Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи панҷшанбе дар мулоқот бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ барои хариду коркарди маъданҳои камёб ва муҳимро як бахши муҳими ҳамкориҳои дуҷониба хонд. Ӯ гуфт, Амрико дар пайи густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа аст.
Доналд Трамп гуфт: "Ман ҳамин ҳоло як силсила мулоқоти дуҷонибаро бо ин раҳбарон дар дафтари худ анҷом додам ва дар бораи ҳамкориҳо бо ин гӯшаи бисёр муҳими дунё суҳбат кардем. Мо ҳамкориҳои иқтисодии худро тақвият мебахшем, ҳамкориҳои амниятиро беҳтар мекунем ва густариши пайвандҳои худ ҳастем. Созишномаҳои тиҷоратии бузурге имзо шуд. Маҳсулоти зиёди хуб, тавлидоти низомӣ ва дигар маҳсулотро аз Амрико мехаранд."
Мулоқот бо раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон дар замоне сурат мегирад, ки Иёлоти Муттаҳида дар пайи тақвияти нуфузаш дар Осиёи Марказӣ аст, Чину Русия дар он нуфузи бештар доранд. Доналд Трамп Осиёи Марказиро як минтақаи бисёр сарватманд номида, гуфт, ки ҳамкориҳои Амрико бо панҷ кишвари онро тақвият медиҳад. Айни замон Иёлоти Муттаҳида дар ҷустуҷӯи манобеи нави дарёфти маъданҳои камёбу муҳим аст, ки Чин фурӯшандаи аслии онҳо дар ҷаҳон аст.
Нишасти сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико дар Вашингтон рӯзи 7-уми ноябр сурат гирифт
Аз созишномаҳо то "Паймони Иброҳим"
Пеш аз зиёфати расмӣ Қазоқистон аз имзои қарордоди бузург дар бораи истихроҷи маъдан бо Амрико хабар дод. Созишнома истихроҷи волфрамро дар яке аз калонтарин конҳои ҷаҳон дар Қазоқистон пешбинӣ мекунад. Арзиши созишнома бештар аз 1 миллиард доллар аст ва ширкати амрикоии "Cove Kaz Capital" дар ин кон сармоягузорӣ мекунад. Бонки воридот ва содироти Амрико омодаи сармоягузории 900 миллион доллар дар ин тарҳ будааст. Фурӯши 37 ҳавопаймои "Боинг" ба Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аз натиҷаҳои дигари нишасти Вашингтон буд. Ин санад ҳанӯз пурра такмил нашудааст ва барои ҳамин ҷузъиёташ маълум нест.
Дар ҷабҳаи дипломатӣ Қазоқистон аз омодагиаш барои пайвастан ба "Паймони Иброҳим" хабар дод. Ин ташаббус аз сӯи Амрико роҳандозӣ шуда, ҳадафаш одӣ сохтани равобити Исроил бо кишварҳои арабӣ ва мусалмонӣ аст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ин нишаст гуфт, кишвар дар заминаи истихроҷу фурӯши маъданҳои нодир бо Амрико ҳамкориҳои наздик дорад.
Ӯ афзуд: "Ширкатҳои амрикоӣ бахусус ба сурма ва дигар маъданҳои нодир таваҷҷӯҳ доранд, ки дар Тоҷикистон фаровонанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ маъданҳои камёб ва минералҳои муҳим беҳад зиёд дорад. Мо муштоқи ҳамкориҳои амниятии худ ҳастем, ки то кунун нигарони он ҳастем. Бар асоси иттилои Пажӯҳишгоҳи Геологии Амрико кишвари мо аз назари истеҳсоли сурма дар ҷаҳон дар ҷойи дувум аст ва ҳоло бузургтарин тавлидкунандаи сурмаи cахт аст, ки Амрико ба он бисёр таваҷҷӯҳ дорад ва мо ҳамкории олие дар ин замина дорем. Соли гузашта 97 дар сади содироти Тоҷикистон ба Амрикоро фӯруши сурма ташкил дод."
Захираҳои фаровон, ҳавопаймо...
Рақобат дар ҷаҳон барои маъданҳои камёбу муҳим ба мисли волфраму урану литиум зиёд мешавад, ки Осиёи Марказӣ захираҳои фаровони онҳоро дорад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин қарор аст, ки ширкати "Сомон Эйр" бо арзиши 3 миллиард доллар ва аз ҷумла дар ояндаи наздик 8 ҳавопаймои пешрафтаи Боинг бихарад. Раҳбарони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар навбати худ роҷеъ ба ҳамкориҳо бо Амрико сӯҳбат карданд ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон ба Доналд Трамп барои мизбониаш ташаккур гуфт.
"Ҷаноби мӯҳтарам Трамп, мо саҳми шахсии шуморо дар роҳандозии дигарбораи раванди Гурӯҳи С5+1 бисёр қадрдонӣ мекунем. Ҳеч яке аз президентҳои Амрико монанди шумо бо Осиёи Марказӣ рафтор накарда буд. Ман шахсан худам ва ҳамаи ҳамкоронам аз шумо сипосгузорем. Мо таваҷҷӯҳ ва нигариши шуморо эҳсос кардем," -- афзуд ӯ.
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, гуфт, умедвор аст, мулоқоти сарони панҷ кишвари минтақа ва раҳбари Амрико самар хоҳад дод: "Мо ин қадамро бисёр арзишманд меҳисобем ва онро нишонае аз ҳусни ният ва аҳди Амрико нисбат ба Осиёи Марказӣ ва дӯстӣ дар назар мегирем. Ман бовар дорам, ки талошҳои муштараки мо барои кишварҳо ва мардумони мо самараи мутақобилан судманд медиҳанд."
Талабҳо пеш аз нишасти С5+1
Нишасти раҳбарон дар чаҳорчӯби Гурӯҳи С5+1, яъне панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико сурат гирифт. Ин Гурӯҳ соли 2015 таъсис ёфт ва дар доираи он ҳамкориҳои иқтисодиву амниятӣ баррасӣ мешаванд. Дар остонаи ин вохӯрӣ чанд созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Кумитаи Ҳелсинки ва Афви Байнулмилал аз Доналд Трамп хостанд, дар дидораш бо роҳбарони худкомаи Осиёи Марказӣ мавзӯи ҳуқуқи инсонро дар миён гузорад.
Кишварҳои Осиёи Миёна дар талошанд дар робитаҳои тиҷорӣ ва амниятии худ тавозунро барқарор кунанд, зеро дар ҳоли ҳозир зери нуфузи Русия ва Чин қарор доранд ва аз тариқи густариши ҳамкорӣ бо Амрико ба дунболи эҷоди ин баробарӣ ҳастанд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар авоили моҳи октябр дар нишасти сарони Осиёи Миёна дар Тоҷикистон иштирок кард. Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин низ дар моҳи июн барои дидор бо раҳбарони минтақа ба Қазоқистон сафар кард. Иттиҳоди Аврупо низ дар моҳи апрел дар Узбекистон нишасте бо раҳбарони Осиёи Миёна баргузор кард, то дар бораи сармоягузорӣ дар зерсохтҳо ва дастрасӣ ба маъданҳои муҳими ин минтақа, гуфтугӯ кунад.
Иёлоти Муттаҳида ҳар сол дар бахшҳои гуногун садҳо миллион долар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мекунад. Бо ин вуҷуд, Вашингтон дар гузоришҳои солонааш кишварҳои Осиёи Марказиро барои поймоли ҳуқуқи башар, маҳдудияти озодии сухану озодии дин танқид мекунад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҳбарони Осиёи Марказӣ ба Трамп чӣ гуфтанд?