ба кор андохтаанд. "Роғун" баландтарин сад дар ҷаҳонро хоҳад дошт ва аз рӯи нақша бояд Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад.
Зуҳрон Мамдонӣ нахустин шаҳрдори мусалмони Ню-Йорк шуд
Зуҳрон Мамдонӣ, номзади Ҳизби демократи Амрико, дар интихоботи шаҳрдори Ню-Йорк ғалаба кард.
Тибқи натиҷаҳои ибтидоӣ, ба тарафдории Мамдонӣ 50,4 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд.
Зуҳрон Мамдонӣ аввалин мусалмоне аст, ки ба мақоми шаҳрдори Ню-Йорк мерасад.
Пештар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз Зуҳрон Мамдонӣ интиқод карда, ӯро “коммунист” хонд ва аз сокинони Ню-Йорк хост, ба ҷонибдории ӯ раъй надиҳанд.
Трамп аз ҳамҳизбии худ Кёртис Слива пуштибонӣ карда буд.
Аммо натиҷаҳои пешакии интихобот нишон доданд, ки ба тарафдории Слива танҳо 7,1 дарсади мардум овоз доданд.
Ню-Йорк яке аз шаҳрҳои сарватманд ва сераҳолии Амрико ба шумор меравад.
Дик Чейни, муовини Буш ва аз тарроҳони ҳамла ба Ироқ даргузашт
Дик Чейни, муовини президенти Амрико дар ду давраи раҳбарии Ҷорҷ Буши хурдӣ ва аз мунтақидони ҷиддии Доналд Трамп, дар 84-солагӣ даргузашт.
Ӯ, ки аз соли 2001 то 2009 муовини аввали Ҷорҷ Буши писар ва дар солҳои 1989 то 1993 ба муддати чаҳор сол вазири дифоъ дар ҳукумати Ҷорҷ Буши падар буд, дар миёни муовинони раисҷумуҳрӣ дар Амрико яке аз қудратмандтаринҳо шинохта мешуд.
Ин сиёсатмадори амрикоӣ, ки аз 33-солагӣ дар Кохи Сафед ва Конгресс машғули кор буд, ба унвони яке аз тарроҳони аслии ҳамлаи Амрико ба Ироқ дар соли 2003 дониста мешавад.
Дик Чейни барои тақвияти ҷойгоҳ ва эътибори президенти Амрико ва низ ҷойгоҳи муовини президент талош ва иқдомҳои зиёде кардааст.
Вай аз муҳимтарин чеҳраҳое буд, ки Саддом Ҳусейн, президенти пешини Ироқро ба доштани аслиҳаи куштори дастҷамъӣ муттаҳам мекарданд ва хоҳони ишғоли Ироқ буданд. Пас аз ҳамлаи Амрико ва ишғоли Ироқ ва сарнагунии Саддом Ҳусейн, ҳаргиз чунин аслиҳа пайдо нашуд.
Аммо дар солҳои баъд Чейни исрор дошт, ки ин ҳамла ва сарнагунии Саддом Ҳусейн тасмими дурусте буд, ки бар асоси маълумоти истихборотӣ дар он вақт гирифта шуда буд. Дар ҷанги Ироқ даҳҳо ҳазор нафар кушта шуданд.
Аз ин қабл, як даҳа пеш аз сарнагунии Саддом Ҳусейн, Дик Чейни дар мақоми вазири дифои ҳукумати Ҷорҷ Буши падар, амалиёти низомии Амрико дар берун рондани артиши Ироқ аз Кувайт дар ҷараёни ҷанги аввали Халиҷи Форсро раҳбарӣ карда буд.
Ин сиёсатмадори ҷумҳурихоҳ бинобар бархе иқдомҳои ҷанҷолӣ, аз ҷумла шеваҳо ва тактикаҳои бозҷӯӣ аз муттаҳамон ба терроризм, ҳатто бо бархе аз аъзои баландпояи ҳукумати Ҷорҷ Буш, аз ҷумла, Колин Повел, вазири дифоъ ва Кондолиза Райс, вазири корҳои хориҷӣ ҳам ихтилофи назари ҷиддӣ дошт.
Дар тарафи муқобил, Кумитаи вижаи Конгресси Амрико дар умури истихборотӣ ва ҳатто гузоришгари вижаи СММ дар умури зидди терроризм ва ҳуқуқи башар, чунин шеваҳоро ҳамчун "шиканҷа" медонистанд.
Ҳушдор аз омадани сел дар Тоҷикистон
Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор шудааст, ки рӯзи 5-уми ноябр дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо дар Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Ин ниҳод дар хабарномае навиштааст, боридани барфу борон дар ин рӯз эҳтимол сабаби омадани сел гардад.
Огоҳии Оҷонси ҳавошиносӣ дар ҳоле пахш мешавад, рӯзи 4-уми ноябр дар минтақаҳои кӯҳсори Тоҷикистон барфи аввал борид.
Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт дида мешавад, ки дар минтақаҳои кӯҳсори вилоятҳои Суғд ва Хатлон барфи зиёд боридааст.
Дар ин рӯз ҳаракат дар баъзе роҳҳои кишвар, аз ҷумла роҳи Душанбе-Чаноқ мушкил шуд, ҳарчанд роҳ баста нашудааст.
Ширкати IRS, масъули нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ, ки барои ин кор аз ронандагон маблағ мегирад, субҳи 5-уми ноябр навишт, ягона масир ба шимоли кишвар боз аст.
Ҳанӯз дар бораи хисорот дар пайи боридани барф хабаре нашр нашудааст.
Дар Қирғизистон фаъолияти мактабҳои хусусии ронандагиро манъ карданд
Ҳукумати Қирғизистон фаъолияти мактабҳои хусусии ронандагиро манъ кардааст.
Намояндагони дастгоҳи президенти Қирғизистон гуфтанд, минбаъд шаҳрвандон танҳо баъди хондан дар мактабҳои давлатии ронандагӣ, соҳиби ҳуҷҷат мешаванд.
Мақомоти Қирғизистон аз он нигаронӣ кардаанд, ки фаъолиятҳои мактабҳои хусусии ронандагӣ олуда ба фасод буд ва талош доранд фасод дар ин бахшро аз байн баранд.
Мақомоти ин кишвар гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ баъди додани пораро яке аз сабабҳои зиёд шудани садама дар Қирғизистон гуфтанд.
Бархеҳо дар Қирғизистон аз бастани мактабҳои хусусии ронандагӣ тарафдорӣ карданд, аммо гурӯҳи дигар онро танқид намуданд.