Варзишгарони Туркия то ҳоло 91 медал (51 тило, 24 нуқра ва 16 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Дар ҳисоби медалҳо Узбекистон бо 46 медал (15 тило, 17 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Миср бо 27 медал (10 тило, 6 нуқра ва 11 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин Қазоқистон (9-12-13), Эрон (7-8-15), Нигерия (6-5-3), Озарбойҷон (5-11-18), Баҳрайн (5-3-2), Арабистони Саудӣ (5-1-15) ва Индонезия (4-12-7) дохиланд.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 32 кишвар медалҳои Бозиҳои VI ҳамбастагии исломиро ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 18 кишвар соҳиби медали тило шудаанд.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо Тоҷикистонро 69 варзишгар дар 12 намуди варзиш намояндагӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби медалҳо пас аз Қирғизистон (3 нуқра ва 1 биринҷӣ) бо чаҳор медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи 21-умро касб кардааст. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон то имрӯз медал надорад.
Ҳарчор медалро варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо гирифтаанд. Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило миёни занон ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кило байни мардон бо медалҳои нуқра, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило байни мардон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи Бозиҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ аз тимҳои Афғонистон, Эрон ва Марокаш мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт. Дар мусобиқаи футзал Эрон ғолиб шуд, Марокаш ҷойи дуюм, Узбекистон ҷойи сеюмро гирифтанд.
Тими мунтахаби волейболи занонаи Тоҷикистон чаҳор бозӣ анҷом дода, аз Озарбойҷон (0:3), Туркия (0:3) ва Эрон (0:3) шикаст хӯрд ва бар Афғонистон (3:0) ғалаба кард.
Дар мусобиқоти инфиродии тенниси рӯйи миз варзишгари тоҷик Саъдӣ Исмоилов дар се давр бар намояндагони Озарбойҷон, Сенегал ва Арабистони Саудӣ пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт.
Ҷамшед Ҳасанов дар даври аввал бар варзишгари Молдив ғолиб омад, аммо дар 1/16 финал аз намояндаи Арабистони Саудӣ мағлуб шуд. Сумайя Амирӣ ва Динара Исмоилова дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.
Мусобиқоти тенниси рӯйи миз бо бозиҳои ҷуфти мардону занон идома меёбад. Нимфинал ва финали мусобиқот 13-уми ноябр ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, рӯзҳои оянда варзишгарони тоҷик дар намудҳои варзиши сабук, шиноварӣ, таеквондо, гуштии озод ва юнону румӣ, варзиши электронӣ ва ҷиу-ҷитсу барои ҷоизаҳо талош мекунанд.
Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи августи соли 2022-юм дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ҳашт медал (се нуқра ва панҷ биринҷӣ) гирифтанд.
Дар умум варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ то имрӯз 18 медал (1 нишони тило, 6 нуқра ва 11 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тилоро Дилшод Назаров дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, дар гурзандозӣ гирифтааст.