Трамп: Мехоҳам робитаи ИМА бо Осиёи Миёна "мустаҳкамтар аз ҳар вақти дигар бошад"

Раисҷумҳури Амрико хоҳони мустаҳкам кардани робитаҳои Вашингтон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд. Доналд Трамп ин ҳарфҳоро рӯзи 6-уми ноябр дар мулоқот бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Кохи Сафед баён дошт.

Ӯ гуфт, ният дорад робитаи кишвараш бо Осиёи Марказӣ "мустаҳкамтар аз ҳар вақти дигар" бошад. Роҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон аз ин иқдом истиқбол карданд.

Пеш аз зиёфати расмӣ Қазоқистон аз имзои қарордоди бузург дар бахши истихроҷи маъдан бо Амрико хабар дод. Ба иттилои расмӣ, ин созишнома истихроҷи маъдани волфрамро дар яке аз калонтарин конҳои ҷаҳон дар Қазоқистон пешбинӣ мекунад.

Пули созишнома 1,1 миллиард долларро ташкил медиҳад. Қарор аст, ширкати амрикоии "Cove Kaz Capital" дар ин кон сармоягузорӣ кунад. Бонки воридот ва содироти Иёлоти Муттаҳида барои 900 миллион доллар сармоягузорӣ дар ин кон моил будааст.

Фурӯши 37 ҳавопаймои "Боинг" ба Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аз натиҷаҳои дигари нишасти Вашингтон буд. Ин санад ҳанӯз пурра такмил нашудааст ва барои ҳамин ҷузъиёташ маълум нест.

Дар бахши дипломатӣ Қазоқистон аз омодагиаш барои пайвастан ба "Паймони Иброҳим" хабар дод. Ин ташаббус аз сӯи Амрико роҳандозӣ шуда, ҳадафаш одӣ сохтани равобити Исроил бо кишварҳои арабӣ ва мусалмонӣ аст.

Мақомоти Амрико гуфтанд, бо ин нишаст Вашингтон ӯҳдадории худро барои ҳамкории устувор бо Осиёи Марказӣ нишон дод.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навиштааст, президент Эмомалӣ Раҳмон аз "ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон" гап задааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ширкати амрикоӣ кор мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Амрико аз Осиёи Марказӣ чӣ мехоҳад? Осиёи Марказӣ аз Амрико чӣ?

Дар остонаи ин вохӯрӣ чанд созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Кумитаи Ҳелсинкӣ ва Афви Байнулмилал аз Доналд Трамп хостанд дар дидораш бо роҳбарони Осиёи Марказӣ мавзӯи ҳуқуқи инсонро дар миён гузорад.

Аммо то кунун маълум нест, ки дар мулоқоти Трамп бо сарони кишварҳои Осиёи Марказб дар робита ба ҳуқуқи инсон сӯҳбат шудааст ё не.

Кишварҳои Осиёи Миёна дар талошанд дар робитаҳои тиҷорӣ ва амниятии худ тавозунро барқарор кунанд, зеро дар ҳоли ҳозир зери нуфузи Русия ва Чин қарор доранд ва аз тариқи густариши ҳамкорӣ бо Амрико ба дунболи эҷоди ин баробарӣ ҳастанд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар авоили моҳи октябр дар нишасти сарони Осиёи Миёна дар Тоҷикистон иштирок кард. Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин низ дар моҳи июн барои дидор бо раҳбарони минтақа ба Қазоқистон сафар кард.

Иттиҳоди Аврупо низ дар моҳи апрел дар Узбекистон нишасте бо раҳбарони Осиёи Миёна баргузор кард, то дар бораи сармоягузорӣ дар зерсохтҳо ва дастрасӣ ба маъданҳои муҳими ин минтақа, гуфтугӯ кунад.

Иёлоти Муттаҳида ҳар сол дар бахшҳои гуногун садҳо миллион долар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мекунад. Бо ин вуҷуд, Вашингтон дар гузоришҳои солонааш кишварҳои Осиёи Марказиро барои поймоли ҳуқуқи башар, маҳдудияти озодии сухану озодии дин танқид мекунад.